Аввали солҳои ҳаштодум. Айни авҷи Ҳукумати шуроҳо. Дар сари фармони СССР Брежнев Леонид Илйич. Дар тамоми ҷо шиорпартоӣ ва ситоиши давлати коргару деҳқон. Мардум ҳанӯз шахспарастии сталиниро аз ёд набароварда, шахспарастии брежневӣ авҷ гирифт. Тамоми дастгоҳҳои ҳизбию комсомолӣ дар хусуси “шоҳкорҳо”-и ӯ – “Замини навкорам” ва “Барқароршавӣ” ҷор мезананд. Билети рақами 1-и нависандагиро ба ӯ тақдим мекунанд. Маддоҳӣ бисёр, аммо аҳволи халқ на он қадар хуб. Бозори истеъмолӣ каммол – баъзе молҳои ниёзи аввал камёб, яъне дефисит. Дар баъзе минтақаҳо (масалан Сибир) ҳатто нону қанд барин маводи ғизоиро бо талон медиҳанд. Ҳизбу ҳукумат нишондиҳандаҳои нақшаҳою уҳдадориҳои сотсилистиро сол ба сол зиёдтару зиёдтар мекунанд, вале қудрати истеҳсолот ҳамонест, ки 10-20 сол пеш ба вуҷуд овардаанд. Аммо нақшаро бояд иҷро кард. Роҳбарон маҷбур мешаванд ба зиёднависӣ даст зананд. Аз зиёданависии аланӣ метарсанд, бино бар ин, нишондиҳандаҳоро кам-кам бештар мекунанд. Дар натиҷа ноҳия вилоятро фиреб медиҳад, вилоят ҷумҳуриро, ҷумҳурӣ ҳукумати марказиро. Дар рӯи коғаз ҳосил бештар аз 100 фоиз, дар амал 60-70 дарсад. Аммо ҳама кӯр, гунг, кар. Касе чизеро надидааст, нашунидааст. Гуфта ҳам наметавонад. Усули фармонфармоии маъмурӣ дар равнақу ривоҷ. Роҳбари Ҷумҳурии шуравии сотсиалистии Тоҷикистон Расулов Ҷаббор. Марди шикастанафси коркушта. Тамоми неруи зеҳниву ҷисмонии худро ба пахтакорӣ равона кардааст. Соли 1980-ум Тоҷикистон як миллион тонна пахта супурда, рекорд гузошту бо ордени Ленин қадр гардид. Дар Бадахшон пахта нест, аз ин рӯ, на ҳукумати Тоҷикистон, на марказ ягон лоиҳаи ҷиддии тараққӣ додани онро рӯи даст намегирад. Албатта, барои Бадахшоне, ки ҳамагӣ 50 сол қабл дар панҷаи фақру нодорӣ талвоса мекарду на мактаб дошту на беморхонаву на роҳ, ин рушду тараққӣ аҳаммияти ниҳоят бузург дошт. Вале гап сари он буд, ки аз миёнаи солҳои охири солҳои 70-ум сар карда, Бадахшон дигар аз хуб ба хубтар намешитофт, тавсани тараққии он дар ҷои худ пой мекӯфт, фақат гоҳе чанд қадами гарон пеш мегузошт, вале боз дар ҷои худ по задан мегирифт. Нигоҳ доштани вилоят барои ҷумҳурӣ гарон меафтид, зеро фақат барои таъмини сокинони он бо маводи ниёзи аввал борро нахуст ба анборхонаҳои шаҳри ӯши Қирғизистон мебурданд, сипас аз он ҷо ба Хоруғ мекашонданд. Шаш моҳ ба сабаби боридани барфи баланд роҳҳо маҳкам мешуданд ва мардум аз ҳамин захира истифода мебурданд. Кашондани ин захира аз даромади софи вилоят ду-се маротиба қиматтар меафтод. Албатта, вилоят конҳои лаълу лоҷварду дигар сангҳои қиматбаҳо дошт, вале истихроҷи онҳо ба дараҷае сиррӣ буд, ки на роҳбарони аввали Бадахшон аз он дарак доштанд, на роҳбарияти олии ҷумҳурӣ. Вагарна як лаъл шояд арзиши буҷаи як ё дусолаи вилоятро дошт ва кони он чаҳор фасли сол ба истихроҷ машғул буд. Маскав конҳоро монополияи худ карда буд ва даромади онро пинҳон медошту ВМКБ-ро ба зараровар будан муттаҳам карда, барои тараққӣ додани он чорае намедид. Аз замини каму санглохи кӯҳистон ва чорвои камчарогоҳи он тараққиёти рӯзафзунро интизор шудан мумкин набуд. Роҳ ба ҷониби пойтахт хатарнок буду танҳо 5-6 моҳ кушода мешуду халос. Ба ин сабабҳо ҳатто дар маркази вилоят бозор вуҷуд надошт – онро бо маҳсулот таъмин кардан амри муҳол буд. Зеро вақти деҳқон дар киштзорони камҳосили колхозиву совхозӣ сарф мешуду барои парвариши зироати худӣ намерасид. Бар замми ин, азбаски сохти сотсиалистӣ муқобили моликияти хусусӣ буд, халқ аз заминдориву кишти худӣ ҳам бим дошт. Дар назари мардум машғул шудан ба бозор ҳаннотӣ мена[1]муд. Барои ҳамин меваашон мепӯсид, аммо ба бозор намебароварданд. Ҳамин сабабҳо боис шуданд, ки Бадахшон ба гӯшаи фақиртарини СССР табдил ёбад. Либосу матои хуб, равғани маска, тухми мурғ, гӯшт (ҳама вақт), сабзӣ, пиёз, мева (ба таври мавсимӣ) ба сатҳи молҳои дефисит баромаданд. Барои он ки мардум тӯю сур гузаронанд, маҷбур мешуданд ба мудирони анборҳои вилоятӣ хушомад зананд ё василае ғайриқонуние ёфта, аз ин анборҳо моле ба даст оваранд. Гӯшт то дараҷае камёб гардид, ки дар арафаи таҷлили идҳои 1-уми май ва 7-уми ноябр онро дукилограммӣ ба коргарон идона медоданд ва пулашро аз маоши онҳо ме[1]гардонданд. Ба ҷои ин ҳама нозу неъмат дар тамоми мағозаҳои хурду бузург аз спирти холис сар карда, хел-хел анвои машруботи спиртии ватанию хориҷӣ бо нархи арзон пайдо шуданд ва ин сиёсати нодуруст тадриҷан ба майхӯрии оммавӣ ва майзадагии бисёриҳо оварда расонд. Ин соза низ ба тараққӣ накардани ВМКБ таъсири худро расонд, зеро аҳолӣ пас аз анҷоми рӯзҳои корӣ ба шаробхӯрӣ машғул шуда, андешаи пешрафту сохтани зиндагии беҳтарро аз ёд мебаровард. Ҳоло барои тасдиқи ин суханон ва рангинтар шудани китобамон мақолаеро аз рӯзномаи “Бадахшони советӣ” (№118, 4 октябри 1974) манзур мегардонем. Фонди гӯшт – туъмаи тӯй Рӯзҳои гарми моҳи август. Қабулгоҳи раиси горпо. Котиба машғули кор. Мизоҷон ба қабулгоҳ медароянду дари раисро маҳкам ёфта мераванд. Баъзеҳо бошанд, ба қабулгоҳ сар халонда, калонгирона “раис ҳаст мӣ?” – аз котиба мепурсанду дарро башаст баста мераванд. Вале одамоне ҳам ҳастанд, ки тамаллуқкорона: – Салом, духтарам, – мегӯянду боодобона ба курсӣ нишаста, аввал оҳе мекашанду ба ҳамон оҳанг аз котиба мепурсанд: – Пеши раис даромадан мумкин-мӣ? – Раис нестанд. – Куҷо рафта бошанд? – Ба тамошои муассисаҳои хӯроки умумӣ. – Охир, баъди танаффус меомадагистанд? – Шубҳа дорам, чунки имрӯз ҷумъа, пагоҳ рӯзи роҳат. Эҳтимол то охири моҳ наоянд. – Эҳ толеам пастӣ кард! – гӯён аз ҷо хеста баромаданӣ мешавад, ки касе ба қабулгоҳ медарояд. – Чӣ, шумо ҳам ба талаби гӯшт омадед-мӣ? – пурсид котиба. – Ҳа… Зарур доштам. – Рӯзи душанбе раисро меёбед. – Баъди тӯй нақора чӣ лозим? – Шунидаам, аз худатон чор гӯсфанд ҳаст. Чаро намекушед? – Модом, ки харидан мумкин бошад… Мизоҷ ва котибаи горпо ҳанӯз дар мубоҳиса буданд, ки шахсе дар остонаи қабулгоҳ истод ва: – Пеши раис даромадан мумкин-мӣ? – пурсид. – Раис нестанд, ака. – Кай меомада бошанд? – Чӣ донам. Мебахшед, ака, аз шумо ҳам тӯй-мӣ? Гӯшт даркор? – мақсади мизоҷро фаҳмиданӣ шуда пурсид котиба. – Оре, дипломи духтарамро шустанием. Барои ин бо умед пеши раис омадам. Афсус, ки… Духтари олуфтасатанге ба қабулгоҳ даромаду дари кабинети раисро кушоданӣ шуд. Дар маҳкам буд. – Ин кас нестанд? – пурсид ӯ котибаро. – Чуноне ки мебинед. – Куҷо рафтаанд? – Ба ман ҳисобот намедиҳанд. Он барно ба касе эътибор надода, гӯё худ ба худ ба гила даромад. – Ана, инро шаҳр меноманд. Дар Душанбе чизе хоҳӣ, меёбию дар ин ҷо…
– Ягон чиз лозим буд-мӣ, духтарам? – ба ҷои котиба мизоҷ пурсид. – Хоҳарам фарзанди ҳаштум таваллуд кард, тӯй кардан даркор, вале ана ин ҳам гап шуд, гӯшт нест. Ба қабулгоҳи раис боз чанд кас даромаду баромад дошт, ба ҳама гӯшт лозим будааст. Яке духтарашро ба шавҳар доданӣ, дигаре дипломи писараш, сеюмӣ “Москвич” харида, онро “шустан” ният дорад. Ҳо, он зани хушқаду либос ба гӯшт аз ҳама муҳтоҷтар. Гап дар ин, ки дирӯз вай аз назди гови сиёҳ гузаштанӣ буд, ки он чорпои беадаб шох зад. Ин нишонаи рӯзи наҳс. Хайрият, вай занак кам зарар дид. Магар чунин воқеаро намешӯянд! Албатта, мешӯянд, дар склади горпо гӯшт пур аст, раис бошад, дар сарф кардани фонди гӯшт Ҳотами Тойро мемонад. Бешак, дар чунин вазъият кор кардан мушкил. Шояд раис маҳз барои ин дар кабинеташ намешинад. Ба хонанда маълум бод, ки то моҳи сентябр вазифаи раисии горпоро Марватшо Раҳматшоев адо мекард. Бинобар ин, раис гуфта, рафиқ Раҳматшоевро дар назар дорем. Мар — ватшоро толибони гӯшт ором намегузоштанд. Ва бояд ҳақро ба ҳақдор дод, ки аз кабинети раис (аслан ӯ ҷонишини раис) танҳо одамони толеи паст доштагӣ дастхолӣ мебаромаданду халос. “Рӯи банда ширин-дия” мегуфт рафиқ Раҳматшоев. Он рӯз рафиқ Раҳматшоев ошхонаҳои шаҳрро дида баромад. Ба ошхонаҳои коргарии назди ГЭС-и ба номи Ленин, иттиҳодияи “Тоҷикселхозтехника”, комбинати гӯшт низ сар халонд. Коргарон норозигӣ баён мекунанд. Раис оромонаю ботамкин мефаҳмонад: – Рафиқон, ҳамаи шумоён одамони саводнок, зиёда аз ин аксариятатон дар мактабҳо иқтисоди сиёсӣ меомӯзед. Аз ин ҷо медонед, ки ҳар чиз аз рӯи норма ва фонд дода мешавад… – Фонди горпо бошад, барои тӯйҳо сарф шуд-мӣ? – луқма мепартояд ким-кӣ. – Хайр чӣ, ин ҳам нағз, панҷсӯмаатро гирифта ба ягон тӯйхона рафта, гӯшт хӯрдан гир, – шӯхӣ кард дигаре. – Раис, пас ба ошхонаи мо аз рӯи фонд ҳамин моҳ 314 кило гӯшт надодаанд, имрӯз гирифтан мумкин? – пурсид сарошпази ошхонаи ГЭС. Рафиқ Раҳматшоев ҳанӯз ҷавоб меҷуст, ки мутасаддии ошхонаи “Тоҷикселхозтехника” луқма партофт: – Мо ба ҷои 600 танҳо 370 кило гӯшт гирифтему халос. Аз афташ, ба раис маҳмаддоноии коркунони ошхонаҳои коргарӣ нафорид. ӯ чаққон ба “Москвич”-аш даромаду барои он ки мабодо номаъқуле боз некиҳои онрӯзаашро ошкор насозад, роҳи гурезро пеш гирифт. Марватшо дар курсии мулоими “Москвич” лаҳзае ба хаёл рафт. “Охир, ба се-чор кас рухсат дод, ки аз склад гӯшт гиранд, ду-се нафар тӯйдорон бошанд, ҷои дигари пинҳонӣ гирифтани гӯштро наёфта, дукони ширфурӯшии назди боғи истироҳати шаҳрро дастак карданд. Фақат ба воситаи дукони шир рухсат додани 300 кило гӯшти гов ӯро хавотир кард. Дигар некиҳояш мувофиқи қонун. Хайр чӣ, панҷ-даҳ рӯз дар ошхона гӯшт нашавад, айб мӣ? Консерв ҳаст-ку, бас-дия!” – банди ҳамин фикру андешаҳо ба назди идораи худ расиданашро надониста монд. Муваққатраис ба кабинеташ даромад. Телефон занг зад. ӯ хоҳам-нохоҳам гӯшакро бардошт. – Алло, ҳа, ман худам… Чӣ? Гӯшт? Нест-дия! Медонам, медонам, муасси[1]саҳои табобатию бачагона бояд ҳар рӯз гӯшт гиранд, вале гӯшт нест… Раис гӯшаки телефонро бо қаҳр ба ҷояш гузошт. Миш-миши нодурусти сарф кардани гӯшт ба гӯши назоратчиёни халқӣ ҳам расид. Ва онҳо ба санҷиш дасту остин барзаданд. – Марҳамат санҷед, тафтиш кунед, – мегуфт рафиқ Раҳматшоев ба назоратчиёни халқ, – ман ягон грамм гӯштро ба фоидаи худам сарф накардаам, ҳама ба фоидаи халқ… Аз ҳамин як матлаби танқидӣ ҳам бармало ҳис мешавад, ки масъалаи таъмини аҳолӣ бо гӯшт чӣ андоза мушкил буду роҳбарони муассисаҳои савдо барои тақсими он чӣ ранҷе мекашиданд. Аксари онҳо ё бо гирифтани танбеҳҳои ҳизбӣ аз вазифа барканор мешуданд, ё маҳбус мегардиданд. Аҳолӣ ҳам илоҷ надошт, зеро ба як хонавода иҷозат набуд, ки бештар аз 1 гову 1 гӯсола ва 7-8 сар мол нигоҳ дорад. Соли 1982-юм Зоҳиров Муҳиддин Зоҳиров котиби якуми комитети ҳизбии вилоят таъйин гардид. Зоҳиров на танҳо дар пойтахти Тоҷикистон, балки дар КМ ҲК Иттиҳоди Шуравӣ, яъне Москва ҳам аз эътибори калон бархӯрдор буд. Бинобар ин, шасти котиби дуюм Медведев хеле паст гашта буд; котиби сеюм Ҷумъаева Паринамо ҳам бепуштибон монд. Яъне онҳое, ки ба сари Шоҳфақиру ҳамгинони вай чормағз мешикастанд, нуфузи худро бохтанд. Дар тамоми вилоят колхозҳоро ба совхозҳо табдил доданд. Ба ин умед, ки вазъият беҳтар мегардаду ҳосил фаровон мешаваду чорво меафзояд. Фарқи колхоз аз совхоз дар он буд, ки колхозро аъзои он дастҷамъона ташкил дода, раиси онро низ худашон интихоб мекарданд; ҳосили заҳматро ҳам дастҷамъона байни худ тақсим мекарданд ва дастҷамъона ба давлат месупурданд. Аммо совхоз хоҷагии давлатӣ буд. Дар раъси он директор меистод ва директорро ҳукумат бо тавсияи ҳизб таъйин менамуд. Ҳосили бадастомада пурра ба давлат дода мешуду давлат ба коргарони совхоз ҳаққи заҳмати пулӣ медод. Соли 1981 колхози “Меҳнат”-ро бо колхозҳои ҳамҷавораш якҷо карда, совхози “Ватан” ташкил доданд. Ин совхоз ниҳоят калон буд. Он ҷамоатҳои Сучон, Навобод ва Верро дар бар мегирифт, ки ҳар яке аз онҳо дастикам ду колхоз дошт. Барои роҳбарӣ ба чунин хоҷагии бузург мутахассиси кордон, талошварз, соҳибтаҷриба, заҳматдӯст, босавод, хоҷагидор, сиёсатшинос лозим буд. Албатта, дар ин замон Бадахшон алоқадри ҳол мутахассисҳои дипломдору коршинос дошт, аммо интихоби котиби якуми Комитети ҳизбии шаҳри Хоруғ Бекназаров Соҳибназар бар Ҷумъаев Шоҳфақир қарор гирифт. Бекназаров дар давоми ин ҳама сол нисбат ба тақдири Шоҳфақир бетараф набуд, вале барояш мансабе ҳам дода наметавонист. Зеро муносибати худро бо Медведев вайрон кардан намехост. Аммо акнун вазъият дигар шуда буду Бекназарови мавридшинос ба истифода аз он шуруъ намуд. – Мутаассифона, ман котиби шаҳр шудаму ту аз кор рафтӣ, – гуфт котиб. – Дар иттифоқҳои касаба хуб дам гирифтӣ. Акнун кор кардан лозим. Шоҳфақир, ки субҳи барвақт ба ҳузури Бекназаров даъват шуда буд, аз чунин таклифи ногаҳонӣ даступо хӯрд: – Кадом кор? – Албатта, хабар дорӣ, ки дар зодгоҳат совхоз ташкил кардем. Он ба роҳбар ниёз дорад. Ту дар он ҷо кор кардаӣ. Маҳалу мардумро аз ту дида касе беҳтар намешиносад. Росташро гӯям, натиҷаҳои совхоз ниҳоят паст, ҳафтае нест, ки гап нашунавам. Барои ҳамин туро ба он ҷо мефиристем.
Пешниҳод он қадар ногаҳонӣ ва он қадар муддаои табъи Шоҳфақир буд, ки дақиқае чӣ гуфтанашро надонист. Вай Бекназаровро хуб мешинохт. Марде буд дар кӯраи роҳбарӣ обутоб ёфта. Бахусус, ҳангоми раиси Кумитаи назорати халқии вилоят буданаш дар чандин рейдҳо бо ӯ ҳамроҳ рафтаву қобилияту коршиносии ӯро хуб омӯхта буд. Одами солору дурандеш, қадршинос, камгап, пухта. – Агар шумо ба ман бовар кунед, ин корро ба гардан мегирам, – ниҳоят фикрашро ба забон овард Шоҳфақир. – Бовари калон дорам, ки пешниҳод мекунам. Ҳамагӣ ду моҳ муҳлат. Дар семоҳаи дуюм нишондиҳандаҳо бояд баробари пешқадамон шавад. Аз онҳо гузаранд, боз хуб. Котиб ба нишони қатъ шудани суҳбат даст дароз кард. Шоҳфақир дасти ӯро фушурд. Дасти ҳамраъйӣ ва мардонагӣ. Дӯстони Шоҳфақир аз бозгашти ӯ ба кори роҳбарӣ бениҳоят шод гаштанд. Мавҷи табрикот ба сараш чун борони лутф рехт. Дилаш қавӣ шуд, нақшаҳои тозаи ба по хезондани совхоз дар хаёлаш падидор омаданд. Марди деҳқон аз нав ба сари замин баргашт. Ба замини падарон, ба замине, ки лаҳзае аз ёди он фориғ шуда наметавонист. Ҷаҳон замину сухан тухму ҷон-т деҳқон аст, Ба кишт бояд машғул буд деҳқонро. Ва деҳқони дерина ба кишт машғул шуд! Дар маҷлисе, ки дар моҳи феврали соли 1982-юм, дар рӯзи муаррифӣ кардани Шоҳфақир ба ҳайси директор, дар хусуси совхоз ин гуна суханҳо гуфтанд: “Бо вуҷуди назорати сахтгиронаи ҳизб, вазъият тағйир намеёбад. Муташаккилӣ ва ҳисси масъулияти баланд ба чашм намерасад. Мусобиқаро танҳо ба ном ташкил кардаанд. Натиҷаи меҳнати қисми коммунистон ва бепартиявиён пасттар аст. Дар натиҷаи ҳамаи ин иҷрои план ва уҳдадориҳо таъмин нашуда мемонад. Роҳбарияти ноҳияю вилоят Ҷумъаевро роҳбари совхоз монда, умед ва эътимод дорад, ки хоҷагӣ аз ҳолати таассуфбор ҳарчи зудтар мебарояд.” Шоҳфақир либоси тозаи иттифоқи касабаро ба пиҷаку шими корӣ ва мӯзаҳои кирзӣ иваз карда, ба хотири шинос шудан бо вазъи воқеии совхоз дар муддати як моҳ шабу рӯз такопӯ кард. Ҳар як оғилу фермаву каҳдону ширхонаву механизму мошину дову дастгоҳро шахсан аз назар гузаронд. Барои кори говдӯшону чӯпонҳо, ҳисобдорону саркорон санҷид, мушоҳидаҳо анҷом дод, бо ҳар як коргари масъул вохӯрда, андешаашро дар хусуси ҳолу ҳавои хоҷагӣ пурсид. Дар аввали моҳи Наврӯз камбудиҳои зиёдеро ошкор кард, ки совхозро қафо мекашиданд. Вай ба чунин натиҷа расид, ки вақтҳои охир дар хоҷагиҳо дуздидани моликият ба мушоҳида расидааст. Ҳангоми санҷиш дар совхоз 117 сар моли майда кам баромад. Камбудӣ дар нигоҳ доштани моликияти сотсиалистӣ, пеш аз ҳама, натиҷаи паст будани интизоми меҳнат аст. Роҳбарони совхоз, котибони ташкилотҳои партиявӣ бо ҳодисаҳои бепарвоӣ суст мубориза мебаранд. Истеҳсоли шир кам шудааст. Чунки дар бисёр фермаҳо хӯроки дуруштро буғ надода, бе иловаҳои минералӣ ба чорво медиҳанд. Ҳодисаҳои вайрон кардани режими хӯрокдиҳӣ мушоҳида карда мешаванд. Дар бисёр бригадаҳои совхоз ба говҳои дӯшоӣ ҳамагӣ 1-килоӣ, дар бригадаи №18 бошад, ҳамагӣ 600 граммӣ хӯроки омехта дода мешавад. Рӯзи санҷиш дар як ферма маълум гардид, ки аз 470 кило хӯроки омехтаи дохилшуда мувофиқи ведомости сарфи хӯрокӣ гӯё 480 килояш ба чорво хӯронда шудааст, ҳол он ки боқияи мавҷуда 200 килограммро ташкил дод. Дар баъзе бригадаҳо тагандоз дар вақташ мувофиқи талабот тайёр нашудааст, аз ин сабаб оғилҳо пури лоянд. Аз ҷумла 20 сар ғуноҷини зотӣ дар бинои таъмирнашудаи ифлос нигоҳ дошта мешаванд, ба модаговҳои зоида оби гарм дода намешавад. Дар 20 фермаи пароканда 494 сар модагов нигоҳ дошта мешаванд. Масъалаи муттаҳид намудани фермаҳои майда ҳалли худро наёфта истодааст. Ба масъалаи аз рӯи ҷинсу синн ба гурӯҳҳо ҷудо кардани чорво аҳаммияти зарурӣ нест. Дар ҳамаи фермаҳои ширии совхоз ба ғайр аз говҳои душоӣ инчунин гӯсолаҳои соли таваллудашон 1981, модаговҳои пир, ғуноҷинҳои синнашон гуногун парвариш меёбанд. Меъёри ба ҳар говдӯш вобаста кардани модаговҳо риоя карда намешавад. Баҳисобгирии зоотехникии чорво мувофиқи талаб нест. Қисми гӯсолаҳои нав сари вақт ба ҳисобот дохил ва тамға занонда намешаванд. Ҳамчунин дар фермаҳо 6 сар модагови шахсӣ ҳамроҳи подаи ҷамъиятӣ аз ҳисоби хӯроки совхоз парвариш меёбанд. Нуқтаҳои бордоркунии сунъии чорво ғайрқаноатбахш кор мекунанд”. Шоҳфақир бо дили гарм ба кор часпид. Бо саркорон, деҳқонон ва чорводорони соҳибтаҷриба рӯбарӯ вохӯрд, андешаҳояшонро дар боби ислоҳи камбудию нуқсонҳо пурсид ва барои худ барномаи амал сохта, барои татбиқи он камари ҳиммат бар миёнаи ҷон барбаст. Чун баҳор буд, пеш аз ҳама ба шудго[1]ру кишт диққати бештари худро равона кард. Миёнаи моҳи май кишт анҷом ёфт. Котиби якуми шаҳр Бекназаров худаш омада, тамоми заминҳоро гашт ва вақти рафтан гуфт: – Ин қадар умед надоштам, вале ту хеле барвақт киштро ба охир расондӣ. Акнун аз пайи сафарбарии гову мол ба айлоқ шаву шинондани картошкаро аз ёдат набарор. Моҳи июн худи котиби якуми вилоят ба тамошои совхозат омаданист. Вай одами сахтгир, худат аз ман беҳтар медонӣ. Ҳамчун мутахассис муносибат ба кишту зироатро аз ману ту беҳтар медонад. – Бо мадади шумо, Худо хоҳад, котиб аз назди мо қаноатманд хоҳад рафт, – ваъда дод Шоҳфақир – Ягон нақшаи чашмгир дорӣ, ки киштзорат зиёд шаваду маҳсули чорвоят бештар. Шоҳфақир дудиламонанд каме фикр карду гуфт: – Ният кардаам, ба дашти Шитам об барорему дар дараҳоямон парвариши қутосро ба роҳ монем. Бекназаров пушти гӯшашро молиш додаву ин андешаҳои директорро дар хаёлаш санҷида, гуфт: – Об баровардан ба дашти Шитам кори савоб аст, аммо душвор. Ман розӣ. Қувваи худро ба кор андоз, агар камӣ кунад, муроҷиат кун. Лекин парвариши қутос дар иқлими ин ҷо ба назарам дуруст нест. Вай фақат аз Кӯҳтезак он тараф зиндагӣ карда метавонад. – Ташаккур, котиб. Аммо дар ҳар сурат, ҷиҳати таҷриба барои аз Мурғоб овардани 4 қутос аз шумо иҷоза мепурсам. Падарони мо мегӯянд, дар қабати ин дараҳо замоне қутос ҳам мепарваридаанд. Агар талаф ёфтанд, худам талофӣ мекунам. Бекназаров ангор қутос дидан мехост, ба қуллаҳои барфпӯш чашм дӯхту ниҳоят сар ҷунбонд: – “Ҳар ки парид, чарид, ҳар ки хобид, хоб дид” гуфтаанд. Ба ақидаат бовар дошта бошӣ, марҳамат. Ҳама кор аз таҷриба оғоз мегардад. Кори семоҳаи Шоҳфақир ба Бекназаров писанд омад. Дар маҷлиси назоратӣ ӯро таъриф кард. Аммо дар хусуси ба қутоспарварӣ ҳавас пайдо карданаш чизе нагуфт. Фақат ишора кард, касе бо шеваи пешгирифтаи кори Ҷумъаев ошно шудан хоҳад, ба совхози “Ватан” равад. Сол барои картошкашинонӣ ҳам мусоид омад. Директор амр дод, ки аз ҳисоби ғаллазорони камҳосил майдонҳои кишт барои картошкаро зиёд намоянд. Тухмии картошка камӣ кард. Аз совхози ҳамсоя – “Шуғнон” қарз гирифта, шинондани онро дар муҳлати муқарраргашта ба охир расонд. Ба айлоқ фиристодани чорворо низ то аввали моҳи июн буд кард. Супориши қатъӣ дод, ки дар ягон қишлоқ гове намонад. Барои он ки замини навшикастаи дашти Шитам ҳосили хуб диҳад, амр содир кард, ки дар он ришқа кишт кунанду обёрии онро мувофиқи талаботи агротехникӣ ба роҳ монанд. Қувваи коргарони совхоз ба ин кор намерасид. Шоҳфақир ба шуъбаи маорифи ноҳияи Шуғнон муроҷиат намуда, хоҳиш кард, ки хонандагони синфҳои болоии мактаби Шитамро ба обшорию обод кардани дашт ҷалб созанд. Маориф розӣ шуд. Акнун ба ҳосили дилхоҳ додани дашти навкорам умед бастан мумкин буд. Дар муддати чор моҳ киштукор, чорводорӣ ва пиллаву ҷамъоварии алафро ба роҳ монда тавонист, вале саривақт чидани меваю ба давлат супурдани он кори ниҳоят душвор баромад. Аз деҳаи Мун сар карда, то Бидурд, ба ғайр аз ангуру анҷир, дигар тамоми анвои мева дар ҳудуди совхоз мерӯид. Агар ба боғдорӣ ҷиддан машғул шаванд, он даромади хубе ҳам медиҳад. Аммо гап дар он, ки мардуми чорвою ғаллапарвари Сучону Ғунд ба боғкорӣ қариб диққат намедод. Росташ, ҳамин гуна фарҳанг надошт. Коргарони совхоз ҷиҳати иҷро кардани амри боло дар аввали баҳор ниҳоли мева харида, мешинонданд, вале баъдан ба корҳои дигар андармон шуда, нигоҳубини дарахт ва ҷамъ овардани саршохии онро аз ёд мебароварданд. Азбаски таҷрибаи фурӯхтан ҳам надоштанд, дар аксари боғҳо мева рехта, ё поймол мегардид, ё туъмаи парандагону ҳайвонот мешуд. Фарҳанги ба таври консерва захира кардани меваю сабзавот қариб вуҷуд надошт. Ягона илоҷ – баробари пухта расидан дарҳол чидану ба фурӯш бароварданаш буду халос. Дар моҳи май Шоҳфақир назди раиси матлуботи ноҳия даромада, хоҳиш кард, ки барои ба аҳолӣ фурӯхтани меваи тар ба ӯ ёрӣ расонад. – Дар қишлоқҳо меваи асал барин ширинамон мепӯсаду дар шаҳри Хоруғу деҳаҳои бемеваи водии Ғунд мардум дар ҳасрати он, – гуфт Шоҳфақир. – Агар фурӯхтанашро ба роҳ монем, ҳам аҳолӣ аз мева таъмин мегардад, ҳам совхоз даромади иловагӣ мегирад, ҳам ташки[1]лоти шумо. Пас аз мувофиқа кардан бо раиси комиҷроия Гавҳаров Маҳмаднасим ва чанд мақоми дахлдори дигар аз аввали моҳи июн ба мардум фурӯхтани меваи тар сар шуд! Ин иқдом дар муддати кӯтоҳ вирди забонҳо гашт. Роҳбарияти ноҳияи Шуғнон дар Баҳрхоруғ ва чанд мавзеи дигар дуконҳои хурди фурӯши мева кушод. Мардум онҳоро “дуконҳои Шоҳфақир” номид. Ҷамъияти матлубот ба воситаи дукони сайёру автомобилҳои боркаш ба кашондани мева ба қишлоқҳои дурдаст машғул шуд. Шоҳфақир дастур дод, ки аз аҳолӣ низ меваро бихаранд ва аз ҳамон ҷо ба савдо баранд. Муҳиддин Зоҳиров аввали моҳи июл ба дидани совхози “Ватан” омад. Ҳамроҳи ӯ котиби Кумитаи партиявии шаҳр Соҳибназар Бекназаров, раиси ноҳия Маҳмаднасим Гавҳаров, мудирони шуъбаҳои хоҷагии қишлоқи кумитаҳои ҳизбии вилояту ноҳия ва боз чанд мансабдори дигар. Шоҳфақир дар маҷлисҳо чанд бор хӯҷаини вилоятро дида бошад ҳам, аз наздик намешинохт. Вай як марди қадаш аз миёна болои миёнасинне буд бо мӯи сари мошубиринҷи ба қафо шоназада, қирғизнамо, ҳаракоти сусту солор, чашмони хирадманд. Ҳангоми суҳбат аввал ба рӯи кас хира мешуд, сипас нигоҳашро гурезонда-гурезонда гап мезад. Бар хилофи мансабдорони дигар ишкам надошт. Ҳатто қоқина ва каме аз синнаш пиртар ба назар мерасид. Шоҳфақир калононро дар деҳаи Бидурд пешвоз гирифта, хост онҳоро аввал наҳорӣ барад, аммо Зоҳиров монеъ шуд: – Фурсат ниҳоят танг аст. Аввал муҳимтарин ҷойҳоро мебинем, баъд бо колхозчиён суҳбат мекунем. Шоҳфақир аввал хост гапи котибро ислоҳ кунад, ки “мо колхоз надорем”, вале инро густохӣ шумориду дам назада, ба мошини худ нишаст ва пеш даромад. Баъдан, дар рафти ҳамроҳӣ кардани комиссия донист, ки Зоҳиров умуман “деҳқон”-ро “колхозчӣ” мегуфтаву он вожаи дӯстдоштааш будааст.





