Дар кори таҳқиқ, омӯзиш ва тарғиби адабиёти куҳанбунёди тоҷик, забони пурғановати адабии мо, эҷодиёти даҳанакии халқамон саҳми намояндагони миллатҳои гуногун низ калон ва сазовори таҳсин аст. Бархе аз онон даҳсолаҳо муқаддам ба Тоҷикистон омада, то охири умр муқими он буданд ва фаъолияти пурсамар бурданд. Зикри ному насаби чанде аз эшонро бамаврид ва мувофиқи мақсад мешуморем: Лариса Николаевна Демидчик, Марианна Петровна Фофанова, Мирра Менделеевна Явич, Клавдия Александровна Благовешенская-Улуғзода, Любов Владимировна Успенская, Алберт Леонидович Хромов, Александр Зелманович Дун, Лия Франк. Рӯйхатро идома додан мумкин. Баъзе аз номбаршудагон узви Иттифоқи нависандагон набуданд, вале аҳли қалам, аҳли зиё онҳоро хуб мешинохтанду ҳурматашонро ба ҷо меоварданд. Акнун чанд сухан дар бораи Мирра Явич, ки аз рӯзи мавлуди ӯ 28-уми августи соли равон 110 сол пур мешавад. Сазовори ёдоварист, ки 74 соли умри бобаракаташ то нафаси вопасин дар Тоҷикистон, дар шаҳри Душанбе сипарӣ гаштааст ва ҷои реҳлаташ низ ин ҳаминҷост. Бо тарҷумаи ҳоли Мирра Явич ман ҳанӯз овони мактабхонӣ дар ноҳияи зарбахшу гавҳарбахши Вахш аз маҷмуаи “Писатели Таджикистана” (соли чоп 1966), ки то ҳанӯз дар китобхонаи шахсиям маҳфуз аст, шинос будам. Ман ӯро ҳечгоҳ надидаам, вале фикр мекунам, ки агар дар ягон ҷо вомехӯрдем, мешинохтамаш, аз рӯи акс. Чеҳрааш нуронӣ, нигоҳаш андешаманд. Ҳар гоҳ аз ӯ сухан равад, аксаш пеши назар меояд. Барои шинохти бештари шахсияти ӯ аз чанд санаи зиндагиномааш ёдрас мешавем. ӯ дар шаҳри Ленинград, ҳозира Санкт-Петербург, дар оилаи косиби одӣ ба дунё омадааст. Соли 1938 шуъбаи тоҷикии факултаи филологияи донишгоҳи Ленинградро хатм кардааст. Саволе ба миён меояд, ки чаро маҳз шуъбаи тоҷикиро интихоб намуд? Тахмин кардан мумкин ва шояд ин воқеият бошад, ки Мирра аз наврасиаш дилбохтаи асари адибони оламшумули тоҷику форс – Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Хайём, Ҷалолиддини Балхӣ будааст. Шояд нафароне ҳайрон мегардиданд, ки чаро ин ҷавонзани бистушашсола чунин шаҳрро, амсоли Ленинград монда, пойтахти Тоҷикистонро макони зисту кор интихоб кардааст. Чӣ метавон гуфт беҳтар аз ҳазрати Бедил: “Кист, то фаҳмад забони муддаои андалеб?” Ҳарчи ҳам бошад, Мирра Явич дар вақти авҷи ҷанг бо истилогарони фашист ба Тоҷикистон бо тавсияи устодаш Евгений Эдуардович Бертелс барои машғулият бо кори илмӣ омад. Дар ибтидо дар маҷаллаи “Гулистон” ба ҳайси мудири шуъбаи назм ва танқид кор кард. Баъд солиёни зиёд дар бахши фолклори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ таҳти роҳбарии Носирҷон Маъсумӣ фаъолият намуд. Дар мавзуи бисёр ҷолиб – “Афсонаҳои тоҷикӣ дар бораи ҳайвонот” рисолаи номзадиро дифоъ намуд. Ҳатто аз ҳолномаи мухтасар ва рӯйхати асарҳои илмӣ-таҳқиқотии Мирра Явич баръало ҳувайдост, ки ӯ муҳаққиқи пуркору хастагинопазиру ҷӯянда будааст. Номгӯи асарҳояш гувоҳи фаъолияти серпаҳлӯ ва гуногунҷабҳаи ӯст. Алалхусус дар жанри танқиди адабӣ пурсамар кор кардааст. Зери таҳрир, бо пешгуфтор ва шарҳу тавзеҳоти ӯ асарҳои зерин аз чоп баромадаанд: “ Абулқосим Фирдавсӣ”, “Камоли Хуҷандӣ” “Назми мардумии тоҷик”. Дар маҷаллаи “Дружба народов”, яке аз серхонандатарин нашрияҳои давр, мақолаҳои ӯ: “Ду достони Миршакар”, “Эҷодиёти Пайрав Сулаймонӣ”, “Феҳристи асарҳои Мирзо Турсунзода”, “Дар бораи адабиёти бачагонаи тоҷик”, ”Шарқи Хориҷӣ ва назми муосири тоҷик” ва ғайра чоп шуданд. Мирра Явич тарҷумони моҳир низ будааст. Тарҷумаи очерки таърихии “Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик” ва пораҳо аз “Ёддоштҳо”-и устод С. Айнӣ, достони А. Деҳотӣ “Соли нав муборак!”, ҳикояҳои ҳаҷвии Р. Ҷалил, боби сеюми романи “Духтари оташ”-и Ҷ. Икромӣ, повестҳои “Одамони куҳна” ва “Зайнаб”-и Ф. Муҳаммадиев, повести “Тобистон”-и Пӯлод Толис, повести “Баъд аз сари падар”-и А. Самад, очерку ҳикояҳои зиёд ба қалами ӯ тааллуқ дорад. Ҳамаи ин асарҳо аз забони асл ба русӣ баргардон шудаанд. Аз ин бармеояд, ки Мирра Явич забони тоҷикиро бағоят хуб медонистааст. Ҷои тааҷҷуб нест, охир ӯ фақат ҳамчун муҳаққиқи адабиёт фаъолият набурдааст, балки чун тоҷикшинос эътироф гарди[1]дааст. Бешак, хизмати Мирра Явич дар назди илму адаби тоҷик пурбаҳост ва лоиқи қадршиносӣ дар ҳама давру замонҳост. Аз ӯ номи нек боқӣ монд, некномӣ бошад, аз неканҷомист. Аз як шиносаш шунида будам, ки Мирра Менделеевна баъди ба нафақа баромадан ҳам дар манзилгоҳаш воқеъ дар хонае рӯ ба рӯи чойхонаи “Роҳат” якзайл кор мекардааст. Бо вуҷуди пирию дармондагӣ, гоҳе ба ин ё он деҳа сафар менамудааст, то аз забони зиндаи мардум зарбулмасалу мақолҳо ва афсонаю ривоятҳо шунида, онҳоро аз рӯи одати деринааш сабт намояд. ӯ то ба охир хӯшачини эҷодиёти даҳонакии халқи тоҷик монд. Гоҳе меандешам, ки чаро Мирра Явич баъди нафақахӯр шуданаш бо зодгоҳаш шаҳри соҳили дарёи Нева ё ҷои дигар кӯч набаст ва то пур шудани паймонаи умраш дар Душанбе, ватани дуюми хеш зист. Шояд ӯ дар қалби пурмеҳри хеш бо Тоҷикистону тоҷикистониён аҳду паймони дӯстӣ, рафоқат ва садоқати якумра баста бошад, чун арзи сипосу эҳтиром ба халқе, ки бо он ҳамқисмат шуд. Алъон ӯ бо мо нест, аммо ба пиндошти ман, ҳамоно дар миёни мо ҳузур дорад. Дар ин маврид чӣ хуб гуфтааст Соиб:
Нест, Соиб, ҷоми айши мо чу гул по дар рикоб,
То фалак гардон бувад, дар давр бошад ҷоми мо.
Мансур Суруш





