ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОР
Миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ бо таъриху фарҳанги ғанӣ ва тамаддуни куҳанбунёди худ шинохта шудааст. Хотироти таърихӣ ва фарҳанги асили аҷдодӣ дар тули асрҳо имкон дод, ки тоҷикон сарфи назар аз таҳаввулоти пурпечутоби сиёсиву иҷтимоӣ ва таъсири қудратҳои берунӣ асолат ва ҳастии миллии худро ҳифз намоянд. Тамаддуну фарҳанги ғанӣ ва арзишҳои башардӯстонаи ниёгон ҳамчун сипари маънавӣ миллати моро ҳифз намуда, заминаи ҳамзистии осоишта ва ҳамкории судманд бо дигар халқҳои ҷаҳонро фароҳам овардааст. Таъриху тамаддуни аҷдоди тоҷикон то имрӯз таваҷҷуҳи олимону муҳаққиқони зиёди ҷаҳонро ҷалб намудааст, зеро натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ нишон медиҳанд, ки аҷдоди мо дар саргаҳи ташаккули тамаддун қарор дошта, бо қудрати зеҳнӣ ва фарҳанги ба ланди худ дар рушди арзишҳои инсонпарварӣ, таҳаммулпазирӣ ва ҳамзистии осоишта саҳми арзишманд гузоштаанд.





