34.1 C
Душанбе

ШОҲҶОИЗАИ «ШОҲНОМА»

Чанде пеш дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия дар доираи Намоишгоҳи 39-уми байналмилалии кито би Маскав Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» баргузор шуд, ки дар он китоби безаволи «Шоҳнома» и Абулқосим Фирдавсӣ сазовори Шоҳҷоиза гардид. Дар озмуни мазкур, ки моҳи июли соли 2026 дар шаҳри Мински Беларус доир шуда буд, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон беҳтарин китобҳои муассисаҳои нашриявии кишварро дар 9 номинатсия пешниҳод намуд. Китобҳои пешниҳодшуда бо дар назардошти арзиши баланди адабӣ, илмӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ, инчунин сатҳи таҳия, ороиш ва иҷрои полиграфӣ интихоб гардида буданд. Ин дастовард аҳаммияти хосса дорад. «Шоҳнома» бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025 бо теъдоди 1 миллиону 700 ҳазор нусха ба табъ расида, ба ҳар хонаводаи кишвар тақдим гардид. Нашри чунин теъдоди бузурги «Шоҳнома» ва тақдими он ба хонаводаҳои мамлакат яке аз иқдомҳои муҳимми фарҳангӣ дар самти арҷгузорӣ ба мероси адабии ниёгон, таҳкими худшиносии миллӣ, тарғиби китобхонӣ ва рушди фарҳанги маънавии ҷомеа ба ҳисоб меравад.

Дар баробари Шоҳҷоиза якчанд китобҳои дигари Тоҷикистон низ дар озмун сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Китоби «Олами гулдӯзии тоҷик» ҷойи якумро соҳиб шуд. Китобҳои «Дар ҳавои Мавлоно»-и Раҳмоналӣ Мирализода, «Физикаи олам, фалсафаи ҳастӣ»-и Фарҳод Раҳимӣ ва маҷмуаи «Сандуқи афсо наҳо», ки дар муассисаи нашриявии «Адабиёти ба чагона» ба табъ расиданд, ҷойи дуюмро гирифтанд.

Ҳамчунин, китобҳои «Намунаи адабиёти тоҷик»-и Садриддин Айнӣ, «Мулки меҳру мулки шеъру мулки сеҳр»-и Низом Қосим ва «Достони Душанбе»-и Давлат Сафарзода сазовори ҷойҳои сеюм гардиданд. Китоби «Раҳбари дилҳо»-и Су руши Оина бо Дипломи махсуси озмун қадрдонӣ карда шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмуъ, соҳиби Шоҳҷоиза, як ҷойи якум, се ҷойи дуюм, се ҷойи сеюм ва Дипломи махсус гардид. Ин натиҷа Тоҷикистонро аз рӯи шумораи ҷоизаҳои бада стоварда дар қатори кишварҳои пешсафи озмун қарор дод. Ба даст овардани чунин натиҷаи назаррас аз рушди пайвастаи соҳаи табъу нашр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд гардидани сатҳи касбии муас сисаҳои нашриявӣ ва таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди китобу китобдорӣ шаҳодат медиҳад.

Озмуни байналмилалии «Санъати китоб» барои муаррифии беҳтарин намунаҳои маҳсулоти нашрии кишварҳои аъзои ИДМ, табодули таҷрибаи касбӣ, рушди ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи табъу нашр ва баланд бардоштани сатҳи сифати китобҳо баргузор мегардад. Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин озмун имкон фароҳам овард, ки дастовардҳои муассисаҳои нашриявии кишвар дар арсаи байнал милалӣ муаррифӣ гардида, имкони мавҷудаи соҳаи табъу нашр ва осори адабию фарҳангии тоҷик ба доираи васеи аҳли фарҳанг, мутахассисон ва на мояндагони кишварҳои иштирокчӣ пешниҳод карда шавад.

Дар доираи иштироки ҳайати расмии Тоҷикистон дар маросими ҷоизасупорӣ ва Намоишгоҳи 39-уми байналмилалии китоби Маскав масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи китоб ва табъу нашр, табодули таҷриба, густариши робитаҳои байни муассисаҳои нашриявӣ ва иштироки минбаъ даи Тоҷикистон дар чорабиниҳои байналмилалии соҳавӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд. Иштироки Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналми лалии китоби Маскав, ҳамчунин, барои шиносоӣ бо равандҳои муосири рушди соҳаи китоб, технологи яҳои нави нашр ва полиграфия, барқарор намудани робитаҳои нави касбӣ бо намояндагони муассисаҳои соҳавии кишварҳои гуногун заминаи мусоид фароҳам овард. Дар намоишгоҳ ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии муовини Вазири фарҳанг Давлат Сафарзода иштирок намуд.

мақолаи гузашта
мақолаи навбатӣ
- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо