Санаи 22 майи соли ҷорӣ дар маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи осори Рассоми халқии Иттиҳоди Шуравӣ ва Тоҷикистон Суҳроб Қурбонов зери унвони «Меандешам, пас ҳастам», ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ бо шукӯҳу шаҳомат баргузор гардид, ширкат доштам. Дар он намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, аҳли илму фарҳанг ва дӯстдорони ҳунари рассом иштирок намуданд. Нотиқон аз ҳаёту эҷодиёти устоди зиндаёд Суҳроб Қурбонов сухан гуфта, пасон аз мусаввараҳои рассом, ки дар толори бошукӯҳ ба маърази тамошо гузошта буданд, дидан карданд. Аз намоишгоҳ бо андеша баргаштам. Хаёлам ба даҳсолаҳои пешин дакка хӯрд… ӯ бо ҳидояти падари бузургвораш ба ҳунари нигорандагӣ рӯ овард. Дар ин хусус ҷое ёдовар мешавад: “Падарам мехост, ки ман рассом шавам, ҳол он ки ман ба ин касб таваҷҷуҳ надоштам…” Падараш Усмон Қурбонов дар вазифаҳои пурмасъулияти давлатӣ шуғл меварзид, аммо дар вуҷуд фарҳангсолор буд. Муассисаҳои фарҳангиву ҳунарӣ бунёд мекарду бо аҳли адабу ҳунар ошноӣ дошт. Усмон Қурбонов яке аз он ҷавонони тоҷике буд, ки солҳои 20-ум бо ҳамроҳии шоири бузурги тоҷик, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода дар аробаи Ҳасан, ки минбаъд қаҳрамони асосии достони М. Турсунзода “Ҳасани аробакаш” гардид, барои таҳсил ба Дорулфунуни Тошканд рафта буд. Минбаъд ӯ бо олимону шоирон, нависандагону аҳли ҳунар, ба монанди Б. Раҳимзода, М. Миршакар, Ғ. Абдулло, М. Қосимов, А. Бурҳонов, Т. Фозилова, М. Осимӣ, М. Назаров, Р. Юсуфбеков ва дигарон дӯстиву робита дошт. ӯ яке аз он шахсиятҳоест,ки ҳангоми муовини Раиси комиҷроияи шаҳри Душанбе буданаш дар бунёди чойхонаи “Роҳат” саҳмгузор буданд. Бо ҳунармандони халқӣ – устодони ҳунар Б. Баротбеков ва М. Олимов оини дӯстиву бародарӣ дошт. Шояд ҳамин сабаб шуда бошад, ки Суҳроби ҷавонро ба касби хеш нею ба ҳунари нигоргарӣ роҳнамоӣ кард… Падар барои Суҳроби ҷавон дар зиндагӣ намунаи ибрат буд. Боре ба коргоҳаш омадам. Назди мусаввараи нотамом дар даст мӯқалам андеша дошт. Манро ба сари мизи пастаке, ки болояш об, сигарет ва як пора нон меистод, таклиф кард. Донистам, ки ғарқи хаёлот аст, зуд сари мақсад омадам. – Акои Суҳроб, мехоҳам аз ҳаётатон китоб нависам. Шумо ба ин чӣ мегуед? Вай рӯ ба рӯям ба курсии дигар нишаста, айнакашро аз чашм гирифт ва гуфт: — Дар бораи ман китобҳои зиёд навиштаанд. Агар тавонӣ, дар бораи падарам навис. Маводҳо зиёданд. Хотираҳои хешу дӯстонашро метавонӣ аз деҳаи худат дастрас намоӣ, охир, вай ҳамдеҳаи ту буд… Суханашро ба замин нагузоштам. Пас аз чанд муддат қиссаи ҳуҷҷатӣ дар бораи Усмон Қурбонов таҳти унвони “Мусофири Ҳасани аробакаш” ба забонҳои тоҷикиву русӣ аз чоп баромад. Суҳроб ба Омӯзишгоҳи ҷумҳуриявии рассомии ба номи М. Олимови шаҳри Душанбе дохил шуда, онро соли 1964 бомуваффақият хатм кард. Таҳсилашро дар Маскав давом дода, солҳои 1965-1971 дар Институти давлатии рассомии ба номи И. В. Суриков, дар устохонаи монуметалии яке аз омӯзгорони шинохтаи донишкада К. А. Тутевол таҳсил намуда, пас аз хатм соли 1971 ба Душанбе баргашт. Пас аз бозгашт дар омӯзишгоҳ баробари омӯзгорӣ ба фаъолияти эҷодӣ машғул гардида, дар жанрҳои монументалӣ ва суратгарӣ як силсила асарҳои ҷолиб офарид. Бояд хотирнишон сохт, ки фаъолияти эҷодии ӯ ҳанӯз дар даврони донишҷӯи ҳамин омӯзишгоҳ будан оғоз гардида, минбаъд дар Маскав идома ёфт. Нахустин бор соли 1967 дар намоиши асарҳои донишҷӯён дар Ленинград ширкат кард. Ҳамон замон дарк намуд, ки падараш ба ӯ роҳи дурустро нишон додааст. Минбаъд дар намошҳои зиёди Иттифоқи рассомони Тоҷикистон, Иттиҳоди Шуравӣ ва берун аз он бо асарҳои тоза ширкат мекард. Давраи аввали эҷодиёташ ба охири солҳо 60 ва оғози солҳои 70-ум рост ме[1]ояд. Истеъдоди воло, дониши таърихӣ, фалсафӣ, ҳунарӣ дар як муддати кӯтоҳ ӯро ба доираҳои ҳунарии Иттиҳоди Шуравӣ шинос намуда, ба қуллаи баланди эҷодӣ ҳидоят намуд. Азбаски донишкадаро дар Маскав бо тахассуси рассом-монументалист хатм карда буд, нахуст дар ҳаммуаллифӣ бо дигар рассомон ба офаридани асарҳои монументалӣ пардохт. Ин жанри заҳматталабест, ки ду раванд: муҷассама ва мусаввараро дар ангезиш ба ҳам оварда, батамом асари сабки барҷастаро эҷод мекунад. Асари монументалӣ дар қасри Ваҳдати шаҳри Душанбе (1981), гобелен дар Китобхонаи ҷумҳуриявии ба номи А.Фирдавсӣ (1978-1980), ороиши бинои истгоҳи барқии Норак (1987) бавижа композитсияи муҷассамавии пештоқи “Хонаи адибон”-и Иттифоқи нависандагон,ки ҳаррӯз ҳангоми ба иттифоқ омадан онро мебинем, маҳсули дасти ӯст. Ин асарро соли 1971 С. Қурбонов ва И. Милашевич бо ҳаммуаллифии Н. Арутюнов офарида “Ситораҳои назм” номгузорӣ кардаанд. Маҷмаа басо рамзӣ буда, рафоқати адабии намояндагони барҷастаи адабиёти классикиву муосири русу тоҷикро нишон медиҳад. Бояд хотирнишон сохт, ки рассоми монументалист мисли заргар нозукбин аст. Ҳар пораи сангу сафол ё ранг ҷои муайяни худро дорад. Масалан, дар асари суратгарӣ агар ҳангоми рангмолӣ хатое ба миён ояд, рассом зуд бо кафшерча онро харошида пок мекунад ва ранги нав мегузорад. Аммо рассоми монументалист ҳуқуқи хато кардан надорад. Ҳунари гобелен низ махсус буда, дар болои тикка бо риштаҳои қолинпардозӣ лаҳзаҳои мухталифро тасвир мекунанд. Гобелени дар Китобхонаи Ҷумҳуриявии ба номи А. Фирдавсӣ насбшуда намунаи беҳтарини ин жанр аст. С. Қурбонов баробари офаридани асарҳо дар жанри монуметалӣ ба жанрҳои дигари ҳунари тасвирӣ рӯ оварда, дар ин ҷода низ комёб мегардад. Аммо монументализм ба таври ҳамешагӣ дар осораш ба ин ва ё он шакл арзи вуҷуд мекард. Вай чун кафшергар сабки монументалиро минбаъд бо жанрҳои дигари ҳунари тасвирӣ, ба мисли суратгарӣ, наққошӣ, сиёҳқаламӣ, манзараороӣ, чеҳранигорӣ, натюрморт, инчунин суннатҳои классикӣ ба ҳам пайваста, омезиш медиҳад. Ин баҳамоӣ ва омезиш сабку равиши комилан навро ба вуҷуд меорад, ки минбаъд дар муссавараҳояш мисли занҷир пайванд шуда, то ба кайҳони ҳунари тасвирӣ мерасад. Рассом бо маҳорати баланд унсурҳои тасвирии классикиро низ ноаён дар осораш ҷой медиҳад. Дар ин хусус ҳунаршинос Л. Додхудоева навиштааст: “Чӣ қадар, ки ӯ ба умқи ин ва ё он масъала ҷиддитар сарфаҳм мерафт, ӯро бештар мазмун ва волоияти образҳои классикӣ ба худ мекашид. Аҳён-аҳён ба истифодаи бевоситаи оҳангҳои суннатӣ мепардохт…” Агар эҷодиёти Суҳроб Қурбоновро ба мавзуъ, жанру самт табақабандӣ намоем, ҳар яки он як давраи муайяни таърихиро ба хотир меорад, ки дар он тамоми лаҳзаҳои воқеот бо далелу бурҳон, ҷузъиёту унсурҳояш тасвир ёфтаанд. Аз ин ҷост, ки вай баъзан дар хилъати муаррих, баъзан файласуф, баъзан ҳунаршинос, баъзан адиб назди бинандаи дақиқназар намоён мегардад. Бо ибораи коршиносон, вай ҳамчун “рассоми зеҳнӣ” муррифӣ шуда буд. Шояд ҳамин бошад, ки дар асарҳои ҳам монументалӣ ва ҳам суратгарии С.Қурбонов жанри таърихӣ мавқеъи хоса пайдо кардааст. Аввалан, вай ба умқи таърих сарфаҳм меравад, ҳатто мисли муаррих сарчашма меҷӯяд. Дувум, нисбати сарнавишти гузаштагони пурифтихораш бетараф нест, сеюм гузаштаро бо имрӯз омезиш дода, таъриху фарҳанги миллатро дар либоси нав ба оламиён муаррифӣ мекунад. Асарҳои “Муҳориба.Торумори Анвар-пошо” (1972), ”Декрет дар бораи таъсисёбии ҶШС Тоҷикистон” (1973), “Саворагони сурх” (1977), “Айнӣ. Ғуломон (1977), “Ленин. Инқилоб, рассом” (1977), “Байрақбардори гумшуда” (1977),“Коллективонӣ дар Тоҷикистон” (1981), “Шаҳри фаромӯшшуда” (1988), “Бухоро” (1989), “Чорманор. Бухоро” (1989), “Шердор (Самарқанд” (1989), “Шаҳри Шарқӣ” (1989), “Манораҳои шарқӣ” (1990), “Ягонаӣ дар касрат, касрат дар ягонагӣ” (1992-2005) дар солҳои гуногун офарида шуда бошанд ҳам, онҳо мазмунан пайдарҳамии таърихи халқамонро ифода менамоянд. Масалан, силсилаасарҳои “Шаҳри фаромӯшшуда”, “Бухоро”, “Чорманор. Бухоро”, “Шердор. (Самарқанд)”, “Шаҳри Шарқӣ, “Манораҳои Шарқӣ” ба таърихи бостону асримиёнаи тоҷик бахшида шудаанд. Устоди закӣ шаҳрҳои бостонии Самарқанду Бухороро, ки дар замонаш гаҳвораи давлатдориву илми фарҳанги тоҷик буданд, андешамандона тасвир мекунад. Ҳар як манора, ҳар як гӯша, ҳар дару девор, шоҳиди воқеоти таърихӣ мебошанд ва аз сарнавишти талху ширини гузаштагон дарак медиҳанд. Рассом гӯё аз номи ин ёдгориҳо ҳарф зада, моро ҳушдор дода мегӯяд: “Моро аз ёд набароред, омӯзед, ҳифз намоед, ки шоҳиди воқеоти зиёди таърихи миллат ҳастем…” Истеъдоди воқеан воло, дарки набзи ҷомеа, заҳмати зиёд, андешаҳои комил рассомро ба қуллаҳои баланди эҷодӣ мерасонанд. Соли 1977 рассоми ҷавон барои асарҳои “Ҷавонони Тоҷикистон”, “Тӯй” ва муҷассамаи монументалии “Тоҷикистони шуравӣ” сазовори мукофоти комсомоли ленинии Умумииттифоқ мегардад. Дар муҷассамаи “Тоҷикистони шуравӣ” С.Қурбонов таърихи 50-солаи ҷумҳурии ҷавонро бо тамоми хусусиятҳояш тасвир менамояд. Банда як муддат узви Раёсати Иттифоқи рассомони Тоҷикистон будам ва бо С. Қурбонов ҳамкорӣ доштам. Инсони росткору заминӣ буд. Суханро рӯирост мегуфт. Хусумат надошт, фурӯтан буд. То метавонист, мекушид, ба аъзои Иттифоқи рассомон мадад кунад, зеро тайи ин солҳо дар ин ниҳод парокандагӣ вуҷуд дошт. Вақте ки ба Иттифоқ мерафтам, вайро ҳеҷ гоҳ дар дафтари кориаш пайдо намекардам. ҳамеша дар коргоҳаш буд. Он вақт асари бузургу машҳури “Ягонаӣ дар касрат, касрат дар ягонагӣ”- ро меофарид. Воқеан, дар бораи ин асар дар васоити ахбори омма хеле зиёд навиштаанд. Он асари калонҳаҷми панҷгонаи нотамоми рассом маҳсуб ёфта, таркиби душвори он аз қонун ва унсурҳои гуногуни санъати тасвирӣ иборат ҳам бошад, аммо жанри монументалӣ бештар аён мешавад. Ғояи асоси асар инъикоси таърихи халқи тоҷик аз бостон то имрӯз аст. Аз назари банда маҳз ҳамин асар, ки бо мукофотҳои баланд сазовор шудааст, таҳқиқоти махсусро талаб мекунад. Модару оила барои рассом мавзуи муқаддас аст. Вай чеҳраҳоро бо меҳру муҳаббат тасвир менамояд. Масалан вай “Чеҳраи духтарам Малика”-ро бо меҳри бепоёни падарона тасвир кардааст. Нигоҳи тифлона, ҳаракатҳои аҷиби дастҳо, рангпардозии рассом як ҷаҳон маънӣ дорад. Рассом чеҳраро офарида, пасон аз номи шоир мегӯяд: “Эй тифлаки ширини ман, эй қанду наботам, Зебост ҳаёти тую зебост ҳаётам”. Асарҳои дигари ӯ ”Чеҳраи духтар”(1973), “Чеҳраи оила дар пештоқ” (1976), “Духтар бо ғижжак” (1979), “Духтар бо тор”(1979), “Духтар бо кабк” (1984), “Дар назди тиреза” (1985), “Рақс” (1988), “Чеҳраи ҳамсарам” (1988), “Духтар ва моҳ” (1990), “Духтар бо гулҳо” (1990), “Модар” (2005) ва ғайра бо фасоҳату обуранги вижа офарида шудаанд. Рассом ҳангоми тасвир натанҳо ба симои зоҳирии қаҳрамонон, балки ба ботини онҳо назар мекунад. Ҳар як чеҳра дар эҷодиёти рассом ҷой ва макони худро дорад. Ҳар яки онҳо дар алоҳидагӣ барои ӯ азизу муътабар буданд. Суҳроб қурбонов ягона рассомест, ки барои асарҳои баландғоя се маротиба (солҳои 1990, 1996, 2010) барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи А. Рӯдакӣ гардидаст. ӯ узви фахрии Академияи рассомии Қирғизистон (1998), Федератсияи Русия (2009), Ук[1]раина (2012) интихоб ва профессори фахрии донишгоҳи Шанхай (2011) ва Донишкадаи рассомии Нанкин (2012) дониста шуда буд. Вай дар пойтахти кишвар зебошаҳри Душанбе аввалин Нигористони асарҳои санъати тасвириро бо номи «Суҳроб-Арт-галерея» созмон дод, ки дар муаррифии ҳунари тасвирии тоҷик аҳаммияти густурда дорад. Нигоргари барҷаста Суҳроб Усмонович Қурбонов 10 майи соли 2016 аз дунё даргузашт. Агар умр вафо мекард, ӯ имрӯз 80-сола мешуд. Асарҳояш умри ҷовидони ваянд. Руҳаш шод бод!
Саидалӣ Муҳиддин,
Профессор





