Сарзамини Тоҷикистон дар замони шуравӣ ватани намояндагони миллатҳои гуногун буд. Дар канори мардуми бумӣ, яъне тоҷикҳо, ҳазорон нафар аз қавму миллатҳои дигар қисмати худро ба ин “диёри домани гардун” гиреҳ зада буданд. Онҳо дар канори тоҷикҳо барои рушду пешрафти Тоҷикистон талошу пайкор карданд, дар бунёди роҳу пулҳо, мактабу бемористонҳо, корхонаҳои тавлидотӣ ва муассисаҳои илмию фарҳангӣ саҳм гузоштанд. Бо як калом, Тоҷикистон кошонаи меҳру муҳаббат ва умеду ормони фарзандони гуногунмиллаташ буд. Пас аз фурӯпошии Шуравӣ оташи ҷанги дохилӣ дар ҷумҳурӣ афрӯхта шуд ва ин низои таҳмилӣ бадбахтиҳои зиёде ба сари мардум овард. Душманони миллати тоҷик байни мардум хусумат ангехтанд ва ба ин васила хостанд моро аз ҳам ҷудо ва Тоҷикистонро пора-пора созанд. Хушбахтона, ақли солим пирӯз шуд ва ду тарафи ҷанг дасти сулҳу бародарӣ ба ҳам доданд. Акнун ҳудуди се даҳсола аст, ки мо дар фазои сулҳу оромӣ зиндагӣ меку[1]нем. Беҳуда намегӯянд, ки ҷанг тару хушкро баробар месӯзад. Аз касофати ҷанг на танҳо иқтисоди кишвари мо зиён дид, афроди бегуноҳ ҷонашонро аз даст доданд ва хонаю дари мардум нобуд шуд, балки ба фарҳангу ҳунар низ латмаи зиёде расид. Садҳо нафар аз чеҳраҳои ғайритоҷики фарҳангу ҳунар ба сабаби нооромӣ кишвари моро барои ҳамеша тарк карданд. Хушбахтона, дар ин миён инсонҳое буданд, ки сахтию маҳрумиятҳои даврони ҷангу бесуботии Тоҷикистонро дар канори мардуми мо таҳаммул карданд, бо умед ба фардои рӯшану беҳтар, дар ин сарзамин боқӣ монданд, ками моро ба ҷои зиёд пазируфтанд ва намаки суфраи моро пос доштанд. Яке аз чунин инсонҳои шарифу фарзона ва посдори нону намаки тоҷикон Заур Дахте, буд, ки то охирин лаҳзаҳои умр дар оғӯши биҳиштосои Тоҷикистон боқӣ монд. Ин филмбардор ва аксбардори шинохта, Ходими хизматнишондодаи фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1936 дар Доғистон ба дунё омада, бо амри сарнавишт аз соли 1937 то 1951 бо хонаводааш дар Эрон зиндагӣ кардааст. Баъд аз бозгашт ба Шуравӣ хонаводаи Заур Дахте, ба хотири забону фарҳанги муштараки кишвари мо ва Эрон, Тоҷикистонро ватани худ интихоб мекунад. Заур Дахте солҳои 1955-1958 дар “интердом” ё парваришгоҳи байналмилалии шаҳри Ивановои Русия таҳсил кардааст. Дар ин парваришгоҳи кӯдакону наврасон фарзандони шаҳрвандони хориҷие таҳсилу зиндагӣ мекарданд, ки бо сабабҳои гуногун ба Шуравӣ паноҳ оварда буданд. Баъд аз фориғ шудан аз ин парваришгоҳ Заур барои идомаи таҳсил ба Донишкадаи ҳавонавардии Маскав меравад, аммо бо баҳонаҳое вайро дар ин донишкада намепазиранд ва ӯ ночор ба Душанбе бармегардад. Аз рӯи нақли Заур Дахте, боре дар манзили адабиётшинос Баҳром Сирус, яке аз эрониёни муҳоҷир дар Тоҷикистон, ӯ бо Меҳрубон Назаров, муовини вақти вазири фарҳанги Тоҷикистон ошно мешавад. Зиндаёд М. Назаров вақте мефаҳмад, ки Заури ҷавон бекор аст ва ба аксбардорӣ шавқу рағбати зиёд дорад, ӯро ба “Тоҷикфилм” даъват мекунад. Ҳамин дидор ва гуфтугӯ сарнавишти Заурро ба синамои тоҷик мепайвандад. Пас аз муддате фаъолият дар ин даргоҳ, ӯ барои идомаи таҳсил ба Донишгоҳи синамои шаҳри Маскав (ВГИК) меравад. Дар як суҳбат Заур Дахте гуфта буд, ки рисолаи дипломии худ-филми кӯтоҳи ҳунарии “Лола”-ро бар асоси достони ҳамноме аз Содиқ Ҳидоят, нависандаи машҳури эронӣ сохтааст. Ин филм шуҳрати ӯро ба унвони филмбардор ва таҳиягар ба берун аз деворҳои Донишгоҳи синамои Маскав бурд. Соли 1968 ӯ филми ҳунарии “Вохӯрӣ дар назди масҷиди куҳна”-ро наворбардорӣ кард. Сипас силсилаи филмҳои “Чор нафар аз Чорсанг” (дар ду қисм, дар таҳияи М. Қосимова), “Паланг зарур аст” (дар таҳияи Б. Арабов), “Шераки ҷасур” (дар таҳияи М. Маҳмудов)-ро ба навор гирифт. Ҳамкории Заур Дахте бо коргардони шинохта Борис Кимёгаров дар фаъолияти эҷодии ӯ ҷойгоҳи хосе дорад. “Одам пӯсташро иваз мекунад” ва “Рустам ва Суҳроб” беҳтарин филмҳои “Тоҷикфилм” маҳсуб мешаванд ва на танҳо дар қаламрави Шуравии пешин, балки дар хориҷ аз он ҳам бинандаи зиёде доштанд. Дар ин филмҳо Заур Дахте ба унвони наворбардор саҳми бузурге гузоштааст. ӯ дар таҳияи беш аз 600 филми мустанад ширкат кардааст. Ду филми сохтааш ба Малика Собирова, ситораи балети тоҷик ва шуравӣ бахшида шудааст. Филми аввалини Заур Дахте “Малика” соли 1966 ҷоизаи ҷашнвораи синамои ҷумҳуриҳои Осиёи Марказиро соҳиб гардид. Дар соли 1982, пас аз даргузашти Малика Собирова, Заур Дахте филми дуюми худро бо номи “Маликаи мо” офарид. Ба гуфтаи худи Заур Дахте, ӯ дар даҳаҳои 1970 ва 1980 борҳо ҷараёни амалиёти ҷангӣ дар Афғонистонро филмбардорӣ карда буд. Ҳамчунин сужаҳои зиёде дар бораи бостоншиносон ва бозёфтҳои онҳо, аз ҷумла муҷассамаи Буддо дар Аҷинатеппаро ӯ ба навор гирифтааст. Буддо, ки дар ҳолати нирвона акнун даҳсолаҳост дар осорхонаи таъриху мардумнигории Тоҷикистон маҳфуз мебошад. Номи Заур Дахте ҳамчун тасвирбардор баъд аз он вирди забонҳо шуд, ки ӯ барои беҳтар ба навор гирифтани Юрий Баранов, қаҳрамони чатрбозии ҷаҳон аз Тоҷикистон, 17 маротиба бо чатр ва дурбини филмбардории дар пеши сараш басташуда худро аз ҳавопаймо ба фазои берун аз он партофт. Барои чунин ҷасорату мардонагӣ ва тасвирбардории саҳнаҳои нодир, соли 1982 филми мустанади “Маҳалли зиндагиаш – осмон” ҷоизаи аввали ҷашнвораи байналмилалии Каунас дар Литвониро ба даст овард. Филмҳои Заур Дахте дар бораи зиндагӣ ва сарнавишти шоирони бузурги тоҷику форс Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Ҳофизи Шерозӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ ба хазинаи тиллоии синамои миллии мо ворид шудаанд. Дар канори тасвирбардорӣ Заур Дахте ба суратгирӣ ҳам алоқаи зиёде дошт. Баъд аз фурӯпошии шуравӣ ва рукуди ҳунари синамо дар Тоҷикистон, ӯ рӯ ба аккосӣ овард, ба ҳунаре, ки дар айёми ҷавонӣ ба он дил баста буд. Дар ин арса ҳам хуб дурахшид. Дар мавзуъҳои гуногун акс мегирифт. Ҳоло ҳар боре ба аксҳои ӯ нигоҳ мекунед, гуногунии рангҳоро мебинед ва гармии қалби аксбардорро эҳсос мекунед. Соатҳо мешавад аз ин аксҳо чашм наканд. Ҳамеша дар сукути аксҳои Заур Дахте умқ ва ҳаракат дида мешавад — ҳаракати эҳсосот ва андеша. Борҳо дар намоиши аксҳои ӯ дар шаҳри Душанбе ҳузур доштам. Аввалин намоишгоҳи аксҳои Заур Дахте соли 2003 дар Душанбе баргузор шуда буд. Дар солҳои баъд, аксҳояшро дар Чин, Ҳинд, Ҷопон, Русия, Фаронса, Олмон, Амрико, Қазоқистон, Озарбойҷон, Туркманистон ва Белорус ба на[1]моиш гузошт. Заҳмату талошҳои ин марди фидокорро соли 2005 Ҳукумати Тоҷикистон бо медали “Хизмати шоиста” қадр кард. Соли 2011 Заур Дахте барандаи унвони ифтихории Академики Академияи мусаввирии Тоҷикистон шуд. То ҳоло чанд албоми аксҳои Заур Дахте ба забонҳои форсии тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба нашр расидааст, ки «Осори фарҳангӣ ва табиати Тоҷикистон» (2008), «Феҳристи осори таърихии Тоҷикистон» (2011), «Тоҷикистон аз нигоҳи Заур Дахте» (2011, 2014), «Гулдӯзӣ-ҳунари суннатии тоҷикон» (2012) ва «Мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Тоҷикистон»(2017) ном доранд. Соли 2014 «Тоҷикистоннома»-и Заур Дахте ба нашр расид, ки аз шаш албоми акс, яъне «Ҳунари ошпазӣ», «Ҳунари муосири Тоҷикистон», «Табиати Тоҷикистон», «Меъмории Тоҷикистон», «Созҳои мусиқии тоҷикӣ» ва «Ҳунарҳои суннатии Тоҷикистон» иборат аст. Замоне, ки бо Заур Дахте ошно шудам, ӯ асосан аксбардорӣ мекард. Дар чанд сафари муштарак ба шаҳрҳои гуногуни кишвар ва суҳбату нишастҳо бо Заур Дахте, ӯро як инсони наҷиб, меҳрубон, самимӣ ва шахсияти ҷолиб дарёфтам. ӯ бо вуҷуди куҳансолӣ, ҳамеша дар такопӯю ҷустуҷӯ буд. Бо маҷаллаю нашрияҳо ҳамкорӣ дошт, роҳнамои аксбардорону филмбардорони ҷавон буд. Гоҳ-гоҳе ба маҳалли кори мо сар мезад ва рӯзе дар атрофи як пиёла чой сухан аз гирдоварӣ рафт, ки дӯстону шогирдон ва ҳамкорону пайвандон ба ифтихори 85-умин солгарди таваллуди ин марди ҳунар навиштаанд. Ба гуфтаи Заур Дахте, аслан қарор буда, ки ҳамаи ин навиштаҳо ба муносибати 85-умин солгарди таваллуди ӯ дар як шумораи вижаи маҷаллаи “Кино”, нашрияи “Тоҷикфилм” дар соли 2021 ба нашр бирасанд. Аммо ба сабабҳои гуногун танҳо ду мақола дар бораи Заур Дахте ва чанд акси ӯ дар ин шумораи маҷалла чоп мешавад. Бо ризояти устод ҳамаи матолиби навиштаи дӯстону ҳамкорон ва рӯзноманигоронро гирд овардем. Матнҳои русиро Л. Жданова, яке аз дӯстони Заур Дахте таҳрир намуд. Пас аз мурури мақолаҳои тоҷикӣ ба ин натиҷа расидем, ки танҳо бо истифода аз онҳо намешавад китобе бар пояи манзалату ҷойгоҳ ва шахсияти Заур Дахте дар арсаи фарҳангу ҳунари Тоҷикистон таҳия ва чоп кард. Ин нуктаро бо устод Дахте дар миён гузоштам ва баъд аз маслиҳат бо эшон, ба чанд тан аз чеҳраҳои барҷастаи адабу фарҳанг занг задам. Бо хоҳиши мо Гулрухсори Сафӣ, Фарзонаи Хуҷандӣ, Абдулҳамид Самад, Далер Назаров, овозхон ва оҳангсози маҳбуб, Саъдулло Раҳимов, муҳаққиқи синамо, Сафар Ҳақдод, раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон, Саноат Азизова, пажуҳишгар, Зевар Давлатзода, ходими фарҳанг ва рӯзноманигорони эронӣ Боқири Муин, Маъсумаи Турфа, Алии Аттор ва Меҳдии Ҷомӣ дар бораи Заур Дахте меҳрномаҳое ҷолибу самимӣ навиштанд. Ҳамаи ин навиштаҳо дар китоби “Устураи фарҳанг ва ҳунари тоҷик” (Душанбе, нашриёти “Эр-граф”, 2023) ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ба хатти форсӣ ба зевари нашр ороста шуд. Зиндадёд Заур Дахте аз чопи ин китоб хеле хурсанду розӣ буд. Боиси шодмонии ӯ ва мо буд, ки дар бораи ин маҷмуа дар сайти Раёсати ҷумҳурии Русия хабари муфассале мунташир шуд ва сухангӯи Вазорати хориҷаи ин кишвар низ дар як нишасти матбуотиаш аз Заур Дахте ва китоби “Устураи фарҳанг ва ҳунари тоҷик” ёд кард… Санаи 15 августи соли 2024, се рӯз пеш аз ҷашни 88-солагии таваллудаш риштаи умри Заур Дахте дар пайи як ҳодисаи нохуши нақлиётӣ дар дараи Варзоб гусаст. Марги нобаҳангомаш бисёреро дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон ғамзада кард. Даҳҳо нафар аз аҳли фарҳангу ҳунар барои адои эҳти[1]ром ба шахсияти Заур Дахте ба хонаи ӯ омаданд. Ба гуфтаи Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдуғаффор Абдуҷаббор, ки аз дӯстони қадимии Заур Дахте аст, “ӯ табиатан инсони зебопарвар ва зебоишинос буд. Агар як лаҳзаи зебо аз табиат ё як чеҳраи нодири мӯйсафед ё пиразанеро медид, мисли кӯдак шодӣ мекард. Мегуфт, як лаҳзаро пайдо кардам, ки нотакрор аст ва дар намоиши аксҳояш хеле хушрӯ, бо меҳр онҳоро таҷассум мекард ва манзури тамошо[1]бинон мегардонд.” Ортиқи Қодир, ҳунарманди театр ва синамо мегӯяд, ки Заур Дахте “Хеле зебо зист, зиндагиаш саршор аз муҳаббат, эҳтиром, самимият ба Тоҷикистону мардуми он ва ба ҳунару фарҳанги тоҷик буд. Ҳар гоҳе ки ба Доғистон ва ё ба Эрон мерафт, боз ҳам муҳаббати Тоҷикистон, ҷозибаи ин муҳаббат ӯро ба Ватан мекашид ва ӯ ба Тоҷикистон бармегашт.” Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафӣ бо ишора ба ин ки Заур Дахте бо вуҷуди куҳансолӣ ҳамчун ҳунарманди асилу боистеъдод ва шахсияти варзида корашро дӯст медошт ва то поёни умр ба ҳунараш содиқ монд, дар маросими видоъ бо Заур Дахте ҳарфи зебое гуфт: “Бо марги мардони ҳунар сайёра холӣ мешавад. Бо марги Заур Дахте сайёра холӣ шуд.” Пайкари Заур Дахте дар яке аз оромгоҳҳои шаҳри Душанбе, дар канори падараш ба хок супурда шудааст. ӯ дар сарзамине оромида, ки онро ватани аслияш медонист ва аз дилу ҷон дӯст медошт. …Се моҳ пеш аз маргаш ба аёдати Заур Дахте ба бемористони ҳукуматӣ рафта будам. Дар ҷараёни суҳбат пурсидам: «Оё дуруст аст, ки дар солҳои ҷанги дохилӣ нияти рафтан ба Эрон барои ҳамешаро доштед?» Зиндаёд Заур Дахте гуфта буд: «Беш аз ҳафтод соли умрам дар Тоҷикистон гузашт. Дар ин ҷо одат кардем, нону намаки Тоҷикистонро хӯрдем. Фикр надорем аз ин ҷо ба ҷои дигар биравем. Дар солҳои мушкил агар Тоҷикистонро тарк мекардем, хиёнат ба ин сарзамину кишвар мешуд. Барои ҳамин Тоҷикистонро ватани худ медонам». Дарвоқеъ, бо ин ҳама тасвирҳои дилнавозе, ки ӯ аз табиат ва мардуми Тоҷикистон сабт ва мунташир кардааст, магар ҷуз Душанбе ҷойи дигаре метавонист маъво ва манзили ӯ бошад? Ба муносибати 90-солагии Заур Дахте Посдори намак
СУҲРОБИ ЗИЁ,
РӯЗНОМАНИГОР





