Ҷашни истиқлоли мо бодо муборак, дӯстон!
Бахти мо, иқболи мо бодо муборак, дӯстон!
Сарвари мо тоҷи ваҳдат бар сари тоҷик монд,
Тоҷи зарринхоли мо бодо муборак, дӯстон!
Модари мо шод гашту шод шуд атфоли мо,
Хандаи атфоли мо бодо муборак, дӯстон!
Ҷашни мо, ки муждае аз соли сулҳу дӯстист,
Соли некӯфоли мо бодо муборак, дӯстон!
Ҷашни давлатдории мо рамзи истиқлоли мост,
Рамзи истиқлоли мо бодо муборак, дӯстон!
Бахти мо, иқболи мо бодо муборак, дӯстон!
ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ. Ҳақназар Ғоиб
Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.





