6.1 C
Душанбе

ҶАШНИ МУҚАДДАС

КАРОМАТУЛЛО ОЛИМЗОДА, АКАДЕМИК

Баъд аз суқути давлати қудрат манди Иттиҳоди Шуравӣ ҷумҳуриҳои дар ҳайати он буда, яке пас аз дигаре истиқлоли давлатии худро эълон карданд. Тоҷикистон низ соҳибистиқ лол шуд ва дар оғози давлатсозӣ бо дахолати баъзе кишварҳои хориҷӣ ва дастгирии неруҳои берунӣ ҳизбу ҳаракатҳои мансабхоҳи таҷрибаи зарурии сиёсӣ ва барномаҳои илман санҷидашуда надошта аз роҳи зӯро варӣ ба мақсад расиданӣ буданд, ки дар натиҷа ҷанги шаҳрвандӣ ба вуқуъ пайваст. Хатари ҷудоии минтақаҳои кишвар ва парокандагии миллати тоҷик аз ҳолати имконӣ наздик буд ба воқеият табдил ёбад. Бесабаб нест, ки Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ҷанги шаҳрван диро таҳмилӣ номиданд. Ин ҳодисаи нохуш, ки фоҷиаи миллӣ буд, ба пе шрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маъна вии мардуми Тоҷикистон зарбаи сахт ворид кард. Аслан нооромиҳои сиёсӣ ва низомии дар Иттиҳоди Шуравӣ паҳншуда ба ҳаракатҳои ба истилоҳ демократӣ такон дода, дар фазои қонуншиканиҳо мардумро ба бероҳаи сиёсию иҷтимоӣ раҳнамун мекарданд. Ба ақидаи баъзе муҳаққиқон ва сиё сатшиносон ин нооромиҳо, беобрӯ шудани ҳизби вақт ва дар ниҳояти кор пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ натиҷаи хиёнати роҳбарияти Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шуравӣ, пеш аз ҳама, Михаил Горбачёв, Александр Яковлев ва ҳамсангарони онҳо буд. Чунончи, яке аз донишмандони муосири рус Александр Зиновев, ки бинобар ақидаҳои дисидентӣ Иттиҳоди Шуравиро тарк карда буд ва баъди фурӯпошии он ба Маскав баргашт, асарҳои зиёде таълиф карда, ба ху лосае омадааст, ки Иттиҳоди Шура виро душманонаш бо дасти роҳбарони хиёнатпешааш буғӣ ва нобуд карданд. Александр Зиновев менависад: «Ит тиҳоди Шуравӣ на аз он сабаб фурӯ пошида шуд, ки созмони иҷтимоии Ғарб комилтар буд, балки ба сабаби маҷмуи шароити таърихӣ, аз ҷумла бартарии қувваи душман, аблаҳӣ ва тарсуии ҳукуматдорони шуравӣ, хиё нати оммавӣ ва ғайра фурӯ рафт…Мо имрӯз кӯдакии беғам ва боварии бузур гсолонро ба оянда гум кардем. Мо, кам ҳам бошад, ҳама чизро доштем ва он кафолатдодашуда буд. Дар назари мо ин кафолат доимӣ, гӯё неъмати табиат буд, гӯё ба мисли обу ҳаво буд… Мо ба ҳукумат норозиёна дод мезадем , чунон ки кӯдакон ба падару модар барои манъ кардани чизе ва ё ҷазо додан барои вайрон кардани қоидае. Чи қадар мо сода будаем!» Олими дигари Русия, сафири собиқи Федиратсияи Русия дар Тоҷи кистон Рамазон Абдулатипов дар яке аз асарҳояш бо истинод ба Доминик Муази навиштааст: «Инсон моҳияти глобалиро касб намуда, худро гум кард. Ҷаҳони муосир бо ҳодисаи «низои эҳсосҳо» рӯ ба рӯ шуд. Ҷаҳо ни Ғарб дар баҳри тарсу ҳарос ғарқ шудааст, арабҳо ва мусулмонон ба гаравгони фарҳанги таҳқиршаванда табдил ёфтаанд». Мардуми Иттиҳоди Шуравӣ бозсо зиро ба хубӣ ва гарм истиқбол кард. Натиҷаи он буд, ки мувофиқи рақамҳои оморӣ солҳои 1987-88 нишондиҳан даҳои иқтисодӣ хеле баланд шуданд, яъне аз ҷиҳати иқтисодӣ имкониятҳои Иттиҳоди Шуравӣ ҳамчун давлати муқтадир ҳанӯз бузург буд. Вале дар сиёсати кадрӣ ва байни миллӣ камбудҳои ҷиддӣ содир шуд, ҳатто пешниҳоди «мубодилаи кадрҳо» низ якҷониба сурат гирифта, ашхоси нолоиқ ва ришваситон аз гӯшаю кано ри кишвари шуравӣ ба ҷумҳуриҳо, аз ҷумла ба Тоҷикистон омада, зидди ятҳои миллиро барангехтанд Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бар замми ин маҳалгароӣ авҷ гирифт ва ҳаракати демократисозӣ аз тарафи неруҳои ифротгаро ва шуҳратталаб ба беобрӯсозии роҳбарони сатҳҳои гу ногун табдил ёфт. Албатта, дар байни роҳбарони ҷумҳурӣ ва мақомоти гуно гун шахсони нолоиқ ва ба вазифаҳои масъул носазовор низ буданд. Вале танқиди созанда ва беғаразона камтар ҷой дошта, популизми сиёсӣ афкори оммаро фаро мегирифт. Дар оғози истиқлоли давлатӣ, мутаассифона, маҳалгароӣ, мансабта лошӣ, демократиябозӣ ва таассуби динӣ бо ҳам омезиш пайдо карданд ва раванди ҳодисаҳоро ба сӯи фоҷиаи миллӣ раҳнамун сохтанд. Тоҷикистон дар ҳолати парокандагӣ ва нобудшавӣ қарор дошт. Қувваҳое, ки солҳои 20 уми асри ХХ соҳибдавлат шудани тоҷиконро намехостанд ва мақса дашонро амалӣ карда натавониста буданд, бо истифода аз ин вазъияти бебандуборӣ дар охири аср мехостанд амалӣ намоянд. Ҷомеаи Тоҷикистон ба сулҳу ваҳдат, ки асоси бақои давлат ва истиқлоли он буд, чун обу ҳаво ниёз дошт. Дар ҳамин давра баргузор шудани Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар шаҳри Хуҷанд ва ба мақоми Раиси Шурои Олӣ интихоб шудани шахсияти ҳанӯз дар арсаи сиёсати бузург зуҳурнакарда, вале ҷасуру вафодор ба аҳдофи олии истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллӣ нақши бузурге дар таҳаввулоти сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар бозид. Ин шахс Эмомалӣ Раҳмон буданд, ки дар он лаҳзаи ҳалкунандаи буду нобуди давлату миллат тавонистанд роҳи наҷотро ҷустуҷӯ карда, барои барқарории сулҳу ваҳдати миллӣ ҷомеаро сафарбар намоянд. Бояд гуфт, ки дар ин раванд бисёр мардону занони шуҷоъ низ фаъолият намуданд, сиёсатмадорон, олимон, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, ҷавонони ватандӯст барои татбиқи сиёсати Президенти мамлакат ҷиҳати истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ кори пурсамарро анҷом доданд. Воқеъбинона бояд таъкид кард, ки ҷасорат, садоқат ба миллат, азхудгу зарӣ барои сулҳу ваҳдати мардуми Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Пешвои ҳақиқии миллати тоҷик таб дил дод ва сиёсати дохилӣ ва бай налмилалии давлати тоҷикон обрӯи ин шахсияти ғайриодиро дар кишвар ва ҷаҳони муосир баланд бардошт. Маҳз ҳамин самтҳои фаъолият буд, ки пешниҳодҳои Тоҷикистон дар СММ ва созмонҳои дигари байналмилалӣ мавриди эътироф гирифтанд. Такя ба ҷавонон ва баланд бардо штани мақоми зан дар ҷомеа, рушди маориф ва илм, тандурустӣ барои таҳкими асосҳои давлати соҳибистиқ лол ва давлати дунявӣ яке аз самтҳои муҳимми сиёсати Сарвари давлат қарор гирифтааст, ки ба оянда нига ронида шудааст. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, ки 27 июни соли 1997 пеш аз ҳама бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маскав ба имзо расида буд, ҷамъбасти мулоқот ва баҳсу мунозираҳои зиёд барои ба ҳадафи ниҳоӣ — сулҳу ваҳдат ноил шудан буд. Сулҳи тоҷикон намунаи нодири сулҳофаринӣ дар таҷрибаи байналмилалӣ буд. Он аз бадномии ҷангзадагӣ ба сулҳу оштиофаринию некномӣ овард, ҳатто намунаи ҳалли муваффақонаи низоъҳои сиёсӣ ва низомӣ дар ҷаҳони муосир гардид. Дарки масъулияти олӣ барои тақдири миллату давлат буд, ки ҳар ду ҷонибро ба ҳам овард ва дар паси як миз қарор дод. Натиҷаи он имрӯз маълум аст, ки ҳаёт осудатар, ҷумҳуриамон ободтар шуда, дар арсаи ҷаҳонӣ мақоми хосси худро касб менамояд. Комиссияи оштии миллӣ барои иҷрои протоколҳои ба Созишномаи умумӣ мутааллиқ буда кори зиёдро анҷом дод. Дар натиҷаи фаъолияти якҷояи ҳар ду ҷониб бо дастгирии бевоситаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва мақомоти ҳукуматӣ, ёриҳои созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагони кишварҳои кафили сулҳ масъалаҳои душвотарин ҳаллу фасл шуданд. Муҳоҷирон аз Афғонистон ва дав латҳои дигар ба Ватан баргардонда шуданд, тағийроту иловаҳо ба Консти тутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуда, аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуданд, Парлумони дупалатагӣ ва касбӣ таъсис ёфт, зин дагӣ ба маҷрои табиии худ батадриҷ ворид гардид. Гуфтугӯи байни тоҷикон бомуваффақият анҷом ёфт ва Комис сияи оштии миллӣ вазифаи худро иҷро кард. Набояд фаромӯш кард, ки вазъи имрӯза аз солҳои 90-ум ба куллӣ фарқ дорад. Аҳолии кишвар ба сулҳу ваҳдати миллӣ, ба Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқ ва вафодории худро борҳо нишон додааст. Имрӯз мебинем, ки шаҳрҳо, ноҳи яҳо, деҳаҳо обод мешаванд, хонаҳои истиқоматӣ, мактабҳо, масҷидҳо, до нишгоҳҳои нав, муассисаҳои соҳаҳои иҷтимоӣ сохта мешаванд, Тоҷикистон аз маҳдудияти коммуникатсионӣ бе рун баромад, роҳҳои муосир эъмор мешаванд, проблемаҳои энергетикӣ бо сохтани НБО-ҳои нав, махсусан бузургтарин неругоҳи ҷаҳон Роғун, бартараф ва амнияти озуқаворӣ алу фасл мешаванд. Саноатисозии ки швар идома дошта, Тоҷикистон бояд ба кишвари саноатӣ-аграрӣ табдил ёбад. Ин ҳама самараи арзишманди ваҳдати миллӣ мебошад. Дар самти худогоҳии миллӣ, омӯзиши таъриху фарҳанги миллӣ корҳои зиёде сурат мегиранд, ки ифтихори миллиро боз ҳам афзун мекунанд. Баргузории чорабиниҳои бузурги байналмилалӣ обрӯю эътибори Тоҷикистонро ҳамчун кишвари соҳибтамаддун, дорои таъри ху фарҳанги бостонию ғанӣ баланд бардоштааст. Ин дастовардҳоро мо ба насли ҷавони кишвар ҳамеша бояд ёдовар шавем, дар зеҳнашон ҳисси ифтихори миллӣ ва ватанпарастиро устувор созем, чунки ҷавонон неруи мутаҳаррик ва зуд тағйирёбандаи ҷомеа ҳастанд, ҳақиқатро ба онҳо бо эҳтиёт ва боварибахш фаҳмондан ва масъулияташонро дар назди Ватану миллат доимо зикр кардан зарур аст. Пойтахти кишварамон шаҳри Душан бе, сол то сол зебову шукӯҳманд ме гардад. Аз тарафи ЮНЕСКО «Шаҳри сулҳ» эълон шудани он эътирофи мақоми сулҳофаринии Тоҷикистон, махсусан пойтахти он мебошад. Бисёр ҷавонони донишманду боғайрат дар кори роҳбарӣ намунаи ибрат шудаанд, ки яке аз онҳо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ мебошад, ки бо кӯшишҳои ӯ симои шаҳр зебову назар рабо шудааст.

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо