6.1 C
Душанбе

ТАҲАВВУЛИ МАФҲУМИ ВАҲДАТ

Муаллиф: Ҳаким Абдуллоҳи Раҳнамо

Ба имзо расидани Созишномаи умумии сулҳ ва оштии миллӣ дар соли 1997 яке аз муҳимтарин ҳо дисаҳои таърихи муосири Тоҷикистон ва оғози марҳалаи сифатан нави таърихи тоҷикон буд. Рӯзи ваҳдати миллӣ, ки ба ин муноси бат муқаррар гашт, на танҳо рӯзи ёдоварии худи он сана, балки рӯзи бузургдошти худи ваҳдати миллӣ мебошад. Яъне он ҳам ҷашн ва ҳам рӯзи андешаву ҳушдору ҳушёрист. Барои арзёбии дурусти моҳият ва аҳаммияти ин рӯйдод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Созишномаи сулҳи тоҷикон чунин гуфтаанд: «Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз аҳаммияти бузурги худ бо Эъломияи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як радиф меистанд. Агар Эъломия ба ҷумҳурии мо ба таври расмӣ истиқлолият ва соҳибихтиёриро дода бошад, пас Созишнома дар ватани мо сулҳу салоҳро таъмин намуд. Агар дар ватани мо бо шарофати Созишнома сулҳу салоҳ пойдор намегардид, хатари аз даст додани истиқлолият ба мо таҳдид мекард». Яъне, барқарории сулҳи саросарӣ ва расидан ба ваҳдати миллӣ на танҳо боиси қатъи ҷанги шаҳрвандӣ, балки боиси наҷоти давлату миллати мо гардид. Зеро дар ҳақиқат, дар он давра давлати мо дар вартаи нобудӣ қарор дошт ва эҳтимоли фурӯпошӣ ва аз байн рафтани он як эҳтимоли воқеӣ буд. Аз 5,5 миллион аҳолӣ 1 миллион гуреза ва 1 миллион муҳоҷири дохилӣ гашта буд. Ҳудуди 200 000 куштаҳои ҷанг ба 4% аҳолии он вақт баробар буд. Яъне, агар ҷанг хотима намеёфт, нобудии физикию биологии миллат низ имкон дошт. Ин аст, ки ҷашни Ваҳдати миллӣ ҷашни бузурги ватандорӣ, ҷашни наҷоти давлату миллат, ҷашни ғалабаи хиради сулҳ бар ғазаби ҷанг, тантанаи пирӯзии рӯшанӣ бар торикист. Баррасии маҷмуаи дидгоҳҳо дар бораи ваҳдати миллӣ дар Тоҷики стон нишон медиҳад, ки ҳоло дар фазои фикриву иттилоотӣ ду фаҳ миши ин мафҳум корбурд дорад ва вазъияти он аз ду назар арзёбӣ мегардад. Фаҳмиши аввал мафҳу ми ваҳдатро дар доираи ҳамон Созишномаи умумии сулҳи соли 1997, яъне тавофуқи гурӯҳҳо ва тарафҳои ҷанги шаҳрвандӣ фаҳмида, будан ё набудани сулҳу ваҳдатро дар идома доштан ё надоштани ҳамон сиғаи муносибатҳои сиё сию идорӣ медонад. Албатта, дар солҳои аввали баъдиҷангӣ ваҳдат асосан ба ҳамин маъно фаҳмида мешуд, ки дуруст ва воқеъбинона буд, зеро ташаннуҷи муносибати ду ҷониб метавонист боиси ташаннуҷи вазъияти сиёсию амниятии тамоми кишвар гардад. Аммо имрӯз ба ин маъно фаҳмидани мафҳуми ваҳдат дигар аз бисёр ҷиҳат воқеияти ҷо меаи Тоҷикистонро ифода карда наметавонад. Фаҳмиши дуюм, яъне фаҳмиши фарогиртари ваҳдати миллӣ ба он маъност, ки дар ин 29 соли пас аз имзо ва татбиқи Созишномаи сулҳи соли 1997 мафҳуми ваҳдат дар Тоҷикистон ба таври бунёдӣ таҳав вул ёфта, акнун на танҳо ба маънои муносибати ду тарафи он санади таърихӣ, балки ба маънои мут таҳидии умумии аксари аҳли ҷомеа дар атрофи арзишҳо, мафҳумҳо ва манфиатҳои умумимиллӣ истифо да мешавад. Зарурати истифодаи чунин фаҳмиши васеъ ва фарогири мафҳуми ваҳдати миллӣ, пеш аз ҳама, аз он бармеояд, ки дар тули ин 29 сол дар кишвар баъзе таҳав вулоти амиқе ба вуҷуд омаданд, ки дар назар нагирифтани онҳо худфиребии маҳз мебуд. Аввалан, дар ин марҳала, яъне 29 соли охир, худи таркиби аҳолии кишвар ба таври ҷиддӣ тағйир ёф тааст. Масалан, дар муқоиса бо соли 1997, насле, ки ҳоло 50-сола аст, он вақт ҳамагӣ 20-21-сола, яъне донишҷӯёни донишгоҳҳо бу данд ва насле, ки имрӯз 40-сола аст, он вақт ҳамагӣ 10-11-сола ё хонандагони синфҳои 3-4-уми мактаби миёна буданд. Насле, ки имрӯз 30-солаанд, он вақт ҳа магӣ 1-сола буданд ва 25-солаю 29-солаҳо ҳанӯз умуман ба дунё наомада буданд. Яъне аҳолии зери 50-солаи кишвар, ки имрӯз беш аз 80% аз шаҳрвандони Тоҷикистонро ташкил медиҳанд, на дар ягон тара фи ҷанги шаҳрвандӣ ва на дар ягон ҷониби Созишномаи сулҳи соли 1997 ҳузур ва нисбат надоштанд. Пас, агар мо имрӯз ҳам ваҳдати миллиро ба маънои тавофуқи ду та рафи ҷанги шаҳрвандӣ ё ҳамзистии ду ҷониби Созишномаи сулҳи соли 1997 фаҳмем, он дигар аксарияти кулли аҳолии кишвар, яъне беш аз 80% аз мардуми Тоҷикистонро фаро намегирад. Он вақт он на ба ваҳдати умумимиллӣ, балки ба як мафҳуми маҳдуди таърихиву ҳо шиявӣ табдил меёбад. Дар ҳоле, ки мо маҳз ба ваҳдати фарогир ниёз дорем. Сониян, дар 29 соли охир дар ҷо меаи Тоҷикистон даҳҳо ҳизбу ҳара кату ташкилотҳои сиёсӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳои ғайридавлатию ҷамъиятӣ, гурӯҳҳои нави иҷтимоӣ ва арзишӣ, доираҳои нави фикрӣ, иттиҳодияҳои нави касбию соҳавӣ, шахсиятҳои нави соҳибназару таъсиргузор ва ғайра ба вуҷуд омаданд, ки дар замони имзои Созишномаи сулҳи соли 1997 умуман дар саҳна ҳузур ё вуҷуд надоштанд Пас, вақте имрӯз дар Тоҷикистон дар бораи ваҳдати миллӣ сухан меравад, маҳз ҳамин маънои васеъ ва фарогир ва мафҳуми воқеъбино наи он истифода мегардад ё бояд истифода гардад. Ба таври мушах хас, имрӯз зери мафҳуми ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон ҳолат ва нишондиҳандаҳои зерин дар назар дошта мешаванд:-дар атрофи арзишҳои асосии сиёсӣ, ҳуқуқӣ, идеологӣ, давлатӣ ва дар атрофи худи ниҳоди давлат муттаҳид будани аксарияти кулли мардум, гурӯҳҳои синнӣ, қишрҳои иҷтимоӣ, доираҳои фикрӣ ва не руҳои сиёсии кишвар;-ваҳдат ва ҳамзистии осоиштаи намояндагони тамоми халқу мил латҳо ва ақаллиятҳои милливу этникӣ дар сатҳи ҷомеа;-ваҳдат, ҳамзистии осоишта ва таҳаммулпазирии намояндагони дину мазҳабҳо ва эътиқодҳои гу ногун дар кишвар;-ваҳдат ва ҳамзистии минтақаҳо ва маҳалҳои кишвар, аз ҷумла ҳам фаъолиятии нухбагони маҳалливу минтақавӣ;-ваҳдату ҳамзистӣ ва ҳам сӯии ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар чорчӯби усулҳои асосии сиёсӣ, низоми давлатдорӣ ва арзишҳои давлатдории миллӣ;-ҷонибдории аксарияти мардуми кишвар аз самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, хусусан аз мавқеъ, фаъолият ва сиёсатҳои роҳбарияти олии кишвар;-аз сатҳи қарордодӣ ба сатҳи як арзишу тафаккури умумимиллӣ ва як фарҳанги фарогири ҷомеа таҳаввул ёфтани мафҳуми ваҳдат. Яъне, барои ифодаи ваҳдати миллӣ ва арзёбию андозагирии он дар ҷомеаи муосири мо бояд акнун маҳз ин нишондиҳандаҳои зикршу да дар назар гирифта шаванд. Аз назари ҳуқуқию сиёсӣ бошад, зербинои арзишию ҳуқуқии чунин ваҳдати миллии фарогирро акнун на созишномаи муайян, балки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикис тон, арзишу меъёрҳои пазируфтаи умумимиллӣ ва манфиатҳои миллӣ ташкил мекунанд.

мақолаи гузашта
мақолаи навбатӣ
- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо