Санаи 14 июл дар Муассисаи фарҳангии Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар шаҳри Теҳрон ҳамоиши бузургдошти шоир, ориф ва мутафаккири барҷастаи тоҷику форс Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ баргузор гардид. Бино ба маълумоти Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар ҳамоиши илмӣ ва фарҳангӣ, ки бо иштироки донишмандон, пажуҳишгарон ва дипломатҳои кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд, роҳҳои ҳифз, таҳқиқ, тасҳеҳ ва нашри осори Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Низомиддин Зоҳидӣ зимни су ханронӣ Мир Сайид Алии Ҳамадони ро ҳалқаи пайван ди миллатҳо ва фарҳангҳои мин тақа арзёбӣ наму да, таъкид кард, ки андешаҳои ӯ ҳамчун манбаи донишу маърифат ва ахлоқу ҳикмат метавонанд дар ҳалли мушкилоти ҷаҳони муосир ва таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ байни миллатҳо саҳми арзанда гузоранд. Низомиддин Зоҳидӣ аз ҷойгоҳи хоссаи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар Тоҷикистон ёдовар шуда, изҳор намуд, ки оромгоҳи ин шахсияти бузург дар шаҳри бостонии Кӯлоб қарор дошта, осор ва мактаби маъ навии ӯ бахши муҳимми ҳувияти фарҳангии миллати тоҷикро ташкил медиҳад. Таъкид гардид, ки дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Президен ти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 1995 ва 2015 ҷашнҳои 680 ва 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо иштироки донишман дон аз кишварҳои минтақа ва ҷаҳон баргузор шуданд. Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки муҳаққиқон ва донишмандони тоҷик бахши муҳимми осори Мир Сайид Алии Ҳамадониро таҳқиқ, тасҳеҳ ва нашр намуда, омӯзиш ва пажуҳиши мероси ин мутафаккири бузург имрӯз низ дар муассисаҳои илмии кишвар идома дорад. Дар ҳамоиш намояндагони муас сисаҳои илмӣ ва пажуҳишии Эрон, Тоҷикистон ва Покистон, инчунин муҳаққиқони соҳаи нусхашиносӣ ва ҳамадонишиносӣ суханронӣ намуда, зарурати ҳамоҳангсозии талошҳои минтақавиро барои таҳқиқ, нашр ва тарғиби осори арзишманди Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ таъкид карданд.
ҲАЛҚАИ ПАЙВАНДИ МИЛЛАТҲО
Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.





