Имсол ба зодрӯзи журналист ва адиби хушноми тоҷик Тоҷӣ Усмон саду бист сол пур шуд. Вақте дар бораи Тоҷӣ Усмон сухан меравад, ба назари ман, бояд ба ин нуктаҳои муҳимми рӯзгору осори ин марди зиндаёд бояд таваҷҷуҳ намоем. 101 сол пеш, айёме, ки Тоҷӣ Усмон аз баҳори 19- уми умри худ гул мечид, фаъолияти эҷодии худро оғоз кард. ӯ аз аввалин рӯзноманигорони тоҷик буд, ки бо мақолаҳои публитсистӣ ва ҳикояву очеркҳои воқеӣ ҳаёти нави мардумро ситоиш менамуд. Соли 1926 муҳаррири рӯзномаи «Ҳақиқат» таъйин гардида, бо Ҳаким Карим, Қурбон Баҳлулзода, Саид Носиров, Ҳоҷӣ Содиқ ва дигар адибони машҳур фаъолияти эҷодии худро бо тараннуми рӯзгори навин, инъикоси масъалаҳои мавҷудаи замона ва тарби[1]яи шуури мардум равона сохтааст. Тоҷӣ Усмон аввалин муҳарри[1]ри рӯзномаи «Бо роҳи ленинӣ» (имрӯза «Парвозгоҳи бузургон») мебошад. Ман ифтихор дорам, ки камина низ замони донишҷӯйӣ аз ин даргоҳи муқаддаси эҷодӣ сабақ гирифтаам ва ҳамон вақт зеҳни мо, донишҷӯёнро, маълумот дар бораи аввалин сармуҳаррири рӯзнома таҳрик медод. Боиси хурсандист, ки дар саргаҳи фаъолияти ин рӯзнома нафаре роҳбариашро ба уҳда дошт, ки бо қалами бурро ва зеҳни гиро аз аввалин шумораҳо онро матлуби хонандагон гардонид. «Бо роҳи ленинӣ» зери роҳбарии Тоҷӣ Усмон яке аз беҳтарин нашрияҳои Осиёи Марказӣ шинохта мешуд. Муҳаққиқони таърихи матбуоти тоҷик, аз ҷумла равоншод Усмонҷон Ғаффоров ба фаъолияти ин нашрия баҳои баланд додаанд. Ҷойгоҳи нашрия дар тарбияи хабарнигорони ҷавон, инъикоси воқеияти зиндагӣ ва ба мактаби бузурги адибону рӯзноманигорон мубаддал ёфтани он хеле арзишманд маҳсуб меёбад. Тоҷӣ Усмон дар ин нашрия қаламкашони ҷавон Мирзо Турсунзода, Бобоҷон Ғафуров, Ҳаким Карим, Ҳоҷӣ Содиқ, Зариф Раҷабов ва дигаронро ҷамъ оварда, онро ба оинаи ҳақиқии рӯзгори мардум табдил дода буд. Фаъолияти пурсамари нашрия боис гардид, ки дар озмуни байни нашрияҳои онзамонаи Осиёи Марказӣ ҷойи аввалро ишғол кунад ва муҳаррири он Тоҷӣ Усмон сазовори мукофоти пурқимат гардад. Тоҷӣ Усмон натанҳо мубаллиғи барҷаста буд, балки бо дониши фарохи адабӣ ва илмӣ роҳбалади хубе низ ба ҳисоб мерафт. Хусусан, ҳангоме ки як моҳ сардафтари адабиёти муосири тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ ба шаҳри Хуҷанд меҳмон шуд, маҳз бо роҳбаладиву мусоидати Тоҷӣ Усмон барои эҷоди осори публитсистии худ дар бораи таърих ва воқеияти шаҳри Хуҷанд маълумоти фаро[1]воне пайдо кард. Муддати як моҳ Тоҷӣ Усмон устодро ба мавзеъҳои гуногуни таърихии шаҳри Хуҷанд ва атрофи он бурда, дар гирд овардани маълумоти нодири таърихӣ ба устод кумак расонид. Пасон дар ин бора Тоҷӣ Усмон маводи бисёр ҷолиберо ба қалам овард, ки бо забони фасеҳу каломи бадеъ ороста шуда, як асари бисёр ҷаззоб ва рангини адабиву пу[1]блитсистӣ мебошад. Дар ин маводи худ Тоҷӣ Усмон натанҳо ҳамсафарӣ бо устод Садриддин Айниро тасвир мекунад, балки ҳамчунин аз ма[1]конҳои таърихии шаҳри бостонии Хуҷанд маълумоти ҷолиберо барои хонандагон пешниҳод месозад. Аз ҷумла роҳбаладӣ ба истеъдоди волои устод Айнӣ шефта гардидани худро хеле зебо ба қалам додааст. Вақте сухан дар хусуси боздид аз Институти меваи Осиёи Марказӣ ва суҳбат бо кормандони он меравад, дар мавриди тарҷумаи русии исти[1]лоҳи ширинии тут суҳбати аҷиберо аз тасвири Тоҷӣ Усмон мехонем. ӯ менависад: «Чун сухан аз тарҷумаи истилоҳоти соҳаи боғу токпарварӣ, аз ҷумла ширинии ангуру тут рафт, устод аз ман пурсиданд, ки тарҷумаи он ба русӣ чӣ мешавад. Ман посу[1]хи дуруст пайдо накарда гуфтам, ки шояд виноградная лоза бошад, баногоҳ устод барошуфтанд ва гуф[1]танд: на, бегмесс аст ин, бегмесс, наход дорулфунунро хатм карда, чу[1]нин истилоҳи одиро надонед. Воқеан ҳам, ин тарҷумаи устод Садриддин Айнӣ, ки аз мутолиаи пайваста ва таҷрибаи бузурги эҷодиашон сар[1]чашма мегирифт, хеле нодир ва фавқулода буд». Воқеан, диду боздидҳо бо устод Садридин Айнӣ дар очерки сафарии Тоҷӣ Усмон бо номи «Як моҳ бо устод Садриддин Айнӣ» соли 1962 дар маҷаллаи «Шарқи сурх» (ҳоло «Садои Шарқ») ба нашр расид ва аз нигоҳи услуби навишт ва жанр аз тарафи мутахассисони соҳа баҳои баланд гирифт. Натиҷаи ин сафари босамари устод Садриддин Айнӣ таълифи очеркҳои таърихии «Қаҳра[1]мони халқи тоҷик Темурмалик» ва «Тирози ҷаҳон» гардиданд, ки дар бобати муаррифии таърихи миллати тоҷик саҳми муассире доранд. Тоҷӣ Усмон на танҳо соҳибқала[1]ми оташинсухан ва рӯзноманигори соҳибсабк буд, балки ҳамчун сиёсатмадор низ фаъолияти арзишманд дошт. Солҳои 1937-1939 бо пешниҳоди устод Абулқосим Лоҳутӣ таъй[1]ин гардидани ӯ ба ва[1]зифаи котиби созмони шаҳрии ҳизби Комму[1]нист паҳлуи дигари кор[1]дониву маҳорати Тоҷӣ Усмонро муаррифӣ кард. Маҳз дар ҳамин замони фаъолияти ӯ устод Са[1]дриддин Айнӣ меҳмони Хуҷанди бостонӣ гар[1]дида буд. Ба туфайли кордониву маҳорати мун[1]шии ҷавон шаҳри Хуҷанд тадриҷан тараққӣ намуд ва ба яке аз шаҳрҳои ободу зебо ва пешрафта табдил ёфт. Як рукни муҳимми фаъолияти эҷодии Тоҷӣ Усмон ба сифати тарҷу[1]мон фаъолият намудани эшон аст. Ҳанӯз соли 1926 роҳбари вақти Иттифоқи Шуравӣ Иосиф Ста[1]лин ба фаъолияти тарҷумонии Тоҷӣ Усмон таваҷҷуҳ зоҳир намуда, бо ӯ мулоқот кард. Ин аст, ки дар вохурии машҳури роҳбарони се кишвари бузурги ҷаҳон – Иттифоқи Шуравӣ, Англия ва Америка бевосита ишти[1]рок намуда, дар таҳияи ҳуҷҷатҳои ин вохӯрии сарнавиштсоз саҳми зиёд гузоштааст. Фаъолият дар са[1]форати Иттифоқи Шуравӣ дар Эрон натанҳо паҳлуҳои сиёсӣ дошт, балки барои адиб ва рӯзноманигор паҳлуи нави фаъолиятро боз кард. Маҳз дар ин замон вай ба осори шоирони гузашта, хусусан шоираҳои тоҷик та[1]ваҷҷуҳ пайдо карда, бо дастнависҳои эшон ошно гардид. Ин ковишҳо ба зуддӣ самар оварданд ва китоби ма[1]шҳури Тоҷӣ Усмон «Бисту се адиба» дар Тоҷикистон нашр шуд. Нашри ин китоб муҳаққиқи барҷастаи адабиёти тоҷик будани Тоҷӣ Усмонро муаррифӣ кард. Баъдан ин мавзуъро давом дода, Тоҷӣ Усмон китобҳои «Шоираҳои боистеъод», «Шоира Маҳастӣ» ва «Духтари ниқобдор»-ро таҳия кард, ки дар адабиётшиносии тоҷик мақоми арзанда доранд. Фаъолияти эҷодии Тоҷӣ Усмон дар рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» басо назаррас буд. Нависандаи тавонои тоҷик Фазлиддин Муҳамма[1]диев дар китоби «Писари газета» аз он ҳикоя мекунад, ки «чӣ гуна Тоҷӣ Усмон соҳибқалами оташинсухан ва донандаи хуби забони тоҷикӣ бу[1]данд. Барои ҳар як истилоҳ, ҳар як калима соатҳо баҳс мекарданд ва ба балоғати сухан ва фасоҳати калом арҷи бузург мегузоштанд». Забони нигоштаҳои худи Тоҷӣ Усмон фаҳмо ва фасеҳу равшан мебошад. Фаъолияти рӯзноманигории вай то охири умр дар нашрияи «Тоҷи[1]кистони советӣ» ва маҷаллаи «Хор[1]пуштак» идома ёфт. Махсусан, фелетонҳои Тоҷӣ Усмон ва шеърҳои ҳаҷвиаш ихлосмандони зиёд дош[1]танд. Сухани вай корагар ва тираш ҳамеша ба нишон мерасид. Зеро публитсисти оташинқалам ва эҷод[1]кори асил буд. Дар баробари жанрҳои ҳаҷвӣ очеркҳо ва дигар осори публитсистии Тоҷӣ Усмон аз ҷониби муҳаққиқон баҳои баланд гирифтааст. Дар ки[1]тоби «Кашфи асрор» гирд овардани ин осор ва бо муҳарририи Сотим Улуғзода барин нависандаи тавонои давр ба чоп расидани маҷмуа гувоҳӣ аз он медиҳад, ки ҳамчун публитсист низ Тоҷӣ Усмон муваффақ буд. Дар маҷмуъ, адиб, рӯзноманигор, тарҷумон, публитсист ва инсони ко[1]мил, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Тоҷӣ Усмон бо осори гаронбаҳояш дар дилу дидаи аҳли завқ ҳамеша ҷовидон боқӣ мемонад. Барои абадӣ гардонидани хоти[1]раи ин марди бузург Иттифоқи жур[1]налистони Тоҷикистон пешниҳод ме[1]кунад, ки осорхонаи ӯ дар зодгоҳаш таъсис дода шавад, то бо паҳлуҳои гуногуни рӯзгори ин марди накуном ҷавонон ошно бошанд ва аз рӯзгори ҳамдиёри худ ифтихор дошта бо[1]шанду пайравӣ кунанд. Ҳамчунин, дар шаҳри Хуҷанд доир намудани ҳа[1]моиши илмӣ-амалӣ доир ба таҳқиқи осори Тоҷӣ Усмон имконият фа[1]роҳам меорад, ки дар мавриди осори публитсистӣ ва адабии арзишманди ӯ маълумоти бештаре пайдо шавад. Дар ин ҷода Иттифоқи журнали[1]стон бо мақомоти иҷроияи ҳокимия[1]ти давлатии вилояти Суғд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров омодаи ҳамкорӣ мебошад ва ин иқдоми якҷояи мо ба[1]рои гиромидошти хотираи ҳамкасби арҷмандамон ва ба наслҳои мин[1]баъда муаррифӣ намудани осори гаронбаҳои публитсистӣ ва адабии ӯ уфуқҳои дурахшонеро мекушояд.
ЗИНАТУЛЛОҲ ИСМОИЛЗОДА,
раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ





