Дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Муғулистон, аз санаи 20 ум то 22-юми июл дар шаҳри Улан Батор Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Мақсад аз он таҳким бахшидани робитаҳои фарҳангии ду давлат, густариши ҳамкории башардӯстона ва муаррифии мероси ғании таъри хиву фарҳангии халқи тоҷик арзёбӣ мешавад. Пеш аз оғози барномаи фарҳангӣ намоиши Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷи кистон ифтитоҳ ёфт. Дар он мусаввараҳо ва аксҳое ба намоиш гузошта шу данд, ки таъриху тамад дун, фарҳангу анъанаҳои миллӣ, урфу одат, дасто вардҳои даврони соҳиби стиқлолӣ ва манзараҳои зебои Тоҷикистонро инъ икос менамоянд. Дар маросими иф титоҳ вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазири фарҳанг, варзиш, сайёҳӣ ва кор бо ҷавонони Муғулистон иштирок намуда, Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистонро расман оғоз бахшиданд. Барномаи рангини консертии ҳунармандони Тоҷикистонро, ки аз суруду мусиқӣ ва рақсҳои миллӣ иборат буд, меҳмонони олимақом, намояндагони корпуси диплома тии муқими шаҳри Улан-Батор ва сокинони ин шаҳр бо хушнудӣ пазируфтанд.
ҶИЛОИ ФАРҲАНГИ ТОҶИКИСТОН ДАР МУҒУЛИСТОН
Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.





