Қатра-қатра оқибат дарё шудем,
Зарра-зарра кӯҳи побарҷо шудем.
Сад ҳазорон «ман» ба ҳам ҷамъ омадем,
То дар ин даҳри парешон «мо» шудем.
Ҳосили ҳамдасту ҳампоӣ бубин,
Дасти ҳам бигрифтаву барпо шудем.
Меҳри ҳам варзида, қад афрохтем,
Қадри ҳам дониста, сарболо шудем.
Дасти ҳам бигрифта ҳамчун ҳарфҳо,
Рӯи авроқи Ватан маъно шудем.
Рафт овои дили мо сӯи ҳам,
Ҳамсадо гаштем, ҳамово шудем.
Милро аз чашми миллат карда дур,
Ҳамчу шеъри Рӯдакӣ бино шудем.
Доруи дарди ҷудоӣ ёфтем,
Вориси шоистаи Сино шудем.
Рӯ ба роҳи Ҳақ ниҳодем аз дигар,
Рострав чун сатри Мавлоно шудем.
Бин ба мо ҳар субҳ чун бар Офтоб,
Гум нагаштем, аз дигар пайдо шудем.
Мо на хокистар, шудем оташ зи нав,
Чун самандар мо зи худ эҳё шудем!
Низом Қосим





