Баъзе инсонҳо ватанро на танҳо марзу ҷуғрофия, балки оғози сафари умр медонанд. Онҳо ҳар куҷое ки раванд, ватанро дар вуҷуди худ мебаранд. Ҷаҳони ботинии онҳоро наметавон дар доираи як кишвар ё як даврон маҳдуд кард: ин ҷаҳон дар китобҳо, дидорҳо, сафарҳо ва андешаҳои дигарон идома меёбад. Модари ман, Мунира Шаҳидӣ, аз ҷумлаи ҳамин гуна инсонҳо буданд. Модарам 22-юми марти соли 1943, дар баҳоре, ки сояи ҷанг бар он афтода буд, дар Душанбе, ки он замон Сталинобод ном дошт, ба дунё омаданд. Номи он касро шоири номдор Абулқосим Лоҳутӣ, ки дӯсти наздики падарашон буданд, гузоштаанд. Маънои Мунира «касе, ки нур меоварад» аст. Дар тули зиндагии модарам ин ном торафт камтар тасодуфӣ мешуд ва бештар тавсифи ҳузуре менамуд, ки бо худ ба ҷаҳон меоварданд. Модарам дар хонаи хоксоронае ба воя расиданд, ки дар он мусиқӣ маънои зиндагонӣ дониста мешуд. Дар ҳуҷраи кории падарашон, назди тирезае, ки рӯ ба боғи гелосу биҳӣ ва токҳои ангур кушода мешуд, пианино меистод. Падарашон, оҳангсоз Зиёдулло Шаҳидӣ, бисёр вақт то дергоҳи шаб кор мекарданд. Модарам ҳанӯз кӯдак буданд ва гоҳе аз остонаи дар гӯш мекарданд, ки чӣ гуна зери ангуштони падарашон оҳангҳои нав тавлид мешаванд. Аз падар меомӯхтанд, ки мусиқӣ танҳо садо набуда, балки эҳсос, таърих ва як навъи ҳақиқатест, ки онро ба ҳеҷ роҳи дигар баён кардан мумкин нест. Садои модарашон, Марҳабохон, бахши дигари ин ҷаҳонро ташкил медод. Марҳабохон ҳангоми дар танӯр нон пухтан, либос дӯхтан ва анҷом додани корҳои ҳаррӯзаи хона суруд мехонданд. Дар гирди дастархони хонавода шоирон, оҳангсозон, сарояндагон ва дӯстон ҷамъ омада, дар бораи адабиёт, санъат, таърих, фалсафа ва оянда суҳбат мекарданд. Ин гуфтугӯҳо то поси шаб идома меёфтанд. Аз ин рӯ, омӯзиши модарам хеле пештар аз ҳар гуна таҳсилоти расмӣ оғоз ёфта буд. Он аз мусиқии пианинои падар, аз сурудхонии модар, аз қиссаҳои гирди дастархон ва аз китобхонаи хонавода оғоз шуд. Аз рафҳо «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, «Маснавӣ»-и Румӣ, «Девони Ғарбиву Шарқӣ»-и Гёте ва осори Пушкину Толстой гӯё бо ӯ он кас сухан мегуфтанд. Ҳанӯз пеш аз он ки модарам бо мафҳумҳои «адабиёти муқоисавӣ» ва «байнифарҳангӣ» ошно шаванд, маънои онҳоро дар зиндагии ҳаррӯзаи худ эҳсос ва таҷриба карда буданд. Кӯдакии модарам дар Душанбе гузашта буд, аммо он вақт ҳам чунин менамуд, ки тамоми ҷаҳон ба сӯяшон майл карда, модарамро ба убури марзҳо даъват менамуданд. Модарам пажуҳишгари адабиёти муқоисавӣ ва хонандаи муколамаҳои ниҳонии Шарқу Ғарб гардиданд. Ҳам ҷисман ва ҳам фикран аз миёни шаҳрҳо, забонҳо ва анъанаҳо сафар мекарданд: аз Душанбе ва Маскав то Деҳлӣ, Токио, Лондон, Ню-Йорк, Истанбул Уммон ва ҷойҳои зиёди дигаре, ки ҳар кадом ба тафаккурашон таъсир гузошт. Пажуҳишҳои модарам моҳияти амиқан байнифарҳангӣ доштанд. Барои модарам байнифарҳангият танҳо дар паҳлуи ҳам вуҷуд доштани анъанаҳои гуногун набуд. Он робитаи зиндаву мутақобиле буд, ки тавассути шунавоӣ, тарҷума, муқоиса ва таъсирпазирии тарафайн шакл мегирифт. Модарам намехостанд тафовутҳоро аз байн баранд ё фарҳангҳои гуногунро ба як қолаби ягонаи умумибашарӣ дароранд. Он кас фазоеро меҷу[1]станд, ки дар он анъанаҳо бидуни аз даст додани ҳувият ва шаъну эътибори худ ба ҳам бирасанд ва ҳар яке дар дигаре ҷанбаеро равшан кунад, ки пештар нодида монда буд. Аз ҷумлаи самтҳои асосии та[1]ваҷҷуҳи зеҳнии Мунира Шаҳидӣ Муҳаммад Иқбол, робитаи миёни Ибни Сино ва Данте, ашъори Мавлоно Румӣ ва имкониятҳои дипло[1]матияи фарҳангӣ дар асри бисту якум буданд. Меомӯхтанд, ки чӣ гуна шоироне, ки асрҳо ва қитъаҳо онҳоро аз ҳам ҷудо кардаанд, бо вуҷуди ин метавонанд якдигарро бишиносанд; чӣ гуна Ибни Сино метавонад бо Данте ба муколама дарояд; чӣ гуна Иқбол метавонад аз сарҳадҳои анъанаҳои динӣ ва фалсафӣ фаротар сухан гӯяд; чӣ гуна сӯзи иштиёқи Мавлоно Румӣ метавонад хеле дуртар аз ҷаҳони форсизабон акси садо пайдо кунад. Осори модарам нишон медод, ки адабиёт метавонад робитаҳоеро ошкор кунад, ки дар паси марзҳои сиёсӣ пинҳон мондаанд. Шеър метавонист ба дилу андешаи одамоне роҳ ёбад, ки робитаҳои расмӣ ба онҳо намерасиданд. Истиора метавонист монеаҳоеро паси сар кунад, ки ихтилофҳо ва захмҳои таърихӣ миёни мардум ба вуҷуд оварда буданд. Муколамаи адабӣ метавонист миёни одамони дорои хотираҳои комилан гуногун заминаи шинохти ҳамдигарро фароҳам оварад. Аз ин рӯ, барои модарам байнифарҳангият мафҳуми абстрактии илмӣ не, балки роҳи дарки ҷаҳон буд. Он аз инсон сабру фурӯтанӣ ва омодагӣ ба омӯзишу дигаргун шуданро дар натиҷаи ҳар дидор талаб мекард. Ҳамзамон, байнифарҳангият эҳтироми самимӣ ба тафовутҳои инсонӣ ва фарҳангиро тақозо менамуд. Ба назари модарам, муколамаи ҳақиқӣ маънои онро надошт, ки як тараф ба нусхаи тарафи дигар табдил ёбад. Баръакс, ҳар ду тараф бояд ба ҳамдигар чунон амиқ гӯш медоданд, ки дар миёнашон фаҳмиши наве ба вуҷуд ояд. Сафари зеҳнии модарам танҳо бо китобҳо ё пажуҳиши инфиродӣ маҳдуд набуд. Он кас андешаҳои худро ба толорҳои дарсии донишгоҳҳо ва муассисаҳои пажуҳишии саросари ҷаҳон мебурданд. Дар Донишгоҳи Кембриҷ, аз ҷумла дар Коллеҷи Кингз, дар Мактаби таҳқиқоти шарқӣ ва африқоии Лондон (SOAS), дар Хонаи илмҳои инсонӣ (Maison des Sciences de l’Homme) дар Париж ва дар Донишгоҳи Макгилл дар Монреал, аз ҷумла дар Пажуҳишгоҳи исломшиносӣ, суханронӣ мекарданд. Ҳамчунин дар Берлин, Гётеборг, Вена, Прага, Сюрих, Сеул, Токио, Рио-де-Жанейро ва ҷойҳои дигар лексия мехонданд ё дар ҳамоишҳои илмӣ иштирок менамуданд. Дар ҳар макон модарам ба толори лексия на ҳамчун намояндаи анъанаи баста ё ҷудоафтода, балки ҳамчун иштирокчии гуфтугӯи бузурги башарӣ ворид мешуданд. Мероси зеҳнии Осиёи Марказиро ба муколама бо ҷаҳони васеътар меоварданд ва аз ҳар дидор бо саволҳо, дӯстиҳо ва имкониятҳои нав бармегаштанд. Лексияҳои Мунира Шаҳидӣ танҳо пешниҳоди маълумот набуданд. Онҳо мулоқоти байнифарҳангие буданд, ки дар онҳо матнҳо, таърихҳо ва шунавандагон ба фазои муштараки ҷустуҷӯ ворид мешуданд. Модарам донишҷӯёнро даъват мекарданд, то дарёбанд, ки адабиёти тамаддуни дигар дур ё дастнорас нест, балки амиқан инсонӣ аст. Модарам ҳамчунин Осорхонаи фарҳанги мусиқии Зиёдулло Шаҳидиро таъсис доданд ва хотираи падарашонро ба макони зиндаи дидор табдил доданд. Барои Мунира Шаҳидӣ осорхона бештар аз як муассиса буд: он хонаи хотира, масъулияти фарҳангӣ ва амали муҳаббат буд. Тавассути ин осорхона модарам мехостанд на танҳо оҳангҳо, дастнависҳо ва таърихи зиндагии падарашон, балки мероси фарохтари мусиқӣ ва зеҳнии Тоҷикистонро низ ҳифз кунанд. Аммо ҳифз кардан, ба назари модарам, ҳеҷ гоҳ амали ғайрифаъол набуд; он як шакли муқовимат ба фаромӯшӣ буд. Ҳар як дастнавис ё маҷмуаи нотаҳои мусиқӣ на ашёи беҷоне аз гузашта, балки садое буд, ки мунтазири дубора шунида шудан меистод. Осорхона ҳамчунин ба фазои байнифарҳангие табдил ёфт, ки дар он мероси мусиқии тоҷик метавонист бо донишмандон, ҳунармандон, донишҷӯён ва меҳмонон аз гӯшаҳои дигари ҷаҳон рӯ ба рӯ шавад. Модарам дарк мекарданд, ки мероси фарҳангӣ танҳо вақте зинда мемонад, ки тавонад бо наслҳои нав сухан гӯяд ва ба муносибатҳои нав ворид шавад. Аз ин рӯ, мақсади осорхона ҷудо сохтани гузашта аз имрӯз набуд. Он ба хотира имкон медод, ки ба ҳара[1]кати худ идома диҳад, маъноҳои нав касб кунад ва ҳамзамон ба решаҳои худ содиқ бимонад. Модарам инсони воқеан ҷаҳондида буданд на танҳо аз он сабаб, ки бисёр сафар мекарданд ё дар миёни дигар халқҳо худро озод ҳис менамуданд, балки барои он ки дорои кунҷковии амиқи ахлоқӣ ва зеҳнӣ буданд. Мехо[1]станд дарк кунанд, ки дигарон ҷаҳонро чӣ гуна тасаввур менамоянд. Пеш аз он ки дар бораи фарҳанги дигар сухан гӯянд, аввал кӯшиш мекарданд мусиқии ботинии онро бишнаванд. Ҷаҳонватании модарам фарохии ҳисси тааллуқашонро ифода мекард. Байнифарҳангияташон бошад, тарзи робита барқарор карданашон бо дига[1]ронро нишон медод: бо таваҷҷуҳ, бар асоси мутақобилият ва бо омодагӣ ба дигаргун шудан. Модарам тафовутро чизе намедонистанд, ки бояд аз байн бурд, дар қолабҳои омода ҷой дод ё бо шарҳи сода моҳияти онро нодида гирифт. Ба фарҳанги дигар чун меҳ[1]моне наздик мешуданд, ки ба хонаи барои соҳибаш азиз ворид мегардад: бодиққат, сипосгузо[1]рона ва бо дарки он ки ҳар ҳуҷра таърихи худро дорад ва бояд бо фурӯтанӣ ба он наздик шуд. Модарам ба ҳар куҷое сафар мекар[1]данд, фарҳанги тоҷи[1]кро бо худ мебурданд: мусиқии падарашон, шеъру адабиёти клас[1]сикии тоҷикӣ-форсӣ, манзараи кӯҳҳои ос[1]монбӯсиТоҷикистон ва меҳмоннавозии тоҷи[1]конаеро, ки дар он ба[1]рои меҳмони ногаҳонӣ низ ҳамеша дар сари дастархон ҷой буд. Бо вуҷуди ин, ҳувиятро ҳеҷ гоҳ чизи собиту баста намедонистанд. Ҳар сафар ҷаҳонбиниашонро ва[1]сеътар мекард, бе он ки пайвандашон бо ватан суст шавад. Садоқати Мунира Шаҳидӣ ба Тоҷи[1]кистон на эҳсоси мавҳум буд ва на сухани зебои ба забон овардашуда он дар интихобҳое таҷассум меёфт, ки модарам дар тули зиндагӣ борҳо анҷом медоданд. Дар солҳои гуногун дар пеши модарам на як бор имкони дар хориҷ мондан фароҳам омада буд: донишгоҳҳои бонуфуз модара[1]мро барои тадриси адабиётшиносии муқоисавӣ даъват намуда, вазифаи профессориро пешниҳод мекарданд. Аммо модарам ҳамеша бармегаш[1]танд. Он кас роҳҳои дигаре набуданд, балки аз он рӯ, ки аз миёни роҳҳои бисёр огоҳона ҳамон роҳеро интихоб мекарданд, ки модарамро бозпас ме[1]бурд ба сӯи осорхона, мероси падар ва фарҳанги тоҷик. Модарам ҷаҳонро ба ошно ва бе[1]гона тақсим намекарданд. Ба ҷойи ин, роҳҳои пайвандро меҷустанд. Гоҳе он пул шеър буд. Гоҳе мусиқӣ буд. Гоҳе лексияе буд, ки пас аз он донишҷӯён дар толор мемонданд ва хеле дертар аз поёни барномаи расмӣ гуфтугӯро идома медоданд. Гоҳе мулоқоте дар як конфронс буд, ки ба мукотибаи чандинсола табдил меёфт. Ва гоҳе он танҳо лаҳзае буд, ки ду инсон, ки таърихҳои гуногун онҳоро шакл додаанд, дар якдигар ҳамон андуҳ ё ҳамон умедро мешинохтанд. Модарам ба чунин лаҳзаҳои шинохти ҳамдигар майл доштанд. Барои модарам дипломатияи фарҳангӣ андешаи абстрактӣ набуд. Он тарзи зиндагӣ буд. Модарам ҳеҷ гоҳ ба хотири осудагии шахсӣ аз баёни он чи дуруст мешумориданд, худдорӣ намекарданд. Андешаҳои худро ош[1]коро баён менамуданд ва ҷасорати нодире доштанд, ки ҳар чизро бо номи ҳақиқиаш бихонанд. Дар ҷаҳони мо, ки аз фасод, ҳасад ва ҷанг захмдор аст, чунин ростқавлӣ торафт камёб мешавад. Барои модарам ҷасорат маънои баландтар аз дигарон сухан гуфтанро надошт; он содиқ мондан ба виҷдонро дар назар дошт, ҳатто вақте ки ин садоқат барояшон гарон меафтод. Аммо ҷаҳон на ҳамеша ба кушода[1]диливу саховати модарам бо ҳамон меҳрубонӣ посух медод. Одамоне буданд, ки ба модарам бо душманӣ ва бераҳмии фавқулода муносибат мекарданд. Бо ин ҳама, намехоҳам рӯзҳои охи[1]рини модарам чаҳорчӯбае гарданд, ки тамоми зиндагияшон аз даруни он ба ёд оварда шавад. Ҳатто ҳангоме ки бо дарди он ки чӣ қадар ногаҳон аз дасташон додем, мубориза мебарам, андешаам ба гармӣ, неруи зиндагӣ ва ҳузуре бармегардад, ки зиндагиро пеш аз он рӯзҳои охир пур мекарданд. Пеш аз ҳама, садои модарамро ба ёд меорам. Писарам Равшан боре бо содагиву ростии кӯдакона гуфт: «Буваҷон овози сеҳрнок доранд».Ҳақ бо ӯ буд. Ҳангоме ки модарам дар ҷамъома[1]ди оилавӣ ба қиссагӯӣ оғоз мекарданд, ҳуҷра оҳиста-оҳиста хомӯш мегашт. Хотира ва тахайюл дар суханашон чунон табиӣ ба ҳам меомаданд, ки одамони тасвиркардаашон гӯё вориди ҳуҷра мешуданд. Шоире, ки кайҳо аз дунё рафта буд, ногаҳон хандаи ху[1]дро бозмеёфт. Шаҳре, ки даҳсолаҳо пеш дида буданд, бо ранги осмони шомгоҳияш бозмегашт. Гуфтугӯи фаромӯшшудае дар истгоҳи роҳи оҳан бо хурдтарин ҷузъиёташ дубора зинда мешуд. Вақте қисса ба анҷом мерасид, аксар вақт хомӯшии кӯтоҳу пуртаваҷҷуҳе ҳукмфармо мешуд, гӯё суханонашон дар деворҳо ва ашёи атрофи мо нишаста бошанд. Сипас механдиданд —хандаи гарму оҳанги[1]не, ки ҳамаро дубора ба гуфтугӯ боз[1]мегардонд ва дар вуҷуди ҳар касе, ки гӯш мекард, хотираҳоро бедор месохт. Садои модарам танҳо гузаштаро ҳифз намекард. Он ба гузашта дубора ҳаракат мебахшид. Шояд аз ҳамин сабаб ҳузури модарам то ҳол чунин наздик эҳсос мешавад. Модарам ба мо омӯхтанд, ки хотира ҳуҷрае нест, ки дар он рафтагон барои ҳамеша маҳбус бошанд. Хотира як шакли ҳаракат аст. Он аз як садо ба садои дигар, аз падару модар ба фарзанд, аз омӯзгор ба шогирд ва аз орзуи нотамоми як насл ба тахайюли насли баъдӣ мегузарад. Рӯзҳое ҳастанд, ки набудан мисли ҳақиқати ниҳоӣ ме[1]намояд. Курсии ошно холӣ мемонад. Ба рақами телефони ошно дигар занг зада намешавад. Саволе қариб бе[1]ихтиёр ба миён меояд,аммо танҳо ба хомӯшӣ бармехӯрад. Дар чунин лаҳзаҳо андӯҳ мекӯшад моро бовар кунонад, ки аз инсон танҳо он чизе боқӣ мемонад, ки акнун номум[1]кин шудааст.Аммо зиндагии модарам ба ман омӯхт, ки ба чунин марзҳои танг бовар накунам. Одамоне чун мо[1]дарам дар осори худ, дар хотираҳои мо ва дар дилҳои касоне, ки аз онҳо илҳом гирифтаанд, зиндагиро идома медиҳанд. Онҳо боқӣ мемонанд: ҳар гоҳ мусиқӣ ба бегонагон кумак меку[1]над якдигарро бишиносанд; ҳар гоҳ донишҷӯ дармеёбад, ки адабиёти тамаддуни дигар дур нест, балки амиқан инсонӣ ва ба қалб наздик аст; ва ҳар гоҳ қиссаи хонаводагӣ дубора гуфта шуда, шунавандаи нав пайдо мекунад. Модарам дар ҳар мулоқоти байнифарҳангие, ки бо гӯш додани ҳақиқӣ оғоз мешавад, боқӣ мемонанд. Мероси Мунира Шаҳидӣ он гоҳ низ идома меёбад, ки ду анъана ба ҳам мерасанд, бе он ки яке кӯшиш кунад дигареро камарзиш ё тобеи худ созад. Ин мерос ҳар гоҳ зинда мемонад, ки тафовут ба манбаи фаҳмиш табдил меёбад, на тарс. Модарам дар дониш[1]гоҳҳое боқӣ мемонанд, ки андешаҳоя[1]шон замоне вориди толорҳои лексия шуда, саволҳои нав бедор мекарданд. Дар донишҷӯёне боқӣ мемонанд, ки шояд дигар ҳар сухани модарамро ба ёд наоранд, аммо ҳамоно самти ан[1]дешаеро пайравӣ мекунанд, ки барои онҳо кушода буданд. Дар рафторҳои мо, ҳатто вақте худ пай намебарем, боқӣ мемонанд: дар тарзи истиқбол кардани шахси дигар, ҳифз кардани дастнавис, ба ёд овардани оҳанг ё роҳ надодан ба он ки мероси фарҳангӣ ба ёдгории беҷону беруҳ табдил ёбад. Модарам дар саволҳои мо, дар талаботи ахлоқии мо ва дар меъ[1]мории нонамоёни қарорҳои мо боқӣ мемонанд. Зиндагии модарам аз ки[1]шварҳои зиёде гузашт, аммо ҷуғрофи[1]яи ҳақиқии он аз пайвандҳои инсонӣ сохта шуда буд. Модарам одамонеро ба ҳам меоварданд, ки дар акси ҳол шояд ҳеҷ гоҳ бо ҳам дидор намекар[1]данд. Забонҳоро ба муколама меовар[1]данд ва мероси ниёгонро дар паҳлуи замони муосир, шахсиро дар паҳлуи умумибашарӣ ҷой медоданд, бе он ки ҳеҷ кадомро ба даст кашидан аз шаъну эътибори худ маҷбур созанд. Ин моҳияти ҳам ҷаҳонватанӣ ва ҳам байнифарҳангияти модарам буд. Ҷаҳонватанӣ барояшон имкон медод, ки бо масъулият ба ҷаҳонҳои гуногун тааллуқ дошта бошанд. Бай[1]нифарҳангият бошад, имкон медод, ки он ҷаҳонҳоро дар робитаи зиндаву мутақобил бо ҳам қарор диҳанд. Модарам ба ҷаҳон тааллуқ дош[1]танд ва ҷаҳон дар вуҷудашон инъикос меёфт. Бо вуҷуди ин, ҳамеша худи хеш мемонданд: духтар, модар, бибӣ, донишманд, қиссагӯ, посдори мусиқии падарашон, омӯзгор ва созандаи пулҳои фарҳангӣ. Ҳар қадар ҷаҳон[1]биниашон васеътар мегардид, ҳамон андоза арзиши хона, оила ва решаҳои худро амиқтар дарк мекарданд. Ҳоло, вақте дар бораи модарам меандешам, нури хомӯшшударо намебинам, балки нуреро мебинам, ки шаклашро дигар кардааст. Он дигар аз як манбаи яго[1]наи намоён намеояд, аммо дар вуҷуди мо, дар хотираҳо ва дар гӯшаҳои дури ҷаҳоне, ки зиндагияшон ба онҳо раси[1]дааст, ҳамоно идома дорад. Одамоне чун модарам нопадид намешаванд. Онҳо дар хотираи мо, дар корҳои мо ва дар ҳар чизе, ки аз онҳо омӯхта, ба дигарон мерасонем, зиндагиро идома медиҳанд. Шояд ҷовидонагии инсон низ ҳамин бошад: ҳифз кардан ва ба наслҳои дигар су[1]поридани он чи дӯст медорем.
Фарангис Шаҳидӣ





