34.1 C
Душанбе

ГУФТАН ЧӢ ҲОҶАТ АСТ, КИ ХУРШЕД РӮШАН АСТ!

Насри тоҷик дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҳам мисли солҳои қабл рушду нумуи барозандае дорад. Ба вуҷуд омадани чандин роману повест ва ҳикояҳои хубу хонданӣ дар мавзуъҳои гуногун шаҳодати он аст. Дар ин радиф Шодӣ Раҷабзод аз зумраи нависандагонест, ки ба қавли носири маъруф Юнус Юсуфӣ “асосан ҳикоя менависад ва дар ин ҷода комёбу муваффақ низ ҳаст”. Аввалин китоби ӯ таҳти унвони “Растагорӣ” бо сарсухани адабиётшиноси донишманд, устод Абдунабӣ Сатторзода нашр гардида буд. Устод Сатторзода Шодӣ Раҷабзодро “нависандаи ҳақиқатнигор ва маърифатпарвар” номида, “такрори нақаротвори бархе ҷумлаву таъбиру ибораҳо ва саҳнаҳои зиндагӣ” дар насри ӯро баёдоварандаи сабки адиби маъруфи колумбиягӣ Габриэл Гарсиа Маркес меномад. Китоби дуюми нависанда бо номи “Ранҷиш” соли 2018 аз чоп баромад, ки фарогири 17 ҳикоя ва 6 эссе мебошад. Ҳамчунин, дар ҳамин сол Шодӣ Раҷабзод ба узвияти ИНТ пазируфта шуд. Китоби сеюми нависанда “Дасти боло” соли 2023 нашр гардид ва Ҷоизаи адабии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро соҳиб гашт. Ин китоб фарогири 22 ҳикоя мебошад. Дар радифи тақризу мақолаҳое, ки ба ин китоб навишта шудаанд метавон аз “Равоншиноси мардуми деҳ”-и Ҳафиз Раҳмон, “Эъҷози килки сеҳрофар”-и Шодӣ Шокирзода, “Рӯз[1]гори ҳамзамонон дар “Дасти боло”-и Маҷид Салим ва сарсухани китоб, ки ба қалами Юнус Юсуфӣ марбут аст, ном бурд, ки ҳар кадоме ба гунае рамзу рози навиштаҳои Шоди Раҷаб[1]зодаро бозкушоӣ кардаанд. Дар ин мақолаҳо ҳунари нависандагии адиб мунсифона баррасӣ гардидааст. Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон устод Низом Қосим дар маърузаи ҳисоботии худ дар анҷума[1]ни 16-уми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон бо номи “Панҷ соли ада[1]биёт: инкишофи жанрҳо, густариши мавзуъ, такомули ҳунар ва эҳсоси масъулият”, ки дар ҳафтавори “Ада[1]биёт ва санъат” нашр гардид, ба ҳунари нависандагии Шодӣ Раҷабзод чунин баҳо додааст: “Шодӣ Раҷабзод ҳам дар ҳикояҳои “Интизорӣ”, “Як сатил гандум”, “Бародарам”, “Девор” асосан зиндагии омӯзгорро мавриди тасвир қарор додааст. Қаҳрамонони ӯ шахсони фаъолу рӯшанфикр, ҷасуру дурандеш ва покизакоранд. Ва ин хислатҳо на урён, балки бо ҷузъиёти мувофиқу муассир бозгӯ шудаанд, ки арзиши ҳикояҳоро меафзояд.” Агар мо бо дидаи инсоф ба ҳунари нависандагии Шодӣ Раҷабзод назар кунем, мушоҳида месозем, ки дар тасвиру бозтоби бадеии лаҳзаҳои зиндагӣ ва сарнавишти одамон са[1]бақе ба хонанда медиҳад. Аз ҳикояҳои нависанда маълум аст, ки ӯ аз шеър ва зарфияти он низ хуб огоҳ аст. Овар[1]дани ин байти Нодирпур:

Ҳар чи дил ҷавонӣ кард, кӯдакона хандидам,

Пирӣ омаду овард гиряи пушаймонӣ.

ки ҳамчун эпилог (оғози сухан) ба ҳикояи “Гиряи пушаймонӣ” ба мисли масали “ширу шакар” омадааст, гу[1]воҳи ин матлаб мебошад. Ҳамчунин, ӯ дар ҳикояи “Бародарам” ибораҳоеро мисли “пироҳани тирагуни шаб” ва “хонаи гӯш” истифода мебарад, ки шоиронаанд. Маҳорати нависандагии адиб дар дарёфти мавзуъ равшан ба чашм мерасад, зеро ӯ мавзуъҳоро аз ма[1]кону фазои ҳаёти мардуми деҳ, ки худ низ як узви он аст, мегирад. ӯ бо тасвирҳои зебо ҳикояро оғоз карда, ба он ҷон мебахшад ва аксари ҳикояҳои худро тавре ба анҷом мерасонад, ки хулосаву ҷамъбасти он ба худи хонан[1]да ҳавола карда мешавад. Ҳикояи “Имтиҳони қисмат” аз зумраи ҳикояҳоест, ки бештар диққати хонандаро ба худ ҷалб мекунад. На[1]висанда дар ҳикоя аз фарёду афсуси қаҳрамони марказӣ – бобои Исо, ки дар дами пирӣ аз гуфтор мондааст, ҳарф мезанад. Мӯйсафед аз амалҳои хубу нохубаш ёд карда, тамоми зинда[1]гии худро аз пеши назар мегузаронад. Ҳар сатри ин ҳикоя то ба анҷом ҳузне дар дили хонанда зам менамояд. Ҳикояҳои дигари китоби “Дасти боло” низ чунин хубу хонданианд. Тасвирҳои нависанда ҳам дар онҳо лоиқи таҳсинанд, мисли ҳикояи “Сар[1]навишти ду тан”: “Фиғону ғиреви саг косаи сарашро пур карда, боридани боронаки афсонавию афсунгар ва бӯйи атри гулу гиёҳони кӯҳӣ ва насими навозишгарро, ки бӯса ба чашму лабу рухсораҳо мезад, ба тамом пахшу маҳв сохта, ӯро ба олами садоҳои бимовару таҳлукаангез тела дод.” Тасвири шахси дигаргунаи ниҳоди қаҳрамони ҳикояи “Интизорӣ” ҳам ҷолиб аст: “Дар ниҳодам шахсе ди[1]гаргуна, ки аз “ман”-и воқеӣ комилан дар фосилаҳо қарор дошт, ба шӯру фиғону ошӯб омада, ҳама садду мо[1]неаҳоро убур ва қад алам кард”. Дар аксари ҳикояҳои нависанда тасвири зиндагии мураккаби мардуми заҳматкаши тоҷик дар солҳои ҷанги шаҳрвандии кишвар ба мушоҳида мерасад. Масалан, масъалаи бе[1]меҳрии бародар ба бародар, қаҳти нон, гуруснагӣ ва ғайра. Мавзуъҳои дигари ҳикояҳо хурофотӣ будани мардум, қадру манзалати муаллим миёни ҷомеа, пирӯзии некӣ бар бадӣ, беадолатии табақаҳои болои ҷамъият ва амсоли инҳоро дар бар мегиранд. Яке аз хусусиятҳои услубию ғо[1]явии ҳикояҳои Шодӣ Раҷабзод, ба андешаи мо, пурқувват будани ҷанбаи интиқодӣ дар онҳо ба шумор меравад. Пас аз мутолиаи иддае аз чунин ҳи[1]кояҳо, амсоли “Тақдирҷунбон”, “Гиряи пушаймонӣ”, “Девор” ва ҳаҷвияҳои “Кӯрнамакҳо”, “Балогардон”, “Диван”, “Ҳай дареғ” фикре дар мағзи кас ҳосил мешавад, ки нависанда дар баробари пешравиҳо, аз зуҳури амалҳои ба ҷо[1]меа зиёнбор, аз ҷумла, беадолатию тамаъкории бархе аз амалдорону мансабдорон, бепарвоию бетафову[1]тии онон дар қиболи иҷрои рисолати худ, бахусус, дар масъалаи рушду такомул бахшидани соҳаи маориф ва ободонию бунёди мактабҳо, ғо[1]рату талаю тороҷи заминҳо ва ғайра бонги додхоҳӣ баланд мекунад. Дар ин ҳикояҳо оҳангҳои танзу зарофат ҷойгоҳи асосӣ дошта, нависанда бо шикастани қолабҳои услубӣ, тавъам сохтани хусусиятҳои жанрии ҳикояву ҳаҷв падидаҳои ногувори ба замони муосир бего[1]наро шадидан зери танқид қарор медиҳад. Паҳлуи дигари моҳияту ҳада[1]фи ҳикояҳои Шодӣ Раҷабзодро масъалаҳои ахлоқи ҳамзамонон ташкил медиҳад. Дар як гурӯҳ ҳикояҳо ин мавзуъ бо тасвирҳои тоза, истифода аз унсурҳои ҷолибу ҷаззоби бадеӣ ба таври амиқу ҷиддӣ таҳлил гардида, нависанда хонандаро аз коста гардидани ахлоқ, беэҳтиромӣ ба калонсолону волидон, зуҳу[1]ри бераҳмию бешафқатии инсонҳо дар ҷомеа огоҳ мекунад. Аммо ин огоҳию ҳушдор ҷанбаю ҷавҳари ма[1]заматкунандаю ислоҳхоҳона дорад. Бояд одамони бадаъмол тағйири хислату хуву рафтор намоянд, зеро ин раванд ҷомеаро аз дохил харобу вайрон хоҳад кард. Дар ҳикояҳои “Ранҷиш”, “Шаби сиву якум”, “Сарна[1]вишти ду тан”, “Интизорӣ”, “Чорсӯ”, “Гиряи пушаймонӣ” ва чанди дигар ин таъкиду талқини муаллиф ба таври пуробуранг, бо тасвири лавҳаю эпи[1]зодҳои муассиру таконбахш равшану дақиқ ба назар мерасад. Ҷамъбасту хулосабарориҳои адиб дар ин ҳико[1]яҳо моҳияти баланди гуманистиро касб карда, сарнавишти талхи ину он фард ҳамчун фоҷиаи умумиинсонию кайҳонӣ бозтоб мешавад. Ба хусус, дар ҳикояҳои “Сарнавишти ду тан” ва “Ранҷиш” бо корбасти руҷуъҳои фалсафию ҳикматомез ва рамзу сумбул ин ғоя бештар ба мадди назар мебарояд. Дар ҳикояи “Сарнавишти ду тан” иртиботи байни инсону ола[1]ми мавҷудоти дигар, арзиши баланд доштани талоши зистан яксон барои одаму ҳайвон ва бад-ин шева, нигоҳ доштани тавозуни маърифати фалса[1]фии муносибати руҳу тан дар мисоли марги писараке бо номи Фарҳод ва сагчаи ӯ ба риштаи тасвир кашида шудааст. Яъне дар ҳикоя муҳим бозтоби зоҳирии рухдод ба ҳисоб на[1]рафта, баръакс, фалсафаю ҳикмати зиндагӣ реша дар умқи муносибати бепарвоёнаи калонсолон дорад, ки мувоҷеҳ ба ҳалокати ду мавҷуди Офаридгор мешаванд. Дар ҳикояи “Ранҷиш” оҳангу тасви[1]ри модерн (сюрреалистӣ) равшану саҳеҳ ба мушоҳида мерасад. Аслан дар ин ҳикоя низ инъикоси зоҳирии воқеаву андешаҳои ботинии қаҳрамо[1]нони он заминаест баҳри баёни фал[1]сафаи падидаи фалокатбори ҷангу бераҳмӣ, ки ба паёмадҳои фоҷиазо оварда мерасонад. Боғи дарахтони сабзу пурбор, ки аз байн бурда ме[1]шавад, намову таҷассуми кишварест, ки бар асари ҷангҳои бемаънӣ ба харобазор табдил гардида. Бавижа, ҷамъбасти ҳикоя, ки дорои унсури ғайримуқаррарии бозтоби бадеист, аз муваффақияти эҷодии нависанда ба шумор меравад. Ташриф овардани руҳи падар ба хонаи писар ва субҳ бармало мушоҳида кардани изи пойи ӯ дар рӯйи барф, ки то дами дарвоза тул кашидааст, то андозае тасаввурнопазир менамояд. Аммо ин тасвир усули тозаи метавон гуфт, илман асоснокшудае мебошад, ки аз иртиботи инсонҳо баъд аз марг, дар моварои фазою кайҳони беохир шаҳодат медиҳад. Чунин сабку шеваи нигориш, ки реша дар зуҳури падидаҳои кашфношудаи табиат ва ҳаёти инсонҳо дорад, воқеан, қобили мулоҳиза ва истиқбол аз диди нави нависанда аст. Ҷанбаҳои фалсафию ҳикматбор дар яке аз беҳтарин ҳикояҳои маҷмуаи “Дасти боло” – “Ғамкушта” ба қуллаи баланди худ мерасад. Ҳикмати як тут, ки тамоми бедодгарию зулми камонбадастон дар замони ҷанги шаҳрвандӣ аз зовияи бинишу дарк ва мушоҳидаҳои ӯ инъикос мегардад, воқеан, хулосаи амиқи рамзӣ дорад. Шикастану ба боди фано рафтани тут бозтоби таҷассуми як кишвар аст, ки басо нозуку ҳунармандона мавриди тасвир қарор гирифтааст. Дар бораи ҳунари нависандагии Шодӣ Раҷабзод бисёре аз муҳаққиқон андешаҳои худро иброз намудаанд, ки чанде аз онҳоро дар боло зикр кардем ва ҳоҷат ба такрори он суханон нест. Ин ҷо чанде аз камбудиҳои ба чашмам бархӯрдаро мехоҳам баён намоям. Пеш аз ҳама, бояд гуфт, ки дар насри нависанда корбурди вожаҳои арабӣ, ки муродифи хуби тоҷикӣ низ доранд, бештар ба чашм мерасад. Масалан, истифодаи калимаи “лобаён” дар чандин ҳикояи нависанда, “лоилоҷ” дар ҳикояи “Сарнавишти ду тан”, “иртифоъ” дар ҳикояи “Бародарам”, “таъодил” дар ҳикояи “Гиряи пушаймонӣ” ва чанде дигар. Ҳамчунин, калимаи русии “сумка” аз забони муаллиф дар ҳикояи “Интизорӣ” низ зебо нест. Вожаи “тамъ”-ро, ки дар асл маънии тамаъро дорад, нависанда дар ҳикояи “Дасти боло” ба маънои мазза истифода кардааст, ки дурусташ “таъм” мебошад. Ҳикояи “Сарнавишти ду тан” дар маҷаллаи “Садои Шарқ” бо номи “Се сарнавишт” чоп гашта буд, ки муносибтар аст. Нависанда замони номгузории ҳикоя дар радифи сарнавишти саг ва Фарҳод сарнавишти мурғобиро фаромӯш намудааст. Шодӣ Раҷабзод яке аз муваффақтарин нависандагони замони мо мебошад, ки эҷодиёти ӯ таҳқиқоти фарогиру ҷиддиро тақозо дорад.

МАРЗБОНАЛӢ ҚУРБОНЗОДА

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо