***
Ин ки мебинӣ, манам як ғолиби
майдони сулҳ,
Дар баҳои ҷони худ тоҷики саргардони сулҳ.
Субҳи содиқ медамад аз шонаи сабзи Ватан
Дар фазои созгори чеҳраи хандони сулҳ.
Рӯзгорон бо фиребаш ҳушдоре медиҳад,
Осиёи рӯзии мо чархаи гардони сулҳ.
Дар сукути зулмати таърих будем,
эй дареғ,
Бедаво, бемуттако дар сурати
армони сулҳ.
Роҳи пирӯзии мо бо мушкилӣ тай мешавад,
Мебаранд охир ба манзил халқро
мардони сулҳ.
Тоҷики озодадил, уммедпарварро бубин,
Ҷонситону ҷонфишон бигрифта аз
домони сулҳ.
Киштии мо аз дами тӯфони дунё меравад,
Дасту бозуи қавӣ бигрифта
сарфармони сулҳ.
Баъд аз ин андар дифои марзи покат,
эй Ватан,
Мерасад аз Оли Сомон фавҷи
фарзандони сулҳ.





