34.1 C
Душанбе

ТАҲАВВУЛИ ИЛМӢ ДАР ХАТЛОНЗАМИН

Дониш чароғи ақл, фурӯғи маъри фат, ҷавшани қавиест, ки шахсро аз ҳама гуна ранҷу азоб, дарду кулфат, руҳафтодагию эҳтиёҷ раҳо мебахшад. Пас хуш ба ҳоли онҳое, ки рӯ ба китобу дониш овардаанд. Хонан дагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон хуб дарк намудаанд, ки беҳтарин амали инсон дар зиндагӣ дониш омӯхтан аст. Аз Раёсати маорифи вилояти Хат лон хабар доданд, ки соли таҳсили 2025-2026 дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ аз рӯйи 13 фан 2000 нафар хонанда аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳузур пайдо карда, 1175 нафар соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардида, 62 медали тилло, 169 меда ли нуқра ва 944 медали биринҷӣ ба даст оварданд, ки бо қиёс бо соли хониши гузашта 375 адад медал зиёд мебошад. Дар самти иштироки байналми лалӣ низ дастовардҳои хонандагони вилоят назаррас арзёбӣ мешаванд. Дар соли таҳсили 2025-2026 аз шаҳру ноҳияҳои вилоят 14 ҳазору 251 нафар хонандаи болаёқат дар олимпиадаҳои байналмилалӣ шир кат варзида, сазовори 3640 диплом ва медал шуданд. Ин ни шондиҳанда нисбат ба соли таҳсили гузашта 12 ҳазору 82 нафар иштирок чӣ ва 2734 медалу диплом бештар мебошад. Аз шумораи умумии мукофотҳо 829 медали тилло, 1196 медали нуқра ва 1615 медали биринҷӣ насиби хонандагони вило ят гардидааст. Аз ҷумла, 10 нафар хонандаи Муассисаи давлатии таълимии «Мак таби Президентӣ барои хонандагони болаёқат»-и ноҳияи Кӯшониён ва Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Бохтар дар Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs – 2026», ки дар шаҳри Куала-Лумпури Шоҳи гарии Малайзия баргузор гардид ва се нафар хонандаи Муассисаи ғайридавлатии таълимии «Мактаби хусусии инноватсионӣ ба номи На зризода Тошмома»-и шаҳри Бохтар дар Олимпиадаи байналмилалии «International Greenwich Olympiad – 2026» медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд. Дониш чароғи ақл, фурӯғи маъри фат, ҷавшани қавиест, ки шахсро аз ҳама гуна ранҷу азоб, дарду кулфат, руҳафтодагию эҳтиёҷ раҳо мебах шад. Пас хуш ба ҳоли онҳое, ки рӯ ба китобу дониш овардаанд. Хонан дагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон хуб дарк намудаанд, ки беҳтарин амали инсон дар зиндагӣ дониш омӯхтан аст. Аз Раёсати маорифи вилояти Хат лон хабар доданд, ки соли таҳсили 2025-2026 дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ аз рӯйи 13 фан 2000 нафар хонанда аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳузур пайдо карда, 1175 нафар соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардида, 62 медали тилло, 169 меда ли нуқра ва 944 медали биринҷӣ ба даст оварданд, ки бо қиёс бо соли хониши гузашта 375 адад медал зиёд мебошад. Дар самти иштироки байналми лалӣ низ дастовардҳои хонандагони вилоят назаррас арзёбӣ мешаванд. Дар соли таҳсили 2025-2026 аз шаҳру ноҳияҳои вилоят 14 ҳазору 251 нафар хонандаи болаёқат дар олимпиадаҳои байналмилалӣ шир кат варзида, сазовори 3640 диплом Ҳамзамон, иштироки хонандагон дар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» низ назаррас буда, аз 17 ҳазору 52 нафар довта лаб дар даври шаҳрӣ ва ноҳиявии озмун 1643 нафар ба даври вилоятӣ роҳ ёфтанд, ки қарор аст нимаи аввали моҳи сентябри соли равон баргузор шавад. Бале, дониш чароғи ақл аст, ки ба дидагон нуру ба дилҳо сурур ме бахшад.

РУСТАМШО ҶАҲОНГИР, «АС»

мақолаи гузашта
мақолаи навбатӣ
- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо