Фасли обуна ба нашрияи адабӣ ва фарҳангии кишвар “Адабиёт ва санъат” оғоз шуд. Нашрияе, ки ҳама аз адабиёт, фарҳанг, маърифат, илм, ҳунар, зебоӣ ва муҳаббат менависад. Нашрияе, ки аз руҳияи миллӣ, арзишҳои миллӣ ва забону ҳастии миллат офарида мешавад. Нашрияе, ки ҳар ҳафта чун китоби атрогини маърифат рӯйи дасти Шумо қарор мегирад. Ва вақте Шумо 15 саҳифа адабу маърифату муҳаббату зебоиро мехонед, дар ниҳоят, навбати саҳифаи ҳаҷвии “Мушфиқӣ” меояд, ки он як табассуми зебо бар лабони Шумо ба ҷой мегузорад… Обунаи нашрия дар соли равон тибқи гузориш ҳамагӣ 70 дарсад иҷро шуда буд. Рақаме, ки касро ба андеша фурӯ мебарад. Андешаву нигаронии хосса аз ду чиз: Якум, фаъолият ва мавҷудияти нашрияи адабии кишвар асосан ба обуна ва истиқболи хонандагон вобаста мебошад. Яъне, агар хонандагони азиз дастгирӣ накунанду обуна нашаванд, фаъолияти нашрия халал меёбаду идомаи кори он мушкил мегардад. Дуюм, адади нашри ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” ҳамагӣ 11000 нусха аст, ки ҳатто ба 0,01 дарсади аҳолии кишвар баробар намешавад. Зеро ҳоло 1 дарсади аҳолии Тоҷикистони азизамон ҳудуди 110 000 нафарро ташкил меку[1]над. Яъне, агар ҳатто 1 дарсади аҳолии кишвар ба ҳафтаномаи адабию фарҳангии худ обуна шаванд ва ё харидаву бихонанд, адади нашри он на 11000, балки ҳудуди 110 000 нусха мебуд. Албатта, дар шароити рушди воситаҳои дига[1]ри дарёфти ғизои маънавию фарҳангӣ рӯзнома акнун сарчашмаи асосии маълумоту маърифат нест. Аммо ин рақамҳои зикршуда низ ҷойи андеша дошта, оинаи нигоҳу муносибати умумии мо ба фарҳангу адабиёт мебошанд. Ин аст, ки мо дар фасли обуна ба мардуми фарҳангдӯсту адабпарвари худ, хосса ба тамоми аҳли адабу фарҳанг, ба ҳаводорони илму маърифату андеша, ба аҳли ҳунару зебоиву зебоишиносӣ ва ба ҳар як шаҳрванди огоҳу боҳувияти кишвар муроҷиат менамоем, ки ба “Адабиёт ва санъат” обуна шуда, фаъолияти нашрияи ягонаи адабии кишварамонро дастгирӣ кунед ва ба ин восита дунёи худ ва муҳити хонаводаи худро саршор аз адабиёту фарҳангу зебоиву табассум созед. Дар бораи вазъи обуна дар идораву муассисаҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар дар шумораи оянда маълумотнома пешниҳод мешавад. Нишонаҳо ва тарзи обуна ба ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” дар саҳифаи охири он нишон дода шудаанд. Бо мо бимонед, то ҳафтаномаи дӯстдоштаи Шумо фаъол бошаду худи Шумо хушнуд!
Дӯстони азиз!
Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.





