ТЕШАИ АНДЕША
Дастам маро ба дастаи пайтеша мекашад,
Фикрам ба растагории андеша мекашад.
Бӯзина буданам зи хаёлам нарафтааст,
Гоҳе дилам ҳавои хуши беша мекашад.
Баргам, ки сабз мешаваму зард мешавам,
Ранҷи табаддулоти маро реша мекашад.
Баъди хумор шиша шикастан чи ҳоҷат аст?
Бори хиҷолате, ки бувад, шиша мекашад?
Бар мекашам гуноҳи худу ҳам савоби худ,
Дигар чи ҳам маро сари андеша мекашад?
Серам, агарчи нони суханро нахӯрдаам,
Ташвиши рӯзгори маро теша мекашад.
ИДОМА
Гарчи аз ҳаво гӯям, ҳарфи ман ҳавоӣ нест,
Себи маърифат ин ҷо себи иштиҳоӣ нест.
Дар миёни дилҳо нест бар миёнарав ҷое,
Байни мову ту, эй дӯст, шукр, ки тағоӣ нест.
Баски дар сари обем, машки мо пури об аст,
Оби мо пури лой аст, оби ибтидоӣ нест.
Ҳарфе аз муҳаббат нест дар тамоми қонунҳо,
Хайрият, ки мафҳуми ишқ иҷтимоӣ нест.
Дасти ман дуо дорад, фикри ман Худо дорад,
Ҳар талаб, ки ман дорам, айни он гадоӣ нест.
Вожаҳои иншоям мекунад маро ифшо,
Дар тамоми ашъорам мисрае риёӣ нест.
Дар сухан шудам маҳлул, то равам зи худ берун,
Аз худам раҳо гаштам, аз сухан раҳоӣ нест.
Баъд аз ин ки бо савти тоза мешавам оғоз,
Нуқта монданам ин ҷо нуқтаи ниҳоӣ нест.
ИНҚИЛОБИ «РОҒУН»
Фурсатозмоиҳо дар шитоби «Роғун» аст,
Ҳимматозмоиҳо дар хитоби «Роғун» аст.
Як сухан бадар ояд аз забони милёнҳо,
Ин чи ҳарфи ҷаззоб аст? Ҷазби НОБ-и «Роғун» аст.
Вахш рӯди истиқлол, тору пуди истиқлол,
Бошу буди истиқлол интихоби «Роғун» аст.
Мавҷ мезанад дар ман, мавҷ мезанад дар ту,
Набзи рӯзгори мо мавҷи оби «Роғун» аст.
Рӯзҳои навмедӣ, шомҳои бемеҳрӣ
Бигзарад, ки пайғоми офтоби «Роғун» аст.
Номаи мароми мо ояти ҳамовоист,
Ғояти ҷавонмардӣ обутоби «Роғун» аст.
Бахти хоби ин кишвар интизори бедорист,
Дар шуури ин миллат инқилоби «Роғун» аст.
ДАЪВАТ
Ба асли худ, ба асли худ, ба асли худ назар кунем,
Ба ҷаҳли худ, ба ҷаҳли худ, ба ҷаҳли худ
зафар кунем.
Ту даст деҳ, ки аз пули сироти меҳр бигзарем,
Ба манзари биҳишти меҳрубониҳо сафар кунем.
Ману ту ноқилони нангу номи ориёием,
Зи фахри пуч рӯ ба ифтихори босамар кунем.
Ҷаҳони дигаре нуҳуфта дар хати ҷабини мо,
Ҷаҳонкушо наем агар, ҷабин кушодатар кунем.
Ба пушти сар ба ғайри ҳасрату дареғу оҳ нест,
Ба пеш, бар уфуқҳои тоза роҳ сар кунем.
Ту аз дигар тараф нигоҳ мекунӣ, ман аз дигар,
Бародаро, биё, биё, табодули назар кунем.
ДАСТОВЕЗ
Дар зимистонат баҳор овардаам,
Дар дили сангат шарор овардаам.
Лаҳзае эҳсоси зебоӣ хуш аст,
Баҳри эҳсоси ту кор овардаам.
Хоксорӣ хоси ҷисм аст, эй азиз,
Мурғи руҳатро виқор овардаам.
Даст бар ҳамён заданҳоят бас аст,
Даст бикшо, дасти ёр овардаам.
Бишкуф, эй гул, эманиятро кафил,
Зулфиқори зулфи хор овардаам.
Фасли пайванд аст, аз нахли самар
Муғчаи меҳри диёр овардаам.
Ҳамчу дастовез аз роҳи сафар
Чанд байти обдор овардаам.
НОМАИ МАРМУЗ
Ёди гулафшони баҳоронатам,
Барфи гурезони зимистонатам.
Рӯзи парешонатаму ҳар шабе
Хоби гуворо туи чашмонатам.
Гирябарангезтарин лаҳзаҳо
Шодифурӯрез ба эҳзонатам.
Субҳ нафасҳои маро мевазад,
Раҳгузарам, оҳ, на меҳмонатам.
Чатр бидеҳ, чатр, ки хуршедамӣ,
Чатр бинеҳ, чатр, ки боронатам.
Медиҳӣ пайғом, ки пазмонамӣ,
Мехурам афсус, ба ҳиҷронатам.
Ҳайф, надорам ба ту ман имтиёз,
Ҳайф, ки ман берун аз имконатам.
Номаи мармузи маро ҳифз кун,
Рози дарунандари тилфонатам.
Мечакӣ як рӯз маро, эй дареғ,
Қатраи ашке сари мижгонатам.
ТАҲИЯ
Ин нома дар ниҳояти шабҳо таҳия шуд,
Дар мавҷи пурҳубоби ғанабҳо таҳия шуд.
Дар коргоҳи зеҳн, аз устураи хаёл,
Бо хуни дил, ба ранҷи асабҳо таҳия шуд.
Аз по агар фитодаам, бо сар давидаам,
То тӯшаи масири талабҳо таҳия шуд.
Он қадр тохтанд, ки моро гудохтанд,
Чун нақшаи муғулу арабҳо таҳия шуд.
Офоқро бисӯзаду аз арш бигзарад
Оҳе, ки дар хамӯшии лабҳо таҳия шуд.
Гоҳе нишот ҳукм кунад, ғам итоаташ,
Зинҳор, базм баҳри тарабҳо таҳия шуд.
Пайдост ин ки рафтани ту бесабаб набуд,
Инак биё, ки боз сабабҳо таҳия шуд.
МУСОФИРИ НИГОҲ
Он лаҳза, ки аз даричаи чашмам
Акси рухи ту даробаро мекард,
Зангӯлаи набз дар вуҷуди ман
Андар шумари вақт хато мекард.
Андешаи бо ту буданам хуш буд,
Фикри зи ту монданам чӣ бимовар,
Яъне ки ду заврақи муқобилсӯ
Дар баҳри хаёли ман шино мекард.
Пайдост, ки субҳ низ наздик аст,
Дар ҷеғи хурӯс лаззати хобест.
Чашмакзании ситора ашкашро
Аз мижжаи нози шаб раҳо мекард.
Ин шаҳри бараҳнарӯи хоболуд
Дар бистари хеш мехазид ором.
Дар кӯча мусофири нигоҳи ман
Аз ҳеҷ ба ҳеҷ рафтуо мекард.
НАҲОРӣ
Аз роҳи падар қадамгузорӣ кардам,
Шоир шуда, боз мардикорӣ кардам.
Дасту дилам аз ҳаром шустам, з-он пас
Бо нони ҳалоли худ наҳорӣ кардам.
ОРЗУ
Ҳамехоҳам, ки дар боғи ҳаётат
Гули уммедҳоят ғунча бандад.
Ту дар сад барг хандӣ ҳамчу садбарг,
Аз ин сад ҳеҷ барге кам нагардад.
ЁДГОР
Аз мову ту навбаҳор мемонаду бас,
Чашму дили интизор мемонаду бас.
Афсус, ки мову ту намонем ба ҳам,
Як бӯса ба ёдгор мемонаду бас.





