6.1 C
Душанбе

ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ. Рустам Ваҳҳобзода

Зи мавҷи Вахш берун мешавад хуршеди истиқлол,
Зиҳӣ ҷоми ҷаҳонбин дар кафи Ҷамшеди истиқлол.
Сади РоҒун шумори қуллаҳоро мекунад афзун,
Чу кӯҳе устувор истода ин уммеди истиқлол.
Уқоби авҷи озодист гӯё бар ситеғи кӯҳ
Ватансозе, ки бинад бар ҷаҳон аз диди истиқлол.
Бувад ҳар чархаи Роғун ҳарифи чархаи гардун,
Ки бо ҳар гардиши худ мекунад тавлиди истиқлол.
Садоқат бо дурахши нури нобат мешавад тасдиқ,
Зафар бо муҳри меҳрат мекунад таъйиди истиқлол.
Забони мо, равони мо, нишони мо, бақои мост,
Нигаҳ дорад худо ин давлати ҷовиди истиқлол.
Ба лаб ҳар чашмаат пайғом аз Хуршед меояд,
Муборак бод, эй озода миллат, иди истиқлол.

           АВҶИ ШАҲОМАТ                                             Рустам  Ваҳҳобзода

  (Дар пойи қуллаи Исмоили Сомонӣ)

Қуллаи авҷи шаҳомат – тоҷи Истиқлоли тоҷик,
Мезанад паҳлу ба гардун қомати иқболи тоҷик.
Шод ҳар рӯзаш бувад бо зодрӯзи родмарде,
Муҳри ҷовидона дорад рӯзу моҳу соли тоҷик.
Мезанад пар аз фазои бостон симурҒи рӯҳаш,
Муттаҳид аст ин ҷаҳон гӯё ба зери боли тоҷик.
Эй муборак соате, худ аз парешонӣ бар ояд,
Нест волотар дигар з-ин ормон омоли тоҷик.
Фақри Дастон поси ойини ниёкон аст, варна
Дар дил ҳар кӯҳ ганҷи зар ниҳода Золи тоҷик.
Риштаҳои рӯдбораш қитъаҳоро васл созад,
Мекунад таъмири ваҳдат панҷаи салсоли тоҷик.
«Субҳи давлат медамад…» чун офтобе рух намояд,
Ҳар гаҳ аз девони Ҳофиз мекушоям фоли тоҷик.

ШАҲСУТУНИ ИСТИҚЛОЛ Рустам Ваҳҳобзода

Решаҳо ба дил барпост шаҳсутуни Истиқлол,
Машъале ҳама нури лолагуни Истиқлол.
Бурҷи тоҷи заррин аст, бар фарози Парвин аст,
Фарри Кӯҳкан ин аст – Бесутуни Истиқлол.
Пайкари Ҷаму Дорост, қомати баланди мост,
Сарфароз бигзашта озмуни Истиқлол.
Устувонаи ваҳдат, авҷи шонаи ваҳдат,
Бо нишонаи ваҳдат раҳнамуни Истиқлол.
Банд-банд авранг аст, зоди фанну фарҳанг аст,
Ормони меъмори зуфунуни Истиқлол.
Бар кунад чу фаввора ифтихорро дар ҷон,
Ҳар киро ба шарён аст мавҷи хуни Истиқлол.
Панҷаи шаҳодат шуд рост дар кафи таърих:
Маҳкам аст дар ин хок беху буни Истиқлол.

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо