34.1 C
Душанбе

ТАНТАНАҲОИ ИСТИҚЛОЛ

Рӯзи 8-уми сентябр дар Театри миллӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд. Мавсуф кулли мардуми шарафманди Тоҷикистон ва ҳамватанону ҳамзабонони бурунмарзиамонро ба ифтихори ҷашни муқаддасу сарнавиштсоз – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ табрику таҳният гуфтанд. Гуфта шуд, ки 35 соли соҳибистиқлолӣ возеҳан собит сохт, ки тоҷикон ҳамчун миллати фарҳангиву тамаддунсоз дорои хиради азалӣ, иродаи матин ва неруи бузурги созанда ҳастанд. Дар идома андешаҳои дигар вобаста ба барқарор кардани сохти конститутсионӣ, ба роҳ мондани фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, таъсиси сохторҳои низомӣ ва таъ мин намудани волоияти қонун садо доданд. Ёдоварӣ гардид, ки дар баробари таҳкими пояҳои ҳуқуқӣ ва конститутсионии давлатдорӣ, мо Қувваҳои Мусаллаҳ, Қӯшунҳои сарҳадӣ, дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварро, ки аз ҷумлаи аркони бунёдии дав латдорӣ мебошанд, дар шароити бисёр мураккаб ва амалан аз сифр таъсису ташаккул додем. Ин иқдоми тақдирсоз барои ҳифзи соҳибистиқлолӣ, тамомияти арзии кишвар, таъ мин намудани ам нияти миллӣ ва суб оти сиёсии ҷомеа заминаи боэътимод гузошт. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши соҳибкорони бо ҳимма т у ватандӯстро дар корҳои ободониву с о з а н д а г ӣ арзишманд номида, ба кулли шаҳрвандони кишвар, соҳибкорони бонангу номус ва шахсони саховатпеша барои саҳми арзандаашон дар ободонии Ватани азизамон миннатдории самимӣ изҳор намуданд. Вобаста ба болоравии нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, эътирофи соҳибистиқлолии кишвари мо андешаронӣ карда, бо ташаббуси Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул шудани 20 қатъномаро, ки ҳоло мавриди татбиқ қарор доранд, намунаи олии шинохти давлату миллати мо дар сайёра номиданд. Аз ҷумла, қабул гардидани қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид доир ба эълон кардани “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027-2036” як тасдиқи дигари саҳму талошҳои сулҳофарӣ ва ваҳдатпарварии давлати тоҷикон дар роҳи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии сулҳ номида шуд. Пешвои миллат дар назди мар думи соҳибфарҳангу тамаддунсоз, озодидӯсту ватанпараст, бонангу номус, босабру таҳаммул, бунёдко ру созанда, заҳматкашу қавиирода ва қаҳрамони тоҷик сари таъзим фуруд оварда, ба ҳамаи онҳое, ки дар давраи вазнини давлатсозӣ бо Роҳбари давлат содиқона ҳамкорӣ карданд, яъне вакилони мардумӣ аъзои Ҳукумат, роҳбарони кумитаву идораҳо ва дигар сохтору мақомоти давлатӣ изҳори сипос намуданд. Пас аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба муно сибати 35-солагии Истиқлоли дав латӣ барномаи бошукӯҳи консертӣ баргузор гардид. Дар идомаи тантанаҳои ҷашнӣ рӯзи 9-уми сентябр дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Варзишгоҳи миллӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар оғоз Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиринро ба ифтихори ҷашни бузургу таърихӣ – 35-солагии истиқлолу озодии Ватани азизамон самимона табрик гуфтанд. Таъкид гардид, ки 35 сол пеш Тоҷикистони маҳбуби мо соҳибистиқлол шуд ва мардуми тоҷик имкони соҳибихтиёрӣ, муайян намудани роҳи мустақили пешрафту тараққиёт, эҳёи арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва анъанаҳои давлатдории бостониро ба даст овард. Дар робита ба бунёди иншооти муҳташами Варзишгоҳи миллӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар доираи тадбирҳои созандагиву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон имрӯз мо шоҳиди боз як рӯйдоди хотирмон – ифтитоҳи Варзишгоҳи миллӣ бо 30 ҳазор ҷойи нишаст гардидем. Сипас дар Варзишгоҳи миллӣ намоиши театрикунонидашуда бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “35 соли сарнавишт соз” баргузор шуд.

мақолаи гузашта
мақолаи навбатӣ
- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо