34.1 C
Душанбе

ШИНОСОИИ ШАҲРДОРИ ШЕРОЗ БО ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ТОҶИКОН

Раиси шаҳри Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҳасан Асадӣ ва ҳайати ҳамроҳаш дар ҷараёни сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, бо таъриху тамаддуни куҳанбунёд, мероси фарҳангӣ ва дастовардҳои таърихии халқи тоҷик шинос шуданд. Барои меҳмонон сайри осорхонавӣ ташкил гардида, онҳо аз толорҳои гуногуни намоишии Осорхонаи миллӣ дидан намуданд. Зимни боздид ба меҳмонон намунаҳои нодири мероси таърихию фарҳангӣ, бозёфтҳои арзишманди бостоншиносӣ, ёдгориҳои нодири моддӣ ва дигар осори гаронбаҳои таъриху фарҳанги халқи тоҷик муаррифӣ гардиданд. Меҳмонон ҳамчунин бо марҳалаҳои муҳимми ташаккул ва рушди давлатдории тоҷикон, дастовардҳои фарҳангию илмӣ ва саҳми халқи тоҷик дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ ошно гаштанд. Бояд гуфт, ки пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанбе ва шаҳри Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон бародаршаҳр мебошанд. Раиси шаҳри Шероз Муҳаммад Ҳасан Асадӣ ва ҳайати ҳамроҳаш дар идомаи сафар ҳамчунин Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисорро тамо[1]шо кард. Ҳайати шаҳри Шероз ҳамчунин аз дӯконҳои ҳунармандӣ боздид намуда, бо маҳсули дасти ҳунармандони маҳаллӣ, аз ҷумла маҳсулоти дӯзандагӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва дигар корҳои дастӣ шинос шуданд. Меҳмонон ба маҳорати ҳунармандони шаҳри Ҳисор баҳои баланд дода, изҳор доштанд, ки чунин ташаббусҳо барои рушди ҳунарҳои мардумӣ, дастгирии занону ҳунармандон ва муаррифии фарҳанги миллӣ аҳаммияти бузург доранд.

«АС»

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо