Ин ҳафта дар фазои фарҳангии кишвар хабари хуше танинандоз гашт, ки дар Ҷаласаи 23-юми Озмуни байналмилалии «Санъати китоб»-и Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус нусхаи нафиси «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чоп расидааст, сазовори шоҳҷоизаи ин озмуни бонуфуз гардид. Тавре муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Давлат Сафар аз шаҳри Минск хабар дод, ин нашри вижаи «Шоҳнома» аз рӯйи нусхаи комиле, ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар хонаводаи тоҷик тақдим шудааст, бо истифода аз ҳунарҳои тасвиргарии миллӣ ва санъати муосири полиграфӣ ба нашр расидааст. Маросими ҷоизасупории Озмуни байналмилалии «Санъати китоб»-и ИДМ моҳи оянда дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия баргузор мешавад.
ШОҲҶОИЗАИ “ШОҲНОМА”
Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.





