Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воқеъ ба ҷашни пайванду ҳамбастагии тамоми тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон табдил гашт. Ба ин муносибат бо даъвати давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон садҳо нафар ҳамзабонон аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон ба Тоҷикистон омада, чун меҳмонони фахриву гиромӣ дар чорабиниҳои ҷашнӣ ба таври васеъ иштирок намуданд. Илова бар ин, ҳазорон нафар ҳамзабонон аз саросари ҷаҳон ҳамчун сайёҳ ва меҳмон ба тамошои Тоҷикистони ҷашниву ороста ташриф оварда буданд. Бо ширкати меҳмонони ҳамзабон дар тамоми ин давра дар пойтахт ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ даҳҳо нишасти илмӣ, муаррифии китобҳо, маҳфили шеъру сухан, базми таронаву шодмонӣ ва намоишу зиёфатҳои фарҳангиву идона баргузор шуданд. Дар ин рӯзҳо ибораи машҳури «Тоҷикистон – хонаи умеди тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон» бори дигар бо тамоми маънояш ба ҷилва омад. Яке аз муҳимтарин чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ, ки дар доираи ҷашни пуршукӯҳи Истиқлоли кишвар доир шуд, баргузории нишасти навбатии Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд» дар шаҳри Душанбе буд. Ҷаласаи анҷуман рӯзи 7-уми сентябри соли 2026 бо иштироки Раиси он, Пешвои миллат, Прези денти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифта, дар чорчӯби конфронси байналмилалии «Тоҷикистони соҳибистиқлол – пайвандгари тамаддуни ориёӣ» ба баррасии муҳимтарин масъалаҳои фазои форсизабон ва ҳавзаи тамаддуни ориёӣ пардохт. Мақсади асосии Анҷумани «Пайванд» иттиҳоди тоҷикону форсизабонони дунё, ҳифзи забон, фарҳанг, тақвияти адабиёт ва таърихи онҳо буда, бо баргузории анҷуманҳо, фестивалҳо, чо рабиниҳои адабию илмӣ ҳамкории ҳамзабононро тақвият мебахшад ва барои шиносоӣ бо асл ва ме роси худ ҷавононро дастгирию раҳнамоӣ мекунад. Дар ҳамоиши навбатии Анҷуман Барномаи рушди «Пайванд» барои солҳои оянда дар самтҳои забон, таърих, фарҳанг, илм, иқтисод, ҷавонон, инноватсия, рақамикунонӣ ва дипломатияи фарҳангӣ, бунёди «Конуни тамаддуни ориёӣ» ва «Маркази байналмилалии Наврӯз» дар шаҳри Душанбе, инчунин тасмими омӯзиши хатти форсӣ дар муассисаҳои таълимӣ пешниҳод шуд. Дар марҳалаи тозаи фаъолият дар назди Анҷумани «Пайванд» вазифаҳои нав меистанд. Баробари ҳифзи забон, таърих, фарҳанг, та факкур, ҷаҳонбинӣ ва хотираи маънавии миллӣ, забони тоҷикӣ бояд ба забони илму технология, иқтисод, дипломатия ва фанновариҳои муосир табдил дода шавад. Пешвои миллат, Раиси Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд» муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиш таъкид карданд, ки тоҷикони бурунмарзӣ сафирони фарҳанг ва тамаддуни ориёӣ дар кишварҳои гуногунанд, ки дар муаррифии Тоҷикистон саҳми бузург мегу зоранд. Аз ин рӯ, Анҷумани «Пайванд» бояд ба маркази ҳамоҳангсозии неруҳои зеҳнӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии тоҷикон дар ҷаҳон табдил дода ша вад. Яъне мо, ворисони ин тамаддуни бузург, бояд фаъолиятамонро бо талаботи замони муосир мутобиқ намоем ва ҳамеша бо дастовардҳои хеш дар тамоми соҳаҳо парчами шарафи миллатро дар ҷаҳон баланд бардорем.
АНҶУМАНИ ПАЙВАНД
Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.





