Чунин унвон гирифтааст кито би нави узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳасани Султон, ки тавассути Муассисаи нашриявии «Дониш» ба табъ расид. Дар китоб омадааст, ки дар бузур гтарин катибаи аҳди бостон – Катибаи Бесутун ва катибаи давраи миёна – Работак аз забони пешинаи мо – забони ориёӣ ёд шудааст. Ниёгони шарафманди ориёии мо бо таваҷҷуҳ ба ҳампайвандии забон ва мардум на танҳо қавми худ, балки забонашонро низ аз рӯзгори қадим ориёӣ ном бур даанд. Баъдан дар дарозои таърих забони модарии мо бо номҳои порсӣ (форсӣ), порсии дарӣ (форсии дарӣ), дарӣ ва тоҷикӣ шуҳрат пайдо кард. Дар фаслҳои ҷудогонаи китоби мавриди назар масъалаҳои марбут ба дигар номҳои забони модарӣ аз оғози ташаккул то ба имрӯз, аз ҷумла забони хусравӣ, ки муродифи вожаи дарӣ мебошад, доманаи густариши забони мо бархе вижагиҳои луғавию овоии он, фарҳангнигории тоҷикӣ, нақши шахсиятҳои таърихӣ, аз ҷумла устод Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Муҳаммад Осимӣ, Сотим Улуғзода, Муҳаммадҷони Шакурӣ, Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба пешрафту шукуфоии забони тоҷикӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
АЗ ЗАБОНИ ОРИЁӢ ТО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ
Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.





