6.1 C
Душанбе

АВФ ҚУДРАТ АСТ

Авф, бахшиш аз ҷумлаи арзишҳои

муҳимми фарҳангу тамаддун ва адабиёти тоҷик буда, бузургони мо онро

дар радифи беҳтарин хислатҳои

инсонӣ гузоштаанд, ки он  дар корномаю фаъолият ва  шахсияти Пешвои

миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба

таври барҷаста ифода ёфтааст.

Дар даврони Истиқлол таҳти роҳ

барии Сарвари давлат муҳтарам

Эмомалӣ Раҳмон ҳудуди  20 қонун дар

бораи авф қабул шуда, даҳҳо ҳазор

нафар аз ин неъмат бархурдор гаштанд, ки таҷассуми равшани сиёсати

инсондӯстӣ, ризоияти миллӣ ва адолати иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

мебошад.

Намунаи дигари тантанаи ҳамин

хислати бузурги ниёкон ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии

Ҷумурии Тоҷикистон  қабули  Қонуни

Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи

авф», аз 16 июни соли 2026, маҳсуб

мешавад,

Ин қонун ба 18038 маҳкумшуда татбиқ гардида, аз ҷумла 11305 нафар аз

муассисаҳои сукунатӣ озод ва муҳлати

ҷазои 6733 нафар кам мегардад.

Қонун «Дар бораи авф» инчунин,

нисбат ба шахсоне, ки парвандаи онҳо

дар пешбурди  мақомоти судӣ, таҳқиқ

ва тафтиш қарор дорад, татбиқ мешавад. Фароҳам овардани имконияти

ислоҳ ва бозгашт ба ҳаёти муқаррарӣ 

ифодагари садоқати давлат ба принсипҳои инсондӯстӣ ва эҳтироми шаъну

шарафи инсон аст.

Дар остонаи ҷашни Ваҳдати миллӣ

ин як шодии бузургест, ки ба ҳазорон

хонавода расид. Акнун пайвандони

онҳо имкон пайдо мекунанд, ки ба

назди оилаҳои худ баргашта, фаъо

лияти меҳнатиро барқарор намоянд,

дар ҳаёти ҷамъиятӣ иштирок кунанд

ва ҳуқуқи худро ба зиндагии арзанда

амалӣ созанд.

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо