Дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаи давлатии «Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи М. Миршакар» бо иштироки коршиносон ва шоирону адибони дӯстдоштаи кӯдакону наврасон муаррифии 49 номгӯи адабиёти тозанашр баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндагони Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, муассисаҳои нашравии «Адиб», «Адабиёти бачагона”, Васоити ахбори омма, муассисаҳои томактабӣ ва таълимӣ иштирок доштанд. Меҳмонон намоиши китобҳои тозанашрро тамошо карда, сипас пиромуни аҳаммият ва ҷойгоҳи китоб, таҳия ва нашри адабиёти нави кӯдакона, нақши озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар баланд бардоштани маънавиёти хонандагон, ҷалби адибони бачагон дар таҳияи мавзуъҳои муосири кӯдакона суханронӣ намуданд. Зикр шуд, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди адабиёти кӯдак барои солҳои 2027 — 2031” қабул гардид, ки далели ғамхории Ҳукумати мамлакат нисбат ба созандагони фардои давлату миллати тоҷик арзёбӣ мегардад. Директори Муассисаи нашриявии «Адабиёти бачагона” Наҷмиддин Зайниддинов иброз дошт, ки дар шаш моҳи соли 2026, 49 номгӯ китоб бо дарбаргирии талаботи хонандаи наврас дар умум бо теъдоди 50 ҳазор нусха ба табъ расиданд, ки ин қадами нав дар рушду тақвияти адабиёти бачагона ба ҳисоб меравад. Инчунин, номбурда қайд намуд, ки то анҷоми соли 2026 шумораи номгӯи чопи китобҳо ба 80 адад расонида мешавад. Зимнан, аз ҷониби хонандагони фаъоли Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар, ки аксари онҳо[1]ро ғолибон ва иштирокчиёни озмунҳои шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ ташкил медоданд, дар васфи модар, Ватан, забони модарӣ, васфи зебои диёр шеърҳо қироат гардиданд. Дар анҷоми чорабинӣ ба ҳар як иштирок[1]чии ҳамоши мазкур аз ҷониби Муассисаи нашриявӣ, ташкилкунандагони чорабинӣ китобҳои тозанашри нашриёти «Адабиёти бачагона” туҳфа карда шуд.
МУАРРИФИИ КИТОБҲОИ ТОЗАНАШР
Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.





