Таърихи бисёрҳазорсолаи халқи тоҷик пур аз саҳифаҳои дурахшони талошу мубори заҳо барои тасдиқи ҳастии хеш, исботи тамаддуни бостонию достонӣ ва талаби ҳаққу ҳуқуқҳои қонуниаш будааст. Ин талошу муборизаҳо дар оғози асри бист, дар шароити бисёр пурпечутоби таърихию геополитикӣ авҷ гирифтанд ва симоҳои барҷастаеро ба минбари таърих бароварданд, ки бо ҷонбозию ҷонфишониҳо номи худро ҷовидонӣ карданд.
Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур аз он ҷумлаанд. Ин шахсиятҳои беназир аз оғози ҳаёта шон ҳама маҳрумиятҳои нодориву беҳуқуқиро дар ҷону дили худ ҳис карда буданд ва эҳсоси шадиди ноҳаққиву беа долатӣ, бесоҳибии халқу харобии диёр, зарурати эҳёи миллати куҳанбунё ди тамаддунофар онҳоро ба арсаи муборизаи сиёсӣ овард. Агар устод Айнӣ бо асарҳои пурдалелу пурисботаш ҳастии мил лат, басо қадимӣ ва соҳи би илму адаби оламгир будани тоҷиконро собит карда бошад, Нусратул ло Махсум ва Шириншо Шотемур исботи ҳастии шарафмандонаи халқи тоҷикро дар даврони нав, ҳифзи ҳаққу ҳуқуқҳои онро ба бунёди мамла кати обод ва давлати миллӣ ва эҳёи рукнҳои муҳимми миллату давлат – забону адаб ва илму фарҳангаш ормони хеш қарор доданд. Онҳо бо фаросати баланди сиё сиву иҷтимоӣ воқеаҳои печидаи таърихи навини халқамон, имкони яти нодири эҳёи миллату давлати тоҷикро эҳсос намуда, ба рағми сад ду монеаҳои бешумору фалокатбор ҷаҳду талоши пурбори фарзандона карданд. Аз ташкили мақомотиҳо кимияти нав дар маҳалҳои тоҷикнишин то талабҳои қотеонаи ҳаққу ҳуқуқҳои халқи хеш ва дар ин замина таъсис додани Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сот сиалистии Тоҷикистон ва баъдан Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон, бунёди ниҳодҳои сиёси ву иқтисодӣ ва иҷтимо иву маънавӣ ва таҳкими мақоми сиёсии давлати навбунёди тоҷикон роҳи ҳақиқии ҷонбозиву ҷонфи шониро пушти сар наму данд онҳо ва дар ин роҳ ҷонҳои ҷавонашонро дареғ надоштанд.
Сарнавишташро касе бо сар навишт,
Зиндагӣ онро пасон бо зар навишт.
Нақши воқеии ин абармардони миллат дар зинда нигоҳ доштани халқи тоҷик ва ташкилу таҳкими дав латдории миллӣ танҳо дар даврони Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби бунёдгузори давлати соҳибистиқлоламон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муайяну қадрдонӣ гардид ва додани унвонҳои олии Қаҳрамони Тоҷикис тон ба онҳо далели равшани ин аст. Имрӯз мо ҳама шоҳиди ҷавонмар дии навбатии Пешвои муаззами мил латем. Бо тасмиму дастури Ҷаноби Олӣ якмуштӣ хок аз турбатҳои поки Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур аз оромгоҳи қурбониёни гирдобҳои сиёсии солҳои сиюм, аз шаҳри Москва оварда шудаанд, то аз ин пас ҷовидона бо хоки Ватан бошанд. Ҳамчунин, имрӯз муште хок аз турбати ходими машҳури илму маорифи Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон, яке аз нахустин таш килкунандагони таълиму тарбия ва муаллифи аввалин китобҳои дарсии Тоҷикистони шуравӣ Нисор Муҳам мад ба хоки поки Ватан меомезад. Ӯ аз ҷумлаи шахсиятҳои сарбаланду сарсупурдае буд, ки бо садоқати ҷавонмардию маҳорати давлатмар дӣ дар паҳлӯи Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур фаъолият мекарданд ва дар соҳаҳои гуногуни давлатсозии навини халқамон нақши ҷовидона барҷо гузоштаанд. Бо ин амал маҷозан ва маънаван хоки Ватани азизи мо аз турбати фарзандони бузурги сарсупурдааш боз паҳновартару бештар шуд. Бо вар дорем, ки ин маконҳои охират ҳам зиёратгоҳи доимии мардуми шукргузорамон, бахусус, ҷавонони саодатёри диёр мегардад ва мурғи рӯҳи он ҷавонмардони бузурге, ки барои тоҷику Тоҷикистон ҷавонмарг шуданд, ҷовидона дар фазои беғубори Ватан парафшон мемонад.
Зарра-зарра ҷамъ моро оварида,
Аз ҳазорон пора миллат офарида
Қаҳрамони Тоҷикистон.
Рӯи ҷилдаш номи миллат
шуд ҷаҳонӣ,
«Тоҷикон»-ро кард номи ҷовидонӣ
Қаҳрамони Тоҷикистон.
Аз хирад ороста рӯҳу равонро,
Тоҷбарсар кард аз нав тоҷиконро
Қаҳрамони Тоҷикистон.
Чун ғами тоҷик ғамҳои ҷаҳон хӯрд,
Номи тоҷикро ба паҳнои
ҷаҳон бурд
Қаҳрамони Тоҷикистон.
Зиндагиро дод дар роҳи ҳақиқат,
Хоста аз зиндагонӣ ҳаққи миллат
Қаҳрамони Тоҷикистон.
Баҳри мулку миллаташ
бигзашт аз ҷон,
То бимонад ҷовидона Тоҷикистон
Қаҳрамони Тоҷикистон.





