34.1 C
Душанбе

БОЗЁФТИ МУҲРИ ШОҲИИ АҲДИ КӮШОНИЁН

Дар даврони Истиқлол ковишҳои археологӣ доир ба омӯзиши таърихи давлатдории қадимии тоҷикон батадриҷ идома доранд. Аз ҷумла, ба наздикӣ мутахассисони Осорхонаи миллии Тоҷикистон зимни гузаронидани корҳои таҳқиқотӣ-бостоншиносӣ дар мавзеи ёдгории таърихии «Сайёд», воқеъ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон муҳри шоҳиро ёфтанд, ки аз гили пухта буда, то имрӯз дар ҳолати хуб нигоҳ дошта шудааст. Бозёфти нодир дорои аҳаммияти баланди илмӣ буда, метавонад дар омӯзиши таърихи аҳди Кӯшониён дар минтақа ба марҳалаи нав оғоз бахшад. Муҳр ранги нахӯдӣ дошта, баландиаш 5 см мебошад ва аз ду қисми асосӣ иборат аст. Қисми аввал дастаи муҳр буда, дорои сӯрохӣ барои гузаронидани ришта ва истифодаи осони он аст. Қисми дуюм, ки бахши асосии муҳрро ташкил медиҳад, шакли доира дошта, нисбат ба даста бузургтар мебошад. Қисми нақшдори муҳр дар дохили доирае бо қутри 6 см ҳаккокӣ шудааст. Дар рӯйи муҳр тасвирҳо ба шакли вожгун ҷойгир гардидаанд, ки ин хусусияти маъмулии муҳрҳои расмӣ мебошад. Дар таркиби ин тасвирҳо катибаи бохтарӣ, нақшу нигори ҳандасӣ, нимпайкараи шоҳ бо тоҷи дандонадор, тасвири бузҳои кӯҳӣ, рамзҳои давлатдории шоҳони Кӯшонӣ, инчунин нишонаҳои марбут ба ҳокимияти шоҳони маҳаллӣ ва дигар унсурҳои рамзӣ мушоҳида карда мешаванд. Кашфи мазкур аҳаммияти бузурги илмӣ, фарҳангӣ ва осорхонавӣ дорад.

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо