НАҶМИДДИН САЛОҲИДДИНЗОДА
Мутолиаи намунаҳо аз осори гаронмояи адибони классики тоҷику форс дар тарҷумаи немисӣ Генрихро ба адабиёт ва забони тоҷикӣ дилбаста гардонид. Ва ҳамин рағбат ӯро водор намуд, ки ба омӯзиши забони тоҷикӣ камари ҳиммат бубандаду осори адабии безаволи тоҷиконро дар забони асл мутолиа карда, баҳраи маънавӣ бардорад. Ба ин мақсад ба давраи шашмоҳаи омӯзиши забони тоҷикӣ пайваст. Аммо ба ин иктифо накарда, як соли дигар назди яке аз забоншиносони Донишгоҳи шарқшиносӣ ба омӯзиши инфиродӣ машғул шуд. Ҳамзамон, бо мусоидати дӯстону шиносҳояш ва кормандони сафорат ба китобу маҷаллаҳои тоҷикӣ дастрасӣ пайдо карду ба мутолиаи онҳо пардохт. Таваҷҷуҳи хоссаи ӯро ба забону фарҳанги тоҷикӣ ба инобат гирифта, яке аз созмонҳои фарҳангӣ номи ӯро ба рӯйхати иштирокчиёни ҷашни Рӯзи забони тоҷикӣ дар Тоҷикистон ворид намуд. Дар тайёра истиқбол ва тартибу қоидаҳои парвозро бо овози маҳину форами занона ба забони тоҷикӣ гӯш карда, ба омӯзгоронаш ғоибона таҳсин хонд, ки меҳнаташон барабас нарафтааст ва ӯ дигар озодона ин забони ширадорро мефаҳмад. Чанде нагузашта садои форами мусиқии «Шашмақом» танин андохт. Генрих ба курсӣ такя зада, чашмонашро пӯшид ва ба оҳанг гӯш супурд. Баъди чанд лаҳза овози занонаи шинос мусофиронро ба нӯшидани шарбатҳо даъват намуд. Рӯйхати нӯшобаҳоро бо забони тоҷикӣ хонда, кайфияти Генрих боз ҳам афзуд: «Сиёма», «Оби зулол», «Нури зулол», «Файзобод», «Шоҳамбарӣ», «Қаратоғ», «Амина», «Муъминобод»… Дар бараш ду нафар омӯзгор нишаста буданд, ки аз кадом конфрон[1]си байналмилалӣ бармегаштанд. Суҳбаташон гарм шуд. Ба омӯзгорон канда-канда, вале самимӣ ба тоҷикӣ гап задани Генрих хеле хуш омад. Бо суҳбат роҳро кӯтоҳ карданд. Пазироӣ дар сатҳи баланд буд. Генрих аз он хурсанд буд, ки забони тоҷикиро балад асту ба тарҷумон зарурат надорад. Баъди хӯроки шом кӯча баромаду харитаро кушода, ба номи хиёбонҳо назар кард: хиёбони Рӯдакӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Садриддин Айнӣ, кӯчаҳои Умари Хайём, Абулқосими Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода… Ана, инро ватандорӣ ва ҳувияти миллӣ мегӯянд! Ба атроф назар андохта, чашмаш ба муҷассамаи Садриддин Айнӣ афтод. Аз дидани симои ошнои адибе, ки номашро борҳо дар китобҳо хонда буд, вуҷудашро ҳаяҷони аҷибе фаро гирифт. Дилаш хост дар хиёбоне, ки номи устодро дорад, каме пиёда гардад ва фазои онро аз наздик эҳсос кунад. Аммо ҳанӯз чанд қадам набардошта ба ду тарафи хиёбон нигаристу ангушти ҳайрат газид. Бори дигар ба атроф назар дӯхт, гӯё мехост мутмаин шавад, ки воқеан дар хиёбони ба номи сардафтари адабиёти муосири тоҷик қарор дорад. Дар пештоқи бисёре аз мағозаву қаҳвахонаҳо навиштаҳои ғайритоҷикӣ ба чашм мерасиданд. Ҳар қадар пештар мерафт, шумораи чунин номҳо бештар мешуд: «Barbershop», «Charme», «City style», «Beauty salon»… Генрих гоҳ ба ин навиштаҳо ва гоҳ ба лавҳаи номи хиёбон менигарист. Барои касе, ки ҳазорҳо километр роҳро тай карда буд, то забони тоҷики[1]ро дар сарзамини тоҷикон бишнавад, ин манзара андаке ғайричашмдошт намуд. Дар рӯзҳои баъдӣ Генрих аз Ки[1]тобхонаи миллӣ, Осорхона ва Кохи Наврӯз дидан карда, ҳаловат мебурд. Аммо вақте ба кӯча мебаромад, боз асабӣ мешуд. Саволе ӯро ором наме[1]дод: «Оё номгузории ғайритоҷикӣ ба соҳибони ин муассисаҳо чӣ медиҳад? Магар бо номи англисӣ тиҷораташон ривоҷ меёбад?» Як рӯз хост, ки Боғи Садриддин Ай[1]ниро тамошо кунад. Ба таксӣ нишаста, бо забони тоҷикӣ гуфт: – Маро то Боғи ба номи Садриддин Айнӣ мебурдед. – Нафаҳмидам, – ҳайрон шуд ронанда. – Боғи ба номи Садриддин Айнӣ! – Суроғаро як бори дигар гӯед, аз навигатор бинам. Генрих аз харита мақсадро нишон дод. Ронанда ӯро бо роҳбаладии на[1]вигатор то макони дархостӣ оварда, гилаомез гуфт: – Меҳмон, ин ҷо «Парки Айнӣ»-ку! «Парки Айнӣ» мегуфтед, ҳоҷат ба навигатор ҳам набуд. Генрих айнаки сиёҳашро гирифта, бо ангушт ба навиштаҷоти калони болои дарвоза ишора кард: – Муҳтарам ронанда, агар ишти[1]боҳе аз ман гузашта бошад, узр. Лекин ба навиштаҷоти болои дарвоза назар кунед: «Боғи ба номи Садриддин Айнӣ»! Ронанда ба навиштаҷот як чашм давонду бепарво кисаашро кофт: – Э, меҳмон, онро барои шоирон навиштагианд, барои мо – «Парк»! Ба фикрам, барои навигатор раҳкиро боз ду сомонӣ қиматтар шуд… Генрих оҳе кашида аз таксӣ фу[1]ромад. Баъди сайри боғ Генрих хост савори автобуси шаҳрӣ шуда, фазои ҷамъиятиро ҳам бубинад. Автобус нав, симои мусофирон ҳама шарқиёнаву зебо. Аз радио сарояндае суруди пурошӯби хориҷиеро бо забони нофаҳмо ва зарбҳои сангин “гулӯ даронида” мехонд. Генрих ба назди ронанда рафта, бо забони ноби тоҷикӣ пурсид: – Бародар, узр, оё имкон дорад, ки як суруди тоҷикӣ гузоред? Ронанда бепарвоёна як ба Генрих нигариста гуфт: – Э, ака, суруди тоҷикиро дар хона гӯш кун! Ҳозир «тренд»-и рӯзи репи арабӣ ва рок-мусиқӣ аст. Ҷавонон ҳаминро мехоҳанд! Аз автобус фуромада, ба бозори машҳури шаҳр рафт. Бозор пур аз меваҳои шаҳдбори тоҷикӣ: ангури ҳи[1]сорӣ, шафтолуи бобоӣ, анори нордон. Ба назди растаи мевафурӯшие омад. Генрих бо эҳтиром гуфт: – Ассалому алейкум, бародар! Ин себҳои ширини тоҷикиро аз кадом боғи диёр овардаед? Мевафурӯш бо як ғурури аҷиб ай[1]накашро рост карда посух дод: – Э, акаҷон, ин себи одии маҳаллӣ нест! Ин «Apple red delicious — premium import»!(Себи сурхи лаззатнок — пре[1]миум импорт) Аз ҳама меваҳои хо[1]риҷӣ қиматтар! Генрих ҳайрон шуда, себро ба даст гирифт: –Ин себҳо магар дар Тоҷикистон рӯйида нест? Мевафурӯш писханд зарда гуфт: – Ака, ин себи Тоҷикистон аст. Лекин агар ман «Себи маҳаллӣ» гӯям, мардум килояшро даҳ сомонӣ мепурсанд. Аммо «Red delicious import» (Воридоти лазизи сурх) ки навиштам, панҷоҳ сомонӣ бе чала[1]пул мехаранд! Генрих себро ба ҷояш гузошта зери лаб гуфт: «Аҷаб мантиқ! За[1]бони англисӣ ҳатто ба себи ширин ҳам шаҳодатномаи хориҷӣ медода[1]аст…». Баъд ба мағозаи «Хушбӯ» ворид шуд: – Хонум мехоҳам, барои занам атри хушбӯи «Зебо» ё «Гулоб» ха[1]ридорӣ намоям? Фурӯшандадухтар бо ишва гуфт: – Э муаллим, «Зебо»-ву «Гулоб»- ро кампирҳо истифода мебаранд! Мо танҳо «Шанел” ва «Victoria’s secret» дорем. Хаставу монда ба меҳмонхона омаду сар ба болин гузошт. Аммо ҳанӯз хобаш набурда, занги телефон баланд шуд. Гӯширо бардошт. – Хаста нашудӣ, азизам? Таас[1]суротат чӣ хел? Тоҷикистон маъқул шуд? Ба ту ҳавасам меояд. Боз ту ба тарҷумон ҳам ниёз надорӣ. Гап ҳамин, соли оянда ҳамроҳ ба Тоҷи[1]кистон меравем, ту ба ман тарҷумон мешавӣ,– тез-тез гӯё, ҳозир алоқа канда мешуда бошад, суҳбат мекард зани Генрих. – Гӯш кун, занак ман ба ту тарҷу[1]мон шуда наметавонам. Зеро барои омӯхтани забони тоҷикӣ як сол кофӣ буд. Аммо барои фаҳмидани он ки тоҷикон дар ватани худашон бо ка[1]дом забон ном мегузоранд, тиҷорат мекунанд, мусиқӣ гӯш медиҳанд ва нон мехӯранд – луғати тамоми за[1]бонҳои ҷаҳон камӣ мекунад… – Чӣ хел? – ҳайрон пурсид ҳам[1]сараш. Аммо Генрих чун ба ин суол ҷавоб надошт, гӯширо гузошту дубора сар ба болин гузошт.





