Дар Китобхонаи миллӣ маҷмуаи ашъори Раҳмоналӣ Мирализода «Дар ҳавои Мавлоно» рӯнамоӣ шуд, ки аз маснавиҳои тамсилии эшон иборат мебошад. Иштирокдорони ҷамъомад зикр намуданд, ки рабту пайванди маснавиҳои Р. Мирализода бо «Маснавӣ»-и Мавлоно бар чанд нукта бастагӣ дорад: вазни муштарак (рамали мусаддаси маҳзуфу мақсур); умдатан аз ҳикоятҳои тамсилӣ иборат будани ин маснавиҳо; талаби ҳикмат ва андарз зимни гиреҳкушоии муҳтавои ин ҳикоёт. Вижагии муҳимми ин маҷмуа дар он арзёбӣ гардид, ки шоир ҳолу ҳавои тамсилҳои куҳанро бо фазои дунёи муосир моҳирона пайванд задааст. Зимнан, муаллиф аз ин дурдонаҳо ва ҳикматҳои дурахшон барои ҳалли мушкилоти иҷтимоии насли ҷавони даврони мо роҳкорҳои ибратангез пайдо намуда, ҳамзамон ба тамсилҳои куҳан ҷони тоза ҳадя кардааст.





