Адиби рус Николай Крамной соли 1931 дар шаҳри Новосибирск таваллуд шудааст ва, нависандаи касбӣ набуда, бо ихтисосҳои коргарӣ умр гузарондааст. Қиссаву романҳои зиёди хонданӣ барвақт ҳамсафи маъруфтарин адибони моҷаронависи шуравиаш намуданд. Мавзуи Шарқ дар эҷодиёташ мавқеи муҳим дорад. Аз ҷумла, қиссаи «Таъми калела» дар бораи ду русбачаи ятимест, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба Тоҷикистон кӯчонда шудаанд ва, аз шарофати меҳру муҳаббати мардум камол ёфта, барои хизмати Ватан камар бастаанд. Гумон меравад, ки асар саргузаштӣ буда, ҳаёти худи муаллифро дар бар гирифтааст. Тарҷумаи қисса аз китоби «Вкус зелёных орехов» (Москва, издательство «ДОСААФ СССР», 1988) сурат гирифта, пурра дар шумораи 8-и маҷаллаи «Садои Шарқ» чоп мешавад.
***
Рӯзи дуюм буд, ки котиби нави райком Раҳимҷонов колхоз ба колхоз мегашт. Котиби пештара – Исмоилов ба шуъбаи сиёсии дивизияи навтаъсиси Туркистон рафт. Раҳимҷонов дар ноҳия одами нав набуд. То ҷанг чанд сол раиси колхоз шуда, кор кард ва дар арафаи ҷанг, баъди таҳсили дусола, директори корхонаи шароб таъйин гардид. Ҳамагӣ се сол гузашта, лекин ба Раҳимҷонов, ки ҳамагӣ сивупанҷ сол дошт, чунин менамуд, ки он замони осоиштаи хушбахтӣ хеле дур, дар умри дигар монда буд. Аспи бузургҷуссаи дуранг котиби лоғарандоми либоси ҳарбӣ ба танро сабуку озод мебурд. Мӯзаҳояш аз гарди роҳ ранг бохта буд ва танҳо он ҷойҳояшон, ки ба тасмаҳои рикоб мерасид, ҷило медод. Дар дасти чап лаҷом ва дар дасти рости ангуштонаш бар асари захми ҷанг каҷукилеб тозиёна дошт. Дар кӯтали пайроҳаи кӯҳӣ хам задаю хур-хур карда, аз байни буттаҳои гулхори санҷид ба марғзори барҳавое баровард ӯро асп. Дар ин ҷо нишебии дарёбод сар мешуд, ки дар ду соҳилаш заминҳои колхози «Зарбдор» тул кашида буданд. Раҳимҷонов бешитоб аз асп фуромад, лаҷомашро ба дарахте баст ва хастаҳолона худро рӯи сангзори ушнабаста партофт. Тоқиашро гирифта, мӯйҳои кӯтоҳ шоназадаи қатрониашро бо даст шона зад. Дар самои беғубори фасли гармо калхотҳо печутоб мехӯрданд. Дар қаър, ба харсангҳо бархӯрдаву онҳоро рафъ карда натавониста, аз хашм дарё ба гирдоби хеш меҷӯшиду кафки даҳонашро пош медод. Онтарафтар, дар домани кӯҳсор, деҳа доман густурда буд, ки аз ин баландӣ танҳо бомҳои ҳамвораш менамуданд. Девори хонаҳову ҳотабандиҳо дар оғӯши долу дарахтон нопадид буданд. Аз он ҷое, ки Раҳимҷонов болои санг менишаст, юрмоне бо эҳтиёт аз лонааш ба берун нигарист ва, рӯи пойҳои ақибаш нишаста, чашмакони дурахшони сиёҳашро ба атроф дӯхт. Раҳимҷонов ба буттаяки насрин, ки дар лаби пайроҳаи нишебӣ руста буд, ба шохаҳои нуқрафоми санҷид амвоҷи тираи дарёи хурӯшон менигаристу худро хаёлан чун дар бачагии дар дуриҳои умр мондааш орому болида тасаввур менамуд. Ана, барои ҳамин хорзори теппаҳо, сангистони ушнабастае, ки болояш нишастааст, накҳати буттаҳо, парвози бешитоби калхот, юрмони рӯи пойҳои ақиб нишаста, дуди тези тапак, ки аз хонаҳои деҳ меомад, ӯ дар хандақҳои пурбарфи Харков ҳафтаҳо ҳамроҳи дӯстон гуруснагӣ кашидаю аз муҳосира баромада, дар хаймаҳои сарди табобатгоҳ бо дасти рости захмин азоби гӯрро паси сар карда, ҷонфишониҳо намуда буд ӯ. Асп, вазнашро аз по ба по партофтаю фиқ-фиқ карда, пашшаҳоро меронд. Юрмони тарсида, бо ҳарос ҳуштак кашида, дар лонааш пинҳон шуд. Раҳимҷонов аз рӯи санг бархоста, тоқиашро пӯшид ва аспро аз дарахт кушодаву лаҷомашро ба даст гирифта, бо эҳтиёт аз пайроҳа сӯи деҳа роҳ пеш гирифт. Аз ақиб, дар роҳи нишеб хам зада, бо эҳтиёт ба роҳи сангӣ по мекӯфт аспаш.
***
Охирин пиёлаи чой нӯшидаву саволҳои лутфомез дода шуданд: меҳмон таваҷҷуҳ кард, ки оё бедонаҳои хуб имсол ба домаш афтоданд, ҳамаи қафасҳои дар пешдолон овезонро, банавбат пардаҳои рӯяшонро бардошта, аз назар гузаронд, огоҳонаю бошитоб ҳар кадомро баҳо дод. Ва акнун гуфтугӯи ҷиддиро оғоз кардан мумкин буд. Соҳибхона – Исмоил Шарифов нағз мефаҳмид, ки меҳмон барои тамошои бедонаю чойнӯшӣ наомадааст. Ҳар рӯз ба колхоз намеояд котиби райком. – Ҳосили ҷав имсол нағз мешавад, – аз таъриф сар кард Раҳимҷонов. – Ку, бубинем… – бехушона ҷавоб дод Шарифов. – Вақт кам монд, як-якуним моҳ пас ғундоштан лозим. – Бале… – оҳи вазнин кашид раиси колхоз. – Лекин аз куҷо меёбӣ одамонро барои ҳосилғундорӣ? – Инаш дарди сари ту не, МТС меғундорад. – МТС меғундорад, лекин… вақте меғундорад, ки дигар чизе нест. Вақте ки дон мерезаду коҳ мемонад. Ба ман коҳ лозим нест, котиби райком, – ногаҳон хашмӣ шуд раис. – Барои чӣ ин тавр мегӯӣ? – Барои он ки медонам! – Беҳуда хавотир мешавӣ. Нақшаи ҷамъоварӣ ҳаст, навбати колхозатон расад, меғундоранд. – Нақша ҳаст, – розӣ шуд Шарифов, – лекин барои иҷрояш гӯсфанд додан лозим ё пул… Ман гӯсфанди зиёдатӣ надорам, якта мондааст, бонӣ мекунам, шояд писарам аз фронт баргардад. Пул ҳам нест! Панҷ ҳазор барои ман пули калон аст! Ё гумон мекунӣ, ки раиси колхоз сандуқсандуқ пул дорад? – Чӣ хел гӯсфанд? Чӣ хел пул? Ба кӣ? –ҳайрон шуд котиб. – Ҳа! Намедонӣ, ҳа? Хуб! Надонӣ, мегӯям. Соли гузашта ҳам ҳосили хуб шуд. Ба МТС рафта, ба директораш гуфтам, ки ҷавро даравидан лозим. Ҷавоб дод, ки комбайни бекор нест. Бори дуюм рафтам, комбайн ҳаст, мошине нест, ки ҳосилро кашонад. Колхози ҳамсоя бошад, ҳосилғундориро ба охир расондааст. Барои он комбайн ҳам ҳасту мошин ҳам. Одамон гуфтанд, ки барои ин ба директори МТС се-чор гӯсфанд ё пул додан лозим… – Чӣ хел… додан лозим? – сухани ҳамсуҳбаташро бурид Раҳимҷонов, – охир, узви ҳизб аст ӯ! – Ман низ ҳамин хел меандешидам, – навмедона гуфт Шарифов, – лекин одамон гуфтанд, ки чӣ, узви ҳизб зистан намехоҳад? – Хайр… баъд чӣ… додӣ? – Ҳосилро сари вақт ғундоштем, – аз ҷавоб гурехт Шарифов, – вале ин ҳамаи гап нест, котиб! Заминшиносу ҳисобдорамон ду қитъаи якхеларо чен карданд. Ҷави якеро бо дос даравидаю худ кӯфтанд. Қитъаи дуюмро МТС даравид. Медонӣ, чӣ шуд? – Не… – Ҳосили қитъае, ки бо дос даравиданд, чор тонна зиёдтар баромад. Зиёд аст ин ё кам, котиб? – Чаро ин хел? – худро гум кард котиб. – Ана, ҳамин хел!.. Охири ҳар рӯз аз «Заготзерно» коғаз меоранд, ки чӣ қадар ғалла супоридаанд. – Барои назорат ягон одами худиро ба мошин шинондан лозим буд, – бо алам гуфт котиби райком. – Одами зиёдатии мошинсаворӣ мекардагӣ надорам ман, – хастаҳо[1]лона гуфт Шарифов. – То ҷанг чӣ хел меғундоштем ҳосилро? Ба касе чизе додан лозим набуд-ку. – Ҳа! То ҷанг мегӯед… Одамон дигар буданд он вақт. Сониян, чӣ қадар одам буд дар колхоз? Чанд асп буд? Ҳоло бошад, охирин аспҳоямро барои фронт гирифтанд, аспҳои боқимонда пӯсту устухони худро базӯр мекашанд. Соли гузашта ангурро бачаҳову занҳо ғундоштанд… Имсол, намедонам, кӣ меғундорад. – Дигар колхозҳо ҳам гӯсфанд медиҳанд? – пурсид Раҳимҷонов. – Аз худашон бипурс… Раҳимҷонов сархаму хомӯш менишаст. Раиси колхоз ҳам хомӯш буд. Оқибат сукутро котиби райком халалдор кард. – Гӯш кун… Гапҳое, ки гуфтӣ, ростанд? – Барои дурӯғгӯӣ пир шудаам ман, котиб. Агар бовар накунӣ… – лаҳзае хомӯш монд Шарифов, – мехоҳӣ, ба нон қасам хӯрам? Раиси колхоз, як бурда нони ҷавиро аз дастархон гирифта, мунтазирона ба Раҳимҷонов нигарист. – Лозим не, – оҳ кашид Раҳимҷонов, – бовар мекунам… Дар ҳамин ҷо тавлид ёфтаву калон шуда буд ӯ ва медонист, ки агар одам бо нон савганд ёд кунад, гапаш рост аст.
***
– Меоянд, – гуфт Прокаша, садои чархҳои аробаро шунида, – ва даст ба китфи Шкети дар паҳлуяш дарозкашида бурда, афзуд: – Боз ягон нағма накунӣ! Ман каме пеш, назди гардиш меравам, ту дар ҳамин ҷо интизор шав. Ҳамин ки аспҳоро нигоҳ доштам, зуд болои ароба баро. Ҷуфти асп аробаи пур аз хӯроквориро базӯр кашида меомад. Дар паси ароба, ба халтаи биринҷ такя намуда, Турсун менишасту паст-паст таронаашро дар бораи Ватан замзама мекард Авдеич, дар пеш нишаста, гоҳгоҳ тозиёнаро мебардошт, вале ин ҳаракат беихтиёрона буд, чунки аз он раҳравии аспҳо тезтар намешуд. Авдеич ҳарферо, ки бояд ба Марич бигӯяд, андеша мекард. Баъди гирифтани хӯрокворӣ ӯю Турсун, ба комбинати консерва рафта, дӯсти деринашон Кирилл Игнатовичро ҷеғ заданд. Авдеич гумонашро оид ба мукофот барои чормағзчинӣ ба вай изҳор намуд. – Каме сабр кун, – гуфт Кирилл Игнатович ӯро шунида, – ман зуд меоям… Гирифтарӯ баргашт ӯ. Рагҳои рухсораҳояш мепариданд. – Дузди гузарост Маричи шумо. Дар ҳақиқат, мукофот вобаста ба миқдори мева дода мешавад. Яъне барои ҳар сад кило як банка. Ин ҷо аҳмақон нанишастаанд, мефаҳманд, ки барои бачаҳои нимгушна ғундоштани сад кило осон нест. Мураббои ҳаққи шуморо фурӯхтааст ӯ. Дина марҳами чормағзаш ҳам доданд. Аммо ин – ҳамаи гап не. Гуфтӣ, ки ҳар рӯз як тонна ё зиёдтар мева мебарад. Ба ин ҷо бошад, панҷсад-шашсад кило месупорад. Маълум, ки нимашро дар роҳ ба ҷаллобони бозор мефурӯшад. Ту бошӣ, гӯшҳоят таҳи тоқӣ, гаштаӣ! – хашмӣ гуфт Кирилл Игнатович. – Ман, чӣ, масъули мевасупориам магар? – ба қаҳр омад Авдеич. – Хайр, оташин нашав… – каме ором шуда, гуфт Кирилл Игнатович, – имрӯз котиби райком барои суҳбат бо тодаъватиён наздатон меравад, директори комбинат ҳам бо ӯст, ҳамаашро месанҷад… …Баногоҳ аспҳо тӯрида истоданд. Авдеич андешаҳояшро раҳо карда, дид, ки аз паси аспҳои тӯрида, аз тарафи рост марди чорпаҳлуи малламӯе баромада, тапончаашро боло бардошта, оҳиста фармон дод: – Дастҳоятро бардор, мӯсафед! Авдеич оҳиста даст бардошт. Тозиёнаи дасташ чун мори мурда овезон шуд. Бо гӯшаи чашм мушоҳида кард, ки аз паҳлӯ, аз паси буттаҳо нафари дигаре ба ақиби ароба рафт. Аз он ҷо ҳамоно дашномҳои русию садои гирифтаи Турсун ба гӯш расид: – Авдеич! Ёрӣ деҳ! Турсун тапончабадасти пеши аробаро надида буд ва намефаҳмид, ки ароба барои чӣ истод. Чун ароба аз ҳаракат монд, ҳамоно Шкет, ки дар як даст корд дошт, ба ақиби ароба часпид. Турсун сари зону хеста, ба рӯи ӯ лагаде зад. Шкет аз ин зарбаи ногаҳонӣ қариб ба замин афтода буд. ӯ, бо дасти холиаш аробаро дошта, кордашро чанд бор тахминӣ сӯи ҳадафаш бурда овард. Як зарбааш ба китфи чапи Турсун расид. Ана, ҳамон вақт баланд шуда буд фарёди имдодхоҳонаи ӯ. Марде, ки бо тапонча Авдеичро нишон гирифта буд, чунин таъхирро чашм надошт. Сабаби инро фаҳмидан хоста, каме тоб хӯрд ва нигоҳашро аз Авдеич канда, ба Турсун, ки худро муҳофизат мекард, нигарист. Ва ҳамоно зарбаи сахти тозиёна дасташро сӯзонд. Прокаша, дод гуфта, тапончаро сар дод; он рӯи санг афтод ва ҳамроҳи сангрезаҳо ба ҷарӣ рафт. Зарбаҳои дуюму сеюми тозиёнаи Авдеич аспҳоро ба худ овард ва ароба ба ҳаракат даромад. Шкет, ки як пояшро ба лаби он монда буд, мувозинаташро гум карда, рӯи роҳ афтод. Прокаша, ба худ омада, сӯи тапонча давид, лекин ҳамоно бози[1]стод: ҳамроҳи сангрезаҳо ба қаъри ҷарӣ рафтани худаш мумкин буд. Авдеич, бархоста, бераҳмона аспҳоро тозиёна мезад ва ароба дам ба дам аз он ҷои мудҳиш дуртар мешуд…
***
Аз гардише, ки роҳзанҳо нигоҳа[1]шон дошта буданд, хеле дур шуда, Авдеич чашм аз роҳ наканда, лаҷомро кашид ва рӯ-рӯи халтаҳои хӯрокворӣ назди Турсун рафт. Китфи чапи ӯ пури хун буд. Зоҳиран захм амиқ буд, ки беист хун мерафт. Турсун чашм кушода, илтиҷоомез гуфт: – Авдеич! Дар ин як калима он қадар дарду алам буд, ки Авдеич худро гум кард. – Тоқат кун, Турсун, азизам… Тоқат… – ба нимовоз гуфт Авдеич, куртаи чити куҳнаашро аз тан кашида. Онро бо ғазаб пора-пора кард ва бори дигар роҳро аз назар гузаронда, китфи Турсунро сахт баст. Латтаҳо ҳамоно шилтаи хун шуданд. Турсун, боз чашм кушода, чизе гуфтанӣ шуд, вале натавонисту лабони хушкидаа[1]шро лесид. «Ба фикрам, зинда намерасона[1]маш, – бо ҳасрат аз дил гузаронд Авдеич, – то барои ёрӣ ба бошишгоҳ мераваму баргашта ба шаҳр, ки… Эҳ!.. Аз қисмат гурез нест!» Турсунро болотар, ба рӯи халтаҳо хобонда, лаҷомро ба даст гирифт ва аробаро пас гардонд. …Ба гардиши ошно расида, чун ғоратгарон ҳуштак кашид ва боз то[1]зиёнаро ба бадани аспҳо фуровард. «Акнун, – мегузаронд аз дил, – ку[1]шанд ҳам, аспҳоро боздошта наме[1]тавонанд…»
***
Авдеич, ки рӯи дастон ҷисми ове[1]зони Турсунро дошт, бо лагад дари беморхонаро кушода, зада ба долон даромад. Сари Турсун аз ин сӯ ба он сӯ меафтиду аз он сӯ ба ин сӯ. Зане, ки фаршро мешуст, ба истиқболашон шитофт: – Мӯза дар по куҷо меравӣ? Наме[1]бинӣ, фаршро шуста истодаам? – Духтур куҷост? – фарёд зад Авдеич, ба он зани девонаавзо, ки сари роҳашро гирифта буд, аҳаммият надода. Баъд ӯро як тараф афтондаю сатили пур аз оби ифлосашро чаппа карда, баландтар дод зад: – Куҷост духтур?! Аз охири долон садои кушода шу[1]дани дарҳо ба гӯш расид. Авдеич Турсунро ба духтурон су[1]пурда, ба кӯча баромад ва беҳолона худро рӯи ароба партофт. Пойҳояш ғайричашмдошт бемадор шуданд, ан[1]гуштони ларзонаш тамокуро ба коғаз печонда наметавонистанд; гулӯяшро буғзи гароне пур мекард. «Дар куҷо дидаам ӯро?» – фикр мекард ӯ ҳам дар бораи ношиноси дар роҳ вохӯрдааш. Дар сараш ким[1]чизи ошно чарх мезаду ҳеҷ тарҳи аёне гирифта наметавонист. «Ту, мӯсафед, агар меҳмонӣ ома[1]да бошӣ…» – ба сараш омад ногаҳ ин суханон. «Дар хонаи Дуска! Ана, дар куҷо дидаам ӯро! – оқибат ба ёд овард Авдеич. – Хӯш-ш, бисёр нағз, йигит[1]ча!» – ӯ писханд зада, лаҷомро ба даст гирифт. Аспҳоро меронду ме[1]андешид, ки урён назди Арефйев рафтан хуб нест. «Хайр, ман чойхӯрӣ на[1]меравам-ку назди вай!»
***
Ошпаз, бори чандум буд, ки оби дегҳоро меҷӯшонд. Лекин аз аробачаи хӯрок[1]ворӣ дарак набуд. Тодаъ[1]ватчиёни гурусна дар сояи хаймаи бузурге, ки вазифаи ошхонаро иҷро мекард, нишаста ё дароз кашида буданд, тамоку мека[1]шиданду суҳбат мекарданд. Афсари навбатдор ду тодаъвати[1]ро ба поёни роҳ фиристод: мабодо ароба вайрон шудаву ба ёрӣ ниёз дошта бошад. Валка Мордвин аз лаби дарё омада, чанд моҳӣ овард. – Медонед, ман ҳозир чӣ дидам? – сари зону нишаста, гуфт ӯ. – Чӣ дидӣ? – Марич, дар хаймааш нишаста, нону марҳами чормағз хӯрда исто[1]дааст. – Дурӯғ! – бо як овоз гуфтанд чанд нафар. – Не… Аз коғазаш шинохтам… Мукофоти шуморо нӯши ҷон меку[1]над! – Рафтем! – аз ҷо хест Костик. Марич рӯи қуттии чаппа гузоштаи мева менишаст. Дар рӯи қуттии дуюм марҳами кушодаи чормағз ва дар паҳлуи он шишаи май меистод. Чунон ба дастнорасиаш эътимод дошт, ки домани хаймаро ҳам нафуроварда буд. – Ҳа, авбошбачаҳо, чӣ лозим ба шумо? – бачаҳоро дида, пурсид ӯ. – Гуфтед, ки анбор маҳкам аст… – пеш баромад Костик. – Барои як кас – маҳкам, барои дигар кас – кушода, – чашмонашро бешармона ало кард Марич. – Боз савол ҳаст? Костик хаймаро аз назар гузаронд ва назди қуттиҳои холӣ боз як марҳа[1]ми чормағзро дид, ки холӣ буд. – Ин – мукофоти мо-ку… – пай бурд Костик. – Зуд гум шавед аз ин ҷо! – дод зад Маричи кайфпарида. – Як банкаи дигар куҷост? – пурсид Костик. – Ҳозир дар куҷо буданашро ни[1]шон медиҳам, – аз ҷо хест Марич ва аз болои қуттӣ гузашта, аз гулуи Костик гирифту ба берунаш ҳаво дод. Фурсати ба Витка расидан наёфт ӯ: Витка худро пеши пойҳояш партофт ва ба заминаш афтонда, ҳамроҳаш ғелон шуд. – Ҳа, сагбача… – пеш аз Витка бархост Марич ва ӯро ба кунҷи хайма ҳаво дод. Ба худ омада, дар даҳонаш таъми хунро ҳис кард Витка. Лекин ҳоло вақти андешаи даҳони пурхуни худаш набуд: дар даромадгоҳи хайма Марич аз гиребони Костику Валка дошта, ҳардуро сарбасар задан мехост. Вит[1]ка аз кунҷи хайма бошаст сӯи Марич давида, чунон ба тахтапушташ зад, ки ҳарду якҷоя парида, рост ба пеши пои… Раҳимҷонов афтоданд. Дар паҳлуи ӯ комиссари ҳарбӣ ва каме дуртар директори комбинати консерва Мирзоев меистоданд. – Чӣ гап аст ин ҷо? – ҳайрон шуд котиби райком. – Дуздонро дар хаймаам қапидам, – бешармона дурӯғ гуфт Марич. – Чанд бор мураббоҳоямро дуздиданд, ин дафъа ба даст афтоданд. Бачаҳо моту мабҳут хомӯш бу[1]данд. Аз лаби Витка ҷӯячаи хун ба манаҳаш мешориду аз он ҷо ба май[1]каи куҳнаи падараш мечакид. Раҳимҷонов озмоишкорона ба бачаҳо нигарист. – Мураббояшро надуздидаем, – оқибат ба худ омад Витка. – ӯ аз моро дуздидааст… Мукофотеро, ки бояд ба мо бидиҳад, худаш мехӯрад… Падари ман тир хӯрдааст, хостам барояш як қуттӣ марҳами чормағз фиристам, ин… – Хуб… Барои меваи ғундошта[1]ашон мукофот медиҳед? – ба ди[1]ректори комбинат муроҷиат кард Раҳимҷонов. – Бале, барои сад кило мева як қуттӣ мураббо. – Дина қуттиҳои мукофоти барои инҳо пешбинишударо гирифтед? – пурсид котиби райком аз Марич. – Гирифтам, инҳо дуздиданд… – Дурӯғ мегӯяд, – гуфт Костик, – дар хаймааш як қуттии пур ва як ғарам қуттиҳои холӣ дорад… Раҳимҷонов, ки ба бачаҳо бовар дошт, ба хайма надаромад. Ба ҷои ин бо нафрат ба башараи сери Марич нигариста, пурсид: – Барои чӣ дар аскарӣ нестед? Брон доред? – Захми меъда дорам, духтурон гувоҳ… – Барои ҳамин менӯшед, ҳа? Дар наздатон истода намешавад, бӯи хуми май мекунед. Гап ҳамин, – ба комиссари ҳарбӣ рӯ овард ӯ, – бигӯед, ки назди Арефйев фиристандаш, бигзор масъалаи мураббову латукӯ[1]би бачаҳоро бисанҷад, гувоҳномаи духтурро ҳам. – Ҳақ надоред! – эътироз кард Марич. – Шикоят мекунам! – Аз кӣ? – ҳайрон шуд Раҳимҷо[1]нов. – Ва барои чӣ? – каме истода, оҳиста илова кард: – Дар фронт ба дастам меафтодӣ, заминро мегазидӣ, нобакор! Николай Крамной Таъми калела* (пораҳо аз қисса) Тарҷумаи Сурайё Аҳмадзод





