34.1 C
Душанбе

Пайкараи сухан

Дар доираи сафари кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Рашт ва ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ин ноҳия – шаҳраки Ғарм ҳайкали Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷои заи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ устоди зиндаёд Меҳмон Бахтӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар маросими ифтитоҳи ҳайкал Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷ лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идизода Файзалӣ Фузайлшо, муовини директори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Нурмаҳмадзода ва раиси ноҳияи Рашт узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идизода Зарина Фузайл шо иштирок намуданд. Дар пояи ҳайкал суҳбати ҳозирин доир ба рӯзгор ва осори Меҳмон Бах тӣ, иҷрои сурудҳо дар асоси матнҳои ӯ ва рақсҳои ҳунарпешагони ноҳия қисмати фарҳангии чорабиниро гар мтар карданд. Ҳайкали адиби маъруф Меҳмон Бахтӣ ҳамчун нишони эҳтиром ба аҳли қалам ва арҷгузорӣ ба адабиёт ба муҳити фарҳангии шаҳраки Ғарм ҳусни тоза зам карда, барои таҳкими ҳисси худшиносӣ, таваҷҷуҳи хос ба мероси маънавӣ ва тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандӯстиву ада бпарварӣ заминаи муҳим фароҳам меорад.

мақолаи гузашта
мақолаи навбатӣ
- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо