Дар саҳифаи адабу фарҳанги Тоҷикистони азизи мо рӯйдоди фархундаи дигаре сабт гардид. Зеро бо қарори Маҷлиси вакилон халқи шаҳри Ваҳдат мактаби №152-и ҳамин шаҳр, ки соли 2025 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми ифтитоҳи он ҳузур доштанд, ба номи шоири маъруф, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ ва Ордени Ситораи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дараҷаи III устод Бозор Собир гузошта шуд. Ин муассисаи таълимии замонавӣ акнун бо гирифтани номи яке аз чеҳраҳои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик рисолати волотаре касб мекунад. Бозор Собир аз зумраи шоироне буд, ки бо эҳсоси гарми ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва муҳаббати самимӣ ба тамаддуни бостониямон ҳамвора шеър мегуфт. Номгузории муассисаи таълимӣ ба номи чунин шахсияти маҳбуб танҳо як иқдоми расмӣ нест, дар баробари ин арҷгузорӣ ба мероси адабии миллат, эҳтиром ба соҳибқалам ва паёмест ба насли наврас, ки роҳи донишу хирад ва маърифат ҳамеша бо номи фарзандонифарзонаи миллат равшан мемонад. Шоири миллат Бозор Собир дар баробари ситоиши ҳар гӯшаву канори Тоҷикистон аз мавзеъҳои зебои Файзободу Ваҳдат ва гирду атрофи он низ бо забони равони шеър сухангуфта, аз ҷумла овардааст:
Соли ман моҳист, аммо моҳии афлок нест,
Моҳии оби кабуди саргаҳи Кофарниҳон аст.
Moҳии оби кабуди саргаҳи Кофарниҳонам
Бартар аз он моҳии чархи кабуди осмон аст.
***
Ноништаи ман тарошаки деги ту буд,
Гармобаи хушки ман таги реги ту буд.
Қишлоқаки ман, хатат нависам ба алам,
Устоди хатам муаллими Беги ту буд.
Мавриди ёдоварист, ки мактаби № 8-и шаҳри Душанбе ва Боғи фарҳангиву фароғатии ноҳияи Файзобод низ ба номи Бозор Собир гузошта шудаанду пайкараи муҳташами шоир дар Файзобод қад афрохтааст.





