МУАЛЛИФ: ЗАРИФ ҒУЛОМ
Назокат аз пушти оинаи тирезаи дуюми хона ба ҳаракатҳои шавҳараш, ки дар рӯйи ҳавлӣ, дар атрофи мошини тамғаи «Жигули»-и 07 чарх мезад, назора карда, фикру андешаҳои мағшуши худро чун донаҳои марҷон ҳамел мекард.
– Мошинро зани дуюм мегуфтаанд, дар ҳақиқат, рост будааст. Аз бозе, ки Рашид аз рӯйи маслиҳати калпанги Ҷобир, илоҳим дар сараш алов, соҳиби чорчарха шуд, ба ман ғамхориву меҳрубонӣ зоҳир намекунад. Дар як рӯз ин албастиро се маротиба мешӯяд ва маро барои ин амалаш дар азоб мегузорад.
– Оби гарм биёр, сачоқи патдорро ҳозир бикун! – дод мезанад маҷнуни девонаи ҳот. Ман ба ҷойи Қандилро ба мактаб тайёр кардан маҷбурам супориши ҷигаррехтаро омода созам. Ҳамин ки нозанини чашмбулуқашро, илоҳим гӯраш вал-вал дар бигирад, орову торо дода, ба ҷойи ба афти маҳваши ман эътибор додан, ба ҳар кунҷу бари хонумаш дида медӯзад. Баъд қалпоқи обхӯрак (радиатор)-ро кушода, фарёд мезанад:
– Сатили оби хунука бидеҳ! Медавам, то ки амри падари бачаҳоро иҷро кунам. Ҳол он ки ҷумаки лӯлаи обгирак аз рӯзи ба ин хонадон пой гузоштанам вайрон ва қатраҳои об чакидан дорад. Ба чанд илтимоси ман хӯҷаин як ҷавоб медиҳад.
– Сари маро ба ҳар гуна хоҳишҳои аблаҳонаат гаранг накун. Вақт надорам. Таги ҷумак сатила мон. Ҳамин ки пур шуд, гирифта ба қучқор об бидеҳ ва бо ин васила ба буқаю ғуноҷин ҳам. Дақиқае нагузашта, сарпӯши муҳаррикро боз намуда, ба ҳалқаш равған мерезад. Дар хона чанд рӯз аст, ки равған надорем. Ҳамсояҳо аз илтимоси бешумори ман безор шудаанд.
– О, шавҳарат дар як идораи баобрӯйи давлатӣ хизмат мекунаду ту равған гадойӣ мекунӣ, – пичинг мепартояд холаи Мисқол. Пас аз он ки зани дуюм аз дарвоза берун шуд, маҷбурам хоку лойи аз чор почаки аспи оҳанин мондаро бо обу ҷорӯб рӯфта, тоза кунам. Бо омадани зани оҳанин рӯзи хушро надида, азобу машаққатам афзуд. Дарду ситам аз он сар шуд, ки Қандили аз шодии мошини напа нави ялаққосӣ нафаҳмида, бо мехи дар дасташ буда хост, ки номи падарашро дар рӯйи сарпӯш нависад. Эҳ-ҳе, як маҳшаре хест. Рашид аз қаҳру ғазаб писарашро бардошта, ба замин заданӣ шуд. Хайрият, Ҷамоли ҳамсоя ба байн даромада, бачаро наҷот дод ва ин беваи беимону кару гунгро ба устохона бурда, ҷойи иллатро ба асли қадим таъмир кард ва соҳиби мошин аз аспи ҷаҳл фаромад. Ҳамин шуду Қандил дигар ҳеҷ гоҳ, ҳарчанд ки қиблагоҳаш зориву тавалло кунад ҳам ба мошин савор нашуд. Ман бошам шабҳои дароз амрҳои беҳисобу бешумори шавҳари кундошамро иҷро мекунам. Барои болои курсии менишастагияш кӯрпачаи мулоим дӯхтам. Ба такягоҳи худашу ба курсиҳои бару нишастгоҳи қафояш сачоқҳои гулдор омода намудам. Боз маҷбурам кард, ки барои такя кардани ҷӯраи майзадааш Луқмони ҳангиву бангӣ лӯлаболишт тайёр кунам. Чор гилемча барои таги пойи худаш ва мусофирони шиносу ношиносаш бофтам. Барои хушбӯй кардани зани оҳанинаш ҳар гуна атру маводҳои хушбӯйро истифода мебарад. Чор сол шудааст, ки барои зебу зинати ман як тангаи зардак сарф намекунад. Аз рӯйи маслиҳати мулло Боймуҳаммади беимон хурӯси дӯстдоштаи фарзандамро кушта, ба қавле барои пешгирии ҳодисаҳои фалокатбор хун дода, аз фолбини деҳа кӯри Ҷамолак тӯмору таштов бо пули зиёд гирифт. Кадом зан намехоҳад, ки шаб шавҳари меҳрубонаш дар паҳлуяш набошад. Ин хонасалоти майзада шабҳо дар курсии қафои зани оҳанинаш шабро рӯз мекунад. Намедонам ин беваи бешарм шавҳарамро кӯрхат кардааст-чӣ бало. Ҳеҷ бовар намекунам, ки ин беваи чорчашм қудрати ҷоду кардан дошта бошад. Ина, хайру маъзурро фаромӯш карда, ҳатто дарвозаи ҳавлиро напӯшида, чанги роҳро ба ҳаво бардошта рафт. Аз чунин муносибати сарду бе \шафқати шавҳари дузана ман пир нашавам, кӣ ша \вад? Беҳуда холаи Салимаи айбҷӯй таъна намезанад.
– Назокат, чилда нарафта, аллакай дар рӯят чину ожангҳо пайдо шудааст. – Аламу дардамро ба кӣ гӯям?
– Назокат ин фикрро аз сар гузаронида, барои пӯшидани дарвоза баромад. Ҳамин вақт ба ҳавлӣ мошини дар садама пачақшударо бо Рашиди маҷруҳ дароварданд. Шоҳидон авзои бадҷаҳли занро дида, зуд аз ҳавлӣ баромада рафтанд. Назокат давида ба хона даромада, бо сози мусиқӣ баромада, аз шодӣ дойразанон ба рақсу сурудхонӣ гузашт.
Дузана, дузана мошин ба мошин мезана,
Дузана, дузана ишқа ба пайкон мезана.
Рашид ба гуноҳи содиркардааш сарфаҳм рафта, дар назди пойи ҳамсараш дузону зада, бо фиғон нолид:
Дузана, дузана гуноҳша ба гардан мезана,
Дузана, дузана зани мошина ба кафан мезана.
Қандил аз қаҳри дар дилаш аланга гирифта ба сари мошин сӯзишворӣ рехта, алов зад ва аҳли оила дар ҳавои гарми зани дуюми сӯхтаистода то дер ба рақсу бозӣ даромаданд.





