6.1 C
Душанбе

СУРУДИ ИСТИҚЛОЛ. Ҳасани Султон

Ба бахти миллати соҳибфазилат,
Ба поси ҳар ваҷаб хоки биҳиштӣ
Ту гӯӣ, ин замон аз умқи таърих,
Ба гӯш ояд суруди зардуҳиштӣ:
«Муборак ҷашни Истиқлоли тоҷик!
Ҳумоюн толею иқболи тоҷик!»
Расад аз осмон борони раҳмат,
Ғубори яъсу навмедӣ бишӯяд.
Фалак болад ба бахти мо дигар бор,
Малак моро муборакбод гӯяд:
«Муборак ҷашни Истиқлоли тоҷик!
Ҳумоюн толею иқболи тоҷик!»
Ҳумои бахту пирӯзию давлат,
Шавад дар осмони мо парафшон.
Паёми мардуми озода орад

  • Паёми Оли Сосон, Оли Сомон:
    «Муборак ҷашни Истиқлоли тоҷик!
    Ҳумоюн толею иқболи тоҷик!»
    Суруди дилраси “Оҳуи кӯҳӣ…”
    Ба дашти дил танинандоз гардад.
    Забони модарии ноби моро,
    Ҷавонии дигар оғоз гардад:
    «Муборак ҷашни Истиқлоли тоҷик!
    Ҳумоюн толиею иқболи тоҷик!»
    Фурӯғи нав, шукӯҳи тоза ёбад,
    Зи Истиқлол даври рӯзгорон.
    Садо хезад, садо аз Тоқи Кисро,
    Садо аз корзори Сарбадорон:
    «Муборак ҷашни Истиқлоли тоҷик!
    Ҳумоюн толею иқболи тоҷик!»
    Ба базми миллати деринафарҳанг,
    Ба юмни толею иқболи масъуд,
    Бихонад дар гулободи Душанбе
    Равони Рӯдакӣ бо чангу бо руд:
    «Муборак ҷашни Истиқлоли тоҷик!
    Ҳумоюн толею иқболи тоҷик!»
    Суруди «Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён»-аш,
    Сурури тоза ангезад ба олам.
    Навои чангу лаҳни дилпазираш,
    Дигар овоза ангезад ба олам:
    «Муборак ҷашни Истиқлоли тоҷик!
    Ҳумоюн толею иқболи тоҷик!»
    Равони поки Мавлонову Сино,
    Кушояд пар ба сӯйи каҳкашонҳо.
    Ҳакими Тӯс бо таҳсину тамҷид,
    Бигӯяд дар хилоли достонҳо:
    «Муборак ҷашни Истиқлоли тоҷик!
    Ҳумоюн толею иқболи тоҷик!»
    Дар ин гулшан дигар ҷое намонад
    Асар аз ҷавру аз бедоди айём.
    Кашад сар аз замин то авҷи афлок,
    Танини нӯшбоди ҷоми Хайём:
    «Муборак ҷашни Истиқлоли тоҷик!
    Ҳумоюн толею иқболи тоҷик!»
    Бинозад, аз шукӯҳи мо, бинозад,
    Равони Ҳофизу Саъдӣ дигар бор.
    Канори Оби Рукнободи ҷаннат,
    Бихонад бо ҳамон лаҳни шакарбор:
    «Муборак ҷашни Истиқлоли тоҷик!
    Ҳумоюн толею иқболи тоҷик!»
    Ба гулбоғи Душанбе кӯч бандад,
    Равони Аҳмади махдуми Дониш.
    Раҳо гардад, раҳо аз банди озор,
    Ба боли раҳмату дасти ниёиш:
    «Муборак ҷашни Истиқлоли тоҷик!
    Ҳумоюн толею иқболи тоҷик!»
    Шавад аз ворисони хеш хушнуд
    Равони Айнии соҳибдили мо,
    Биболад руҳи ӯ аз ин саодат,
    Бихонад бо фараҳ дар маҳфили мо:
    «Муборак ҷашни Истиқлоли тоҷик!
    Ҳумоюн толею иқболи тоҷик!»
    Ғафуров шаҳкитоби “Тоҷикон”-ро,
    Ба расми армуғон манзур созад.
    Нидо аз боғҳои сабзи мину
    Нидо аз дурҳои дур созад:
    «Муборак ҷашни Истиқлоли тоҷик!
    Ҳумоюн толею иқболи тоҷик!»
    Дили пуршӯри Турсунзодаи мо,
    Ба шӯр ояд, зи нав бар ҷӯш ояд.
    Ҳамовои садои дилнишинаш,
    Садои Осиё бар гӯш ояд:
    «Муборак ҷашни Истиқлоли тоҷик!
    Ҳумоюн толею иқболи тоҷик!»
    Зиё бахшад, сафо бахшад ба дилҳо,
    Фурӯғи Офтоби бахту давлат.
    Бимонад то абад вирди забонҳо,
    Паёми Пешвои халқу миллат:
    «Муборак ҷашни Истиқлоли тоҷик!
    Ҳумоюн толею иқболи тоҷик!»
    Сафо резад сафо аз нури Норак,
    Зиё пошад ба дунё нури Роғун.
    Пас аз садсолаҳо хомӯш будан
    Ба гӯш ояд садои оби Ҷайҳун:
    «Муборак ҷашни Истиқлоли тоҷик!
    Фурӯғи давлати иқболи тоҷик!»
мақолаи гузашта
мақолаи навбатӣ
- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо