34.1 C
Душанбе

ЭҲЁИ ЁДГОРИҲОИ МЕЪМОРӢ

Дар машварати омӯзишии илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ, ки дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии бостоншиносӣ таҳти унвони «Бостоншиносӣ ва нақши он дар ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ» баргузор гардид, таъкид шуд, ки истиқлол барои эҳёи худшиносии миллӣ ва бознигарии таърихи миллат имконияти васеъ фароҳам овард, зеро мероси таърихию фарҳангӣ ганҷинаи маънавии миллат буда, дар он таърихи давлатдорӣ, фарҳанг, ҷаҳонбинӣ, ҳунар, илму маърифат ва тарзи зиндагии гузаштагони мо таҷассум ёфтааст. Ҳар ёдгории таърихӣ, бозёфти бостонӣ, шаҳристони бостонӣ, қалъа, мақбара, осори меъморӣ ва намунаи фарҳанги ғайримоддӣ ҷузъи хотираи таърихии миллати тоҷик мебошад. Эҳёи ёдгориҳои меъморӣ ва маҷмааҳои таърихии тахрибшуда, ки то замони истиқлол ба фаромӯшӣ рафта буданд, аз нав оғоз гардида, ҳамчунин, таъсиси осорхонаҳо, мамнуъгоҳҳо, марказҳои мероси хаттӣ ва китобхонаҳо барои ҳифзу нигаҳдошт ва ба наслҳои оянда боқӣ мондани осори бостонӣ, мероси хаттӣ, моддӣ ва ғайримоддии миллӣ инкишоф ва рушд ёфт. Имрӯз ин амали созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ бори дигар нишон дод, ки тоҷикон дар тамоми соҳаҳои ҳаёт миллати созанда ва бунёдкоранд. Дар ин раванд марказҳои бузурги таърихии миллӣ ва мавзеъҳои бостонӣ дар Панҷакент, Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Ҳисор, Бохтар, Ҳулбук, Балҷувон, Ховалинг, Данғара, Кӯлоб ва Хоруғ эҳё ва барқарор гардиданд.

«АС»

мақолаи гузашта
мақолаи навбатӣ
- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо