ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
Истиқлол ба Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон – ин сиёсатмадори дараҷаи ҷаҳониро дод. Имрӯз ӯ машҳуртарин фарзанди Тоҷикистон ва тамоми тоҷикони ҷаҳон аст.
Аҳмадшоҳи МАСЪУД
Худо он миллатеро сарварӣ дод,
Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.
Ба он миллат сару коре надорад,
Ки деҳқонаш барои дигарон кишт
Иқболи ЛОҲУРӢ
Бале, Истиқлол насиби халқу миллате мегардад, ки воқеан ҳам тақдирсози хеш бошад. Бо амри тақдир сию панҷ сол муқаддам к и ш в а р и б о с т о н и и м о н и з соҳибистиқлол шуд. Ҳол он ки дар олам қавму миллатҳое ҳастанд, ки барои соҳибистиқлол шудан тамоми умр мубориза мебаранд, миллионҳо нафар қурбон мегарданд, аммо муваффақ намешаванд. Масалан, курдҳоро бигирем, ки аз қадимтарин халқи ҷаҳонанду таърихи зиёда аз дуҳазору панҷсадсола доранд. Лекин дар тули мавҷудияташ ин миллати азияткашида наметавонад, ки давлати мустақили худро таъсис диҳад. Мутаассифона, то ба ҳанӯз бархе бар ин ақидаанд, ки мо бисёр осон ва муфт соҳибистиқлол шудем. Агар жарфтар андеша бикунем, ба ботил будани ин ақида имони комил пайдо менамоем. Зеро ҳамагон хуб ёд доранд, ки баъд аз соҳибистиқлолӣ дар кишвар мансабхоҳон ба хотири соҳиби чавкӣ шудан чӣ шӯре андохтанд. Чунон шӯру шар андохтанд, ки бародар гиребони бародар гирифт ва аз мӯрии хонадони тоҷик дуди ғами ҷонкоҳ фаввора зад. Дар чунин айёми шӯрангез дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи XVI-и Шурои Олии Тоҷикистон баргузор гардид. Ин иҷлосия ҳам таърихӣ ва ҳам тақдирсоз буд. Бад[1]он хотир, ки дар он айём Тоҷикистон дар варта қарор дошт ва каме такон басанда буд, ки ё нест шавад ва ё се тақсим. Ва дар ин иҷлосияи таърихӣ бо аксари овозҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимомдории кишварро бар дӯш гирифтанд ва савганд ёд карданд. Савганди садоқат, садоқат ба халқу миллате, ки бо амри тақдир ба чор тараф овораву парешон шуда буд. Ва Сарвари давлат савганд ёд карданд, ки то ин халқи парешонгаштаро ба ҳам наоранд, ҳеҷ гоҳ, ҳеҷ вақт худро орому осуда эҳсос намекунанд. Воқеан ҳам, Роҳбари давлат дар бораи баҳамойии миллат ва барқарорсозии сулҳ дар кишвар ранҷу азияти зиёд кашиданд, ки қалам дар тасвири он оҷиз аст. Билохира, ранҷҳои кашидаи Ҷаноби Олӣ ганҷ оварданд:
Раҳми парвардигори мо омад,
Нури ҳақ бар диёри мо омад.
Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт,
Сулҳи бунёдкори мо омад.
Ахтари наҳс аз сари мо рафт,
Ахтари саъд ёри мо омад…
(Лоиқ ШЕРАЛӣ)
Мо бояд шукргузори ҳамин Ахтари саъди тоҷикон бошем. Чаро ки:
Шукр гӯӣ, неъматат афзун шавад
В-ар нагӯӣ, аз кафат берун шавад.
Ва ё Шокиронро дӯст медорад Худо, Ҳар ки ношукрӣ кунад, бинад ҷазо! Мо бояд шукри он кунем, ки ба шарофати ин неъмати худодод, ки Истиқлол ном дорад, дар тули сию панҷ сол таҳти роҳбарии хирадман[1]донаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ко[1]мёбиҳое ноил гардидем, ки таърих назирашро надидааст. Ҳамаи ин ободию созандагӣ ва бунёдкорӣ да[1]лели он аст, ки дар кишвар оромии мутлақ ҳукмрон аст. Агар оромӣ набошад, ободӣ ҳам намешавад. Аз интернет хонда будам, олими амрикоие таҳқиқоте анҷом дода, ба хулосае омада, ки оромтарин гӯшаи дунё Тоҷикистон аст. Воқеан ҳам, ҳамин тавр ҳаст ва ин боиси ифти[1]хори мо, тоҷикон аст, ки чунин Ватан дорем ва чунин Сарвар дорем, ки тамоми ҳастии худро ба ободии диёр бахшидаву мебахшанд. Мо шукргузори он бошем, ки имрӯз ҳамаи унсурҳои давлатдориро дороем. Ба мо танҳо лозим аст, ба хотири он ки аъдо оби моро ба ҷӯи худ накашад, воҳид бошему баҳри шукуфоии кишвар аз як гиребон сар бароварда, ба заҳмати ҳалол пардозем. Чаро ки тавре мегӯянд, ваҳдат ба истиқлол мебарад ва истиқлол ваҳдатро ба камол мерасонад. Яъне яке дигареро тақвият медиҳад.





