6.1 C
Душанбе

Шаҳри ҷавонӣ. Толиби Луқмон

Дар синаи ту ҷӯш занад шӯри ҷавонӣ,
Нурониву зебо шудӣ аз нури ҷавонӣ.
Ҳар кӯчаи ту пур шуда аз ишқи ҷавонон,
Пурзӯру тавоно шудӣ аз зӯри ҷавонӣ.

Бо меҳрфишонӣ,
Бо сулҳу амонӣ
Шодоб бимонӣ,
Эй шаҳри Душанбеи ман, эй шаҳри ҷавонӣ!

Ҳар боғи ту саршори таҷаллои ҷавонист,
Ҳар гул асари ишқу таманнои ҷавонист.
Бо диди наву фикри наву лоиҳаи нав
Ҳар гӯшаи хушранги ту маъвои ҷавонист.

Бо меҳрфишонӣ,
Бо сулҳу амонӣ
Шодоб бимонӣ,
Эй шаҳри Душанбеи ман, эй шаҳри ҷавонӣ!

Имрӯз ҷавонони ту шаҳболи ту ҳастанд,
Дар ҷодаи иқболи Ватан дастбадастанд.
Дар партави фазлу хиради Сарвари ғамхор
Донишвару варзишгару фарҳангпарастанд.

Бо меҳрфишонӣ,
Бо Рустами сонӣ
Поянда бимонӣ,
Эй шаҳри Душанбеи ман, эй шаҳри ҷавонӣ!

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо