***
Як ҷаҳон ишқ ба ин давлату даврон дорам,
Тоҷикистон дорам,
Шукр аз гавҳари мероси ниёкон дорам,
Тоҷикистон дорам!
Ориёпарчами хуршед ба боми ватанам,
Ватани ҷону танам,
Ахтари тоҷи Каён бар сари Сомон дорам,
Тоҷикистон дорам!
Қасри миллат асар аз Кохи
куҳистони ман аст,
Бурҷи имони ман аст,
Гавҳари Суғдаму алмоси Бадахшон дорам,
Тоҷикистон дорам!
Сарнавиштам қаламе аз варақи
санги замон,
Нақши фарҳанги замон,
Хати иқболи дил аз хиттаи Хатлон дорам,
Тоҷикистон дорам!
Рӯдакивор наво мезанам аз пардаи рӯд
Ба калому ба суруд,
Порсигустараму сабки Хуросон дорам,
Тоҷикистон дорам!
Нома бар шоҳ барам бо қалами Фирдавсӣ
Аз Ҳакими Тусӣ,
Маснавиёна зи Мавлои худ эҳсон дорам,
Тоҷикистон дорам!
Ғазали Ҳофизам андар чамани наврӯзӣ
Бо ҷаҳонафрӯзӣ,
Назми Саъдияму «Бустон»-у
«Гулистон» дорам,
Тоҷикистон дорам!
Аз Самарқанду Бухорою Ҳироту Табрез
Дар Душанбеи азиз
Боғу гулгашту гузаргоҳу хиёбон дорам,
Тоҷикистон дорам!
Рӯдбораш ба ҷаҳон нуру зиё хоҳад дод,
Босафо хоҳад дод,
Чашмасоре суи фардои дурахшон дорам,
Тоҷикистон дорам!
Меваҳои шакарину асалу нуқлу наво,
Тоза чун обу ҳаво,
Нони гарме зи муҳаббат ба сари хон дорам,
Тоҷикистон дорам!
Он биҳиште, ки бигӯянд, ҳамин кишвари мост,
Нозанинманзари мост,
Ман ба ин лутфи Худованд, ки имон дорам,
Тоҷикистон дорам.





