6.1 C
Душанбе

ҶОИЗА МУБОРАК БОШАД!

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз 17 июли соли 2026, №481 қарори Ку митаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат, меъморӣ ва журналистикаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ намуд. Тибқи он дар соли ҷорӣ шахсони зерин са зовори Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ шуданд: дар бахши адабиёт – Саидзода Насруддин Саид (барои романи “Нони шарикӣ”), Раҳмонзо да Давлаталӣ Мусо (барои маҷмуаи шеърҳои “Номаи офтоб”); дар бахши мусиқӣ ва ҳунарнамоӣ – Саид зода Фурқат Фатҳулло (барои маҷмуаи сурудҳои “Сози ватандорӣ”), Қосимзода Шералӣ Файзалӣ (барои маҷмуаи сурудҳои “Меъмори Истиқлол”), Холиқов Исматулло Ҳикматуллоевич (барои маҷмуаи сурудҳои “Чашмаи меҳр”); дар бахши санъати тасвирӣ ва меъморӣ – Ҷӯраев Ғафур Ҳоҷиевич (барои китоб-албоми “Живопись. Монументальная скульптура”); дар бахши эҷодиёти бадеӣ барои кӯдакон ва наврасон – Раҳмонзода Абдусаттор (барои маҷмуаи шеъру манзума, чистон ва тарҷумаҳои “Хонаи мо – гулхона”); дар бахши журналистика – Муртазо Бах тиёр Қосим, Мусозода Шералӣ Сафар (барои маҷмуаи очеркҳо ва қиссаҳои ҳуҷҷатии “Ча роғафрӯзон”); дар бахши тарҷума, пажуҳиш ва тарғиби адабиёти тоҷик дар мамлакатҳои хориҷӣ – Мамадназаров Абдусалом (барои тарҷума ба англисӣ, пажуҳиш, чоп ва рӯнамоии асарҳои Садриддин Айнӣ “Ҷаллодони Бухоро”, “Мар ги судхӯр”, “Исёни Муқаннаъ” ва “Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик” дар Англия, ИМА ва Тоҷикистон.

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо