6.1 C
Душанбе

«ШОҲНОМА»-ХОНӢ ДАР ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ

Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Шоҳнома – паёми сулҳ, ваҳдат ва инсонгароӣ барои наслҳои оянда» маҳфили «Шоҳномахонӣ» бахшида ба эълон гардидани «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» ва бо мақсади тарғиби арзишҳои сулҳу ваҳдат, эҳёи ме роси гаронбаҳои фарҳангиву адабӣ, таҳкими худшино сии миллӣ ва баланд бардоштани фарҳанги суханварии кормандони осорхона баргузор шуд. Директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода доир ба аҳаммияти ташаббуси навбатии байналмила лии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати эълон гардидани «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» ва нақши мероси адабии ниёгон дар таҳкими фарҳанги сулҳ ибрози назар намуд. Таъкид гардид, ки шоҳасари безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ на танҳо намунаи олии адабиёти классикии тоҷику форс, балки сарчашмаи муҳимми тарбияи маънавӣ, ватандӯстӣ, адолатпарварӣ, сулҳхоҳӣ ва ваҳдати ҷомеа ба шумор меравад. Арзишҳои волои инсонӣ, ки дар ин асари бузург таҷассум ёфтаанд, имрӯз низ дар таҳкими фарҳанги сулҳ ва тарбияи насли оянда аҳаммияти хосса доранд.

мақолаи гузашта
мақолаи навбатӣ
- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо