Соли равон ба шоҳасари Сардафтари адабиёти муосири тоҷик, қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ «Намунаи адабиёти тоҷик» 100 сол пур шуд. Ба ин муносибат, 15-уми апрел дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили илмиву адабӣ баргузор гардид. Дар толори маҷлисгоҳи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар бораи аҳаммият, вижагӣ ва паҳлуҳои мухталифи ин асари мондагор адибон ва донишмандони маъруф суҳбатҳои судманд ва баёдмонданӣ оростанд. Гардонандаи маҳфил раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом қосим дар оғоз андешаҳояшро перомуни китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» баён дошта, аз ҷумла, чунин гуфт: «Хушбахтона, адабиёти мо дарёи бекаронест, ки ҳар рӯзу ҳар соат аз он гавҳарҳои ноёб дарёфт кардаву бо ҳазор тобиш ба марду мамон пешниҳод карда метавонем. Дар Иттифоқи нависандагони Тоҷи кистон ҳам пайваста маҳфилҳои ёдбуд, ҷашнҳои гиромидошти ҳа мқаламони мо баргузор мешаванд. Боиси ифтихор аст, ки дар ин радиф на танҳо адибонро гиромӣ медорем ва ёд мекунем, балки асарҳои мондагори адабиёти ҳазор солаамонро низ таҷлил мекунем, таҳлил менамоем. Имрӯз дар ин шумор аз асаре ёд меорем, ки дар ҳақиқат, дар сархати асарҳои монда гори асри XX қарор дорад. Метавон гуфт, модарасарест, ки дар асоси он садҳо асари дигар ба вуҷуд омада аст, садҳо шахсият тарбия ёфтааст, ифтихору ғуруру ҳувияти миллии мо ташаккул ёфтааст. Ҳар сол дар Рӯзи Айнӣ аз «Намунаи адабиёти тоҷик» низ ёд карда мешавад. Лекин ҳар рӯзи соли мо, ҳар моҳи соли мо ва асрҳои мо бояд саршори номи Айнӣ, асарҳои ӯ ва он ғояҳои бузурге бошад, ки мавсуф ҷавонмардонаву олимонаву шоирона пушти онҳо буд ва қомати давлату миллати моро рост кард». Сипас аз тарафи Шоири халқии Тоҷикистон Рустам Ваҳҳобзода дар мавзуи «Афкори танқидии устод Айнӣ дар «Намунаи адабиёти тоҷик»» маъруза пешниҳод гардид. Маърузагар иброз дошт, ки устод Айнӣ дар ин китоб, чун дар ҳамаи китобҳои пешини худ, танҳо як гир доваранда ва муаррификунандаи осори адибони қадиму ҷадид нест, балки ин осорро тафсиру нақд ме намояд. Мувофиқи гуфтаи Рустам Ваҳҳоб зода, тафсир ва нақди Айнӣ аз осори гирдомада дар “Намунаи адабиёти тоҷик” ба ду наҳв сурат мегирад. Яке дар зимни баёни шарҳи ҳол ва муар рифии бевоситаи осори адибон ва дигар ба воситаи тавзеҳоти зарурие, ки дар поварақи китоб дода меша вад. Ин принсип аз аввалин осор, ки аз бунёнгузори адаби тоҷикӣ-форсӣ устод Рӯдакӣ ҳаст, то охир идома меёбад. Масалан, дар қисмати Рӯдакӣ дар бахши “Баъзе маълумот”
Айнӣ ба чанд мавзуъ ба сурати мух тасар бо назари таҳқиқӣ ва танқидӣ менигарад, ки яке аз он интиқод аз назари Давлатшоҳи Самарқандӣ соҳиби “Тазкираи Давлатшоҳӣ” дар хусуси қимат ва арзиши бадеии шеъри устод Рӯдакӣ мебошад. Дар идома донишманд аз на виштаи Айнӣ ин иқтибосро овард: “Давлатшоҳи Самарқандӣ, мисли соири арбоби тазкира, ҳарчанд номи Рӯдакиро ба устодӣ ёд карда, аммо ба шеъраш ба назари истихфоф (са бук) нигоҳ мекунад. Ба фаҳми фақир шеъри Рӯдакӣ дар камоли равонӣ ва дорои фасоҳату балоғат аст, ки ба хонанда ба осонӣ як ҳаяҷони бадеӣ мебахшад, ки ҳамин аст дараҷаи болои шеър”. Ва ба хулоса меояд: «Ба ин восита барои мо на танҳо назари Айнӣ дар хусуси шеъри Рӯдакӣ, балки нигоҳи ӯ дар бораи моҳияти ҳунарии шеър ҳам маълум мегардад».– Дар бахши ашъори Абуалӣ Сино, ки бидуни ҳеҷ муқаддимае омадааст, – гуфт Рустам Ваҳҳобзо да, – Айнӣ зарур медонад, ки дар ҳошия ин ҷумларо ба таъкид биёрад: “Абуалӣ Сино симоест, ки монан дашро то ҳол замона нишон надода аст, тамоми мардуми донишманди Шарқу Ғарб эҳтироми ӯро лозим донистаанд”. Чунонки Рустам Ваҳҳобзода иброз дошт, навъи дигари шарҳҳои Айнӣ хислати матншиносӣ дошта, гоҳе ба маънову сиҳҳати калимаҳо ву ибораҳо дахл дорад ва гоҳе низ нусхаҳои гуногуни як асар ба муқо иса оварда мешавад. Дар хеле аз мавридҳо назари худи Айнӣ дар хусуси тарҷеҳи нусхаи интихобшу да оварда мешавад. Дар бархе аз қайдҳои поварақии “Намуна” Айнӣ аз конъектура кор мегирад, яъне ба қиёси таносуб ва завқу фаросати адабӣ назари худро дар хусуси та сҳеҳи матн баён медорад. Дар раванди пажуҳиши хеш Рустам Ваҳҳобзода ҳамчунин зикр намуд: «Устод Айнӣ борҳо ба пурғалат будани нусхаҳои дастраси худ ишора намуда, ба ин сабаб иқтибос аз онҳоро ба ихтисор меорад. Му саннифи “Намунаи адабиёти тоҷик” зимни иқтибоси матнҳо аз қиёси онҳо бо ашъори худ низ парҳез намекунад ва ин рафтори ӯ боиси кушоиши табъи хонанда ва ҷазби бештари ӯ ба китоб мегардад. Ма салан, зимни иқтибоси ғазале аз Восифӣ бо ин байт: Нест бар рухсори гул шабнам, ки аз шармандагӣ Дар арақ шуд пеши ту, эй сарви хушрафтор, гул. Устод Айнӣ дар поварақ мена висад: “Як байти каминаи ҷомеи ин авроқ ба мазмуни ин байти Восифӣ мутаворид афтодааст: Ин на шабнам, ки саҳаргоҳ ба боғ уфтодааст, Ба арақ гашта зи шарми рухи ту тар гули сурх”. Ба хулосаи Рустам Ваҳҳобзода, агар ин байти Айнӣ баландтар ва балеғтар аз байти Восифӣ намебуд, гумон аст, ки устод иқтибоси онро муносиб медонист. Ин ёдоварӣ як навъ нақди ғайриаланӣ аз байти Восифӣ ҳам ҳаст. Дар мавриди дониши матншино сии устод Садриддин Айнӣ ва кор бурди он Рустам Ваҳҳобзода чунин ибрози назар кард: «Айнӣ бо огоҳӣ аз қоидаи илмии матншиносӣ бо вуҷуди итминони комили худ ба варианти дуруст дар асли матн дахолат намекунад, нусхаи дастрасро он гуна, ки ҳаст, меорад ва назари интиқодии худро дар ҳошия қайд мекунад. Аз ҷумла, дар бахши Оташӣ (Мирбақохоҷаи Бухороӣ) матлаи қасидаи “Туҳфат ул-аҳбоб”-и ӯро аз дастхат ба ин сурат меорад: Ниҳад муҳри хамушӣ фитрати нозукхаёлиро, Чу мӯ пайдо шавад, набвад садо минои холиро. Ва дар поварақ ба ҳақ менави сад: “Маънии матлаъ равшан нест. Магар, ки асли нусха ба ҷойи “Ниҳад муҳри хамушӣ” “Бувад муҳри ха мушӣ” бошад, лекин дар ду нусха, ки дида шуд, “Ниҳад муҳри хамушӣ” аст”. Дар «Намунаи адабиёти тоҷик» мавзуи тақлид ба эҷодкори дигар низ аз назари Садриддин Айнӣ дур намондааст. Доир ба ин масъала Рустам Ваҳҳобзода изҳор дошт: «Бештари назариёти интиқодии Айнӣ ба адабиёти аҳди охир таал луқ дорад. Ин як амри табиист, зеро батадриҷ сарфи назар кардан аз қоидаҳои фасоҳату балоғат бештар мушоҳида мешавад. Интиқодоти Айнӣ аз тақлиди нораво ва беҳосили бештаре аз шоирони ин аҳд аз сабки Бедил, ба ҳама маълум аст ва аз он сарфи назар мешавад. Аммо ба ҷуз ин ҳам интиқодоти ҷиддии дигари ӯ вуҷуд дорад.» Ҳамин тавр, Рустам Ваҳҳзода пас аз баррасии масъалаҳои зиёде дар ҷамъбасти маърузаи омӯзандааш бар он ишора менамояд, ки афкори интиқодӣ ва назариёти раҳнамоёнаи устод Айнӣ дар “Намунаи адабиёти тоҷик” бо он чи дар ин мухтасар гуф та шуд, поён намеёбад, балки хеле муфассалтар ва қобили як пажуҳиши доманадор аст. Он гуна, ки дар ду мисоли охирӣ дидем, ин назариёт барои аз байн бурдани бисёре аз на воқис дар таълифоти адабии имрӯз ҳам мусоидат хоҳад намуд. Пас аз анҷоми ин маърузаи пур муҳтаво дар қисми музокира адибону донишмандон академик Абдуҷаббор Раҳмонзода, академик Муҳаммадю суф Имомзода, профессор Абдунабӣ Сатторзода, узви вобастаи АМИТ Ҳасани Султон ва дигарон доир ба хидматҳои зиёди Садриддин Айнӣ ва нақши асари якасраи ӯ «Намунаи адабиёти тоҷик» андешаву мулоҳи заҳояшонро баён доштанд. Ба андешаи академик Муҳамма дюсуф Имомзода, мояи ифтихору шараф ва саодати ҳар яки мост, ки имрӯзҳо дар таҷлили ҷашнҳои бузурги Ватани азизамон иштирок мекунем. Ҷашни 35-солагии Истиқ лоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми сол идома дорад. Кулли ин ҷашнҳо ба маҳфили имрӯзаи мо рост омада, таҷлилашон мустақим ё ғайримустақим ба зин дагиву корномаи Садриддин Айнӣ тавъаманд. Тавре номбурда таъкид намуд, ибтидои қарни XX дар таърихи нави ни инсоният ва махсусан, қаламрави Русияи подшоҳӣ ва Осиёи Миёна басо мурраккабу пурпечутоб боқӣ мондааст. Пайдоиши ҷунбиш ва ҳаракатҳои сиёсӣ, табаддулоту инқи лобҳо, аз байн рафтани давлатҳову сохти иҷтимоӣ, тавлиди кишварҳои нав дар харитаи ҷаҳон, ба арсаи сиёсат омадани миллатҳои ноошно ву бедавлат ва фоҷеаи миллатҳои қадиму соҳибтамаддун аз воқеаҳои муҳимми ин марҳалаи таърихӣ маҳсуб меёбанд. Дар бархӯрду та баддулоти сиёсии ибтидои асри XX шахсиятҳое ба долони таърих ворид гардиданд, ки дар ҳимояти арзишҳо ву манфиатҳои миллӣ тамоми зинда гӣ ва фаъолияти хешро бахшидаанд. Дар қатори садҳо фарзанди содиқу фидоии миллати тоҷик Садриддин Айнӣ нақш ва мақоми хоссаи таърихӣ дорад. Ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Кор номаи беназири устод дар таърихи миллати мо камназир буда, тамоми умри бобаракати ӯ ба ҳифзи ҳуви яти тоҷикон ва ба сифати миллати қадимӣ эътироф гардидани онҳо сарф шудааст». Муҳаммадюсуф Имомзода дар идомаи суханронии хеш фаъолияти бисёрҷонибаи Айниро баршумурда, чунин овард: «Дар муборизаҳои шадиди сиёсӣ Айнӣ натанҳо пешсаф ва мафкура бардори замон буд, ҳамчунин, дар меҳвари арзишҳои миллӣ ҳамақи даҳои хешро ҷамъу ҳидоят намуда, ба ҳайси роҳбару ташкилотчӣ дар ҳифзу исботи манфиатҳои мардуми тоҷик ҷонсупорӣ кардааст, ки марзи забону адабиёт, фарҳангу маъна виёт, таъриху давлатдорӣ, ҷуғро фиёи сарзамини тоҷикон ва дигар ҳаққу ҳуқуқҳои таърихии ин миллат аз хидматҳои шоиставу таърихии ӯ ба шумор мераванд. Таъсиси ҷумҳу рии мухтор ва баъдан мустақили Тоҷикистон бо вуҷуди фоҷеаву тақ дири носозгори таърих заминаи усту вори Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Устод Айнӣ бузургтарин шахсияти адабии нимаи аввали асри XX эътироф гар дидааст. Падидаву ҷараёнҳои нав, маҷрои тоза пайдо кардани адабиёт, ҷусторҳои эҷодӣ дар мазмуну мунда риҷа, шакл, завқу ҳунар дар назму насри ин марҳала маҳз бо номи Айнӣ тавъам мебошанд.»– Аз ин рӯ, – чунонки Имомзо да гуфт, – бесабаб нест, ки аксари адибони наслҳои баъдина худро шо гирдони Айнӣ эътироф доштаанд ва ӯро дар мақоми бунёдгузори марҳа лаи нави адабиёти тоҷик ҷойгузин намудаанд. Садриддин Айнӣ дар оила ва муҳити хонаводагии тоҷикӣ ба дунё омадааст ва тамоми зин дагӣ ва фаъолияти ӯ ба номи тоҷик тавъам аст. Умри бобаракат ва осори бегазанди Айнӣ марҳалаи муҳимми эҳёи тамаддуни тоҷикӣ, анъанаву суннатҳо, маънавиёту ахлоқ ва дар маҷмуъ, фарҳанги таърихӣ ва муоси ри мардуми тоҷик ба ҳисоб меравад. Ӯ беҳтарин анъанаву суннатҳои тоҷи конро дар муҳити шаҳр ҷустуҷӯ наму да, бархеи дигарро, ки дар зиндагии мардуми деҳот ҳифзу фаъол буд, омӯхта, дар асарҳояш умри ҷовидо на бахшидааст. Ҷашну мавсимҳо ва анъанаву суннатҳои дигар, аз Наврӯз то фарҳанги либосдориву хӯрокпа зиҳо, муҳити хонаводагиву маънавии мардуми тоҷик дар осори ин адиби бузург ҳифзу эҳё гардидаанд. Узви вобастаи АМИТ Ҳасани Сул тон низ дар навбати худ «Намунаи адабиёти тоҷик»-ро тавсиф карда, рисолати таърихии ин рисолаи Сад риддин Айниро бузург арзёбӣ кард: «Дар давраи сарнавиштсоз ус тоди аллома Садриддини Айнӣ ри солати дифоъ аз забону миллатро ба дӯши худ гирифт ва ҷон рӯйи каф ба майдони муборизаи шадиди дод бар бедод ба хотири ҳастии миллат ворид шуд ва ба бахти мардуми мо, бо саъйу кӯшиши ҳамвора ба пирӯзӣ ноил омад». Ҳасани Султон бар он аст, ки устод Айнӣ тавассути тадвини ин шоҳкор ба исбот расонд, ки тоҷи кон қадимтарин сокинони муқимии ориёинажоду форсизабони Осиёи Миёнаанд ва забону адабиёти онҳо дар ин сарзамин таърихи ниҳоят қадим дошта, аз қаъри асрҳои пе шин ибтидо мегирад. Ин ҳақиқат дар муқаддимаи «Намунаи адабиёти тоҷик» чунин ба риштаи таҳрир да ромадааст: «Аз бозе, ки вақоеъро таърих қайд мекунад, то имрӯз дар диёри Мовароуннаҳру Туркистон чунон ки як қавми муаззам ба номи «тоҷик» ё ки «тозик» истиқомат дорад, ҳамчунон забону адабиёти эшон ҳам ривоҷ ёфта омадааст. Ривоҷи забону адабиёти тоҷик дар Мовароуннаҳру Туркистон махсус ба асре ё тасаллути подшоҳу амире нест. Чунончи мо мебинем, адабиёти тоҷик дар ин сарзамин дар аҳди Сомониён, ки ирқан форсизабон ҳа станд, чӣ қадар ривоҷ дошта бошад, дар замони авлоди Чингиз, Темур, шайбонӣ, астархонӣ ва манғит, ки ирқан муғул, турк ва ӯзбак ҳастанд, ҳамон қадар ривоҷ ёфтааст. Пас, маълум мешавад, ки ривоҷи забону адабиёти тоҷик дар ин ҷоҳо, маҳз ба тасаллути Сомониён, ё ки муҳоҷира ти эрониён набуда, сабаби ҳақиқӣ мавҷудияти як қавми бузург ба номи «тоҷик», ки мансуб ба ирқи орист, дар ин ҷоҳост». Дар давоми суханронии худ па жуҳишгар ҳамчунин таъкид намуд: «Зимнан дар ин суханони устод Айнӣ панҷ матлаби дорои арзиши муҳимми илмию таърихӣ таъкид гардидааст: 1) Асли ориёӣ доштани мардуми тоҷик; 2) Эътирофи бузургӣ ва эътибори қавми тоҷик дар таърихи башарият. Чунонки аз ин истинод ба мушоҳида мерасад, устод Айнӣ қавми тоҷикро «қавми муаззам» ва «қавми бузург» тавсиф кардааст; 3). қадимтарин сокинони муқимии Осиёи Миёна будани тоҷикон; 4). Вобаста ба фароҳам омадани имкону шароити мусоид ривоҷу рав нақ пайдо кардани забону адабиёти тоҷик дар Осиёи Миёна; 5). Ба муҳоҷирати эрониён ва маволиён ҳеч иртибот надоштани та шаккулу такомули забону адабиёти тоҷик дар ин минтақа».– «Намунаи адабиёти тоҷик», – гуфт Ҳасани Султон, – дар маҷмуъ, ҳазор соли адабиёти моро дар бар мегирад. қисми асосии он, ба истис нои сарсухану хотима, аз сурудаҳои пандомези устод Рӯдакӣ, аз ҷумла, қасидаи маъруфи «Бӯйи Ҷӯйи Мӯ лиён» – суруди миллии тоҷикони ҷаҳон барои ҳамаи замонҳо, ҳусни оғоз ёфта, бо як қасидаи ватанхоҳии Муҳаммад Зуфархони Ҷавҳарии Истаравшанӣ, ки ба муносибати таъ сиси Ҷумҳурияти Тоҷикистон (1924) суруда шудааст, анҷом мепазирад. Дар поёни нишаст Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким ва сар муҳаррири моҳномаи миллии адабии «Садои Шарқ» Ато Мирхоҷа шеърҳои худро дар бораи устод Айнӣ ва кито би «Намунаи адабиёти тоҷик» қироат карданд, ки аз сӯйи ҳозирин бисёр хуб пазируфта шуданд. Тавре ки ишора шуд, матни коми ли баъзе аз суханрониҳои ин ҳамоиш дар шумораҳои ояндаи ҳафтанома пешниҳод мегардад. Ҳамин гуна, маҳфил дар руҳи яи баланди эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, хоса, ба ҷойгоҳи устод Айнӣ ва шоҳасари ӯ «Намунаи адабиёти тоҷик» доир гашт.
БУЗУРГМЕҲРИ ТОҶИДДИН,
“АС”





