34.1 C
Душанбе

ДӮСТИИ АДАБИЁТҲО — ПОЯИ БОЭЪТИМОДИ ДӮСТИИ ХАЛҚҲО

Яке аз пояҳои асосию устувори дӯстии халқҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва хосса халқҳои тоҷику узбек робитаҳои дерини адабии ду миллат мебошад. Дӯстие, ки бунёди пойдори онро бузургони илму ирфону адаб Мавлоно Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ гузоштанду он насл ба насл идома ёфт, инак, дар партави дӯстиву ҳамкориҳои усулии роҳбарони ду давлати ҳамсоя муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев равнақи тоза пайдо кардааст. Маҳз дар чунин фазои дӯстиву ҳамзистии мин тақавӣ ҳафтаи гузашта дар шаҳри Тошканд ҳамоиши бошукӯҳи адабӣ бо иштироки доираи васеи адибону пажуҳишгарони Тоҷикистону Узбекистон баргузор гардид. Раиси Иттифоқи нависандагони Узбекистон Сироҷиддин Сайид ҳамоишро оғоз карда, ин ташаббуси муштараки Кумитаи муносибатҳои байни миллатҳо ва равобити хориҷӣ бо ҳамватанони Ҷумҳурии Узбекистон бекистонро иқдоме муҳим дар таҳкими дӯстии халқҳои тоҷику узбек ва густариши робитаҳои адабии дуҷониба арзёбӣ намуд. Боиси хушнудист, ки дар назди Иттифоқи нависан дагони Узбекистон шуъбаи тоҷикӣ фаъолият карда, дар атрофи худ нависандагону шоирони тоҷикро гирд овардааст. Шуъбаи мазкур доимо маҳфилҳои адабӣ гузаронида, дар таҳкими дӯстии ду халқ нақши арза нда мегузорад. Ба ин шуъба шоири боистеъдод ва муаллифи якчанд маҷмуаи шеърӣ Хусрави Саъдулло роҳбарӣ менамояд. Дар ин муҳити адабӣ нақши Пай мон, Абдулло Субҳон, Муҳаммадҷон Шодӣ, Масъуди Мирзо, Расулбеки Аҳмадбек, Садрӣ Саъдиев, Ҷаъфари Тирмизӣ, А. Қамарзода, Ҷ. Ҳамроев ва дигарон назар рас мебошад. Адибони номбурда маҷмуаҳои ашъорашонро дар Узбекистон ва Тоҷикистон интишор намудаанд. Онҳо дар тарбияи насли нави адибон ва таҳкими робитаҳои адабии дуҷониба саҳми босазо мегузоранд. Махсусан, бах ши адабии рӯзномаи “Овози тоҷик” бо шоирон ва адибони навқалам ҳамкории зич дошта, чакидаҳои хомаи онҳоро ҳар сари вақт дар рӯзнома чоп мекунад ва ба адибони навқалам тавсияҳо пешниҳод менамояд. Маркази миллию фарҳангии тоҷикон ниҳоди давлатӣ буда, дар пешрафти равобити дӯстона миёни халқҳои тоҷик ва узбек нақши калидӣ мебозад. Дар Узбекистон тоҷикон баъди узбекҳо аз ҷиҳати нуфус дар ҷойи дуюм қарор доранд. Онҳо забон, анъана, урфу одат ва фарҳанги миллии худро ҳифз карда, дар қатори дигар халқҳо бо узбекон паҳлу ба паҳлу истода, дар пешрафти кишварашон саҳми назаррас мегузоранд. Бо шарофати дӯстии ду Сарвари давлат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Пре зиденти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев тоҷикон дар фазои озод ва дӯстона умр ба сар бурда, забони худро ҳифз менамоянд ва дар рушди адабиёту фарҳанги хеш ҳиссаи шоиста мегузоранд. Маркази миллию фарҳангии тоҷикон аз ин имконоти му соид истифода карда, чорабиниҳои зиёд доир менамояд ва сохторҳои вилоятиаш низ ниҳоят фаъол мебошанд. Марказ ва сохторҳои он дар интишори асарҳои адибону нависанда гони тоҷики муқими Узбекистон, тарғиби забон ва фарҳанги тоҷикон, ҷашну мавлуди ҳамзабонон, маросими милливу ҷашнҳои давлатӣ корҳои шоистаро амалӣ карда, дар ҳар як чорабинии давлативу миллӣ намоиши таомҳо, сару либос ва анъанаҳои миллиро доир менамоянд. Дар доираи ин ҳамоиши дӯстиву бародарӣ ҳамчунин му аррифии ду китоби арзишманди адибони тоҷик – “Саҳарнам” и Шоираи халқии Тоҷикистон Фарзона ва “Бодбараки хаёл”-и Асадуллоҳ Исмоилзода бо ҳузури адибон, рӯзноманигорон, шоирон ва зиёиёни тоҷику узбек баргузор гашт.

Муаррифии ду китоби тозанашр, ки яке аз Хуҷанд ва дигаре аз Самарқанд мебошад, аз ҷумлаи тадбирҳоест, ки тавассути Маркази мазкур ва Иттифоқи нависандагони Узбекистон доир гардид. Пеш аз ин Марказ повести “Марги судхӯр”-и устод С. Айнӣ, романи “Фирдавсӣ”-и С. Улуғзода, “Посбони оташ”-и М. Турсунзода, маҷмуаи ашъори Абдулло Субҳон, Паймон ва дигаронро интишор намуда, қисмашонро ба китобхонаҳои мактабҳои тоҷикӣ тақдим кард. Дар тадбире, ки дар толори Иттифоқи нависандаго ни Узбекистон доир шуд, меҳмонони зиёд аз вилоятҳои тоҷикнишини Узбекистон, вилояти Суғд ва адибони ду халқ иштирок карда, нишасти адабиро ба тантанаи дӯстии ду халқ табдил доданд. Аксари баромадкунандагон аз нақши сарони давлатҳо, таҳкими равобити адабӣ ва дӯстии ду халқ изҳори қаноатмандӣ намуданд. Махсусан, ба узвияти Иттифоқи нависандагони Узбекистон пазируфтани Шоираи халқии Тоҷикистон Фарзонабону ва шоира Саодат Сангинова аз вилояти Сурхондарё як амали нек ва иқдоми шоиста дар ин росто ба ҳисоб меравад. Шеърҳои Фарзона ва Саодат ба забони узбекӣ тарҷума шуда, номи онҳо миёни адибони узбек кайҳо боз шинос мебошад. Китоби адиби шинохта Асадуллоҳ Исмоилзода, ки дар ин маҳфил муаррифӣ гардид, низ як навиди тоза дар рушди адабиёти муосири тоҷик маҳсуб меёбад. Ин адиби соҳибзавқ маҷаллаи тоҷикии “Дурдонаҳои Шарқ”-ро роҳбарӣ карда, дар тарғиби назму насри форсӣ-тоҷикӣ-дарӣ саҳми босазо мегузорад. Номбурда дар як вақт раиси шуъбаи тоҷикии Иттифоқи нависандагони Узбекистон дар вилояти Самарқанд мебошад. Асадулло ҳамчун шоир дар ҳавзаи адабии Самарқанд ва Сурхон мақоми хос дошта, дар тарбияи адибони ҷавон саҳми шоиста мегузорад. Ашъори ӯ борҳо дар маҷмуаҳои дастаҷамъӣ дар Тоҷикистон интишор шудааст. Маҳфили адабӣ, муаррифии китобҳои тоза, пазируфтани шоирони Тоҷикистону Узбекистон ба узвияти иттифоқҳои нависандагони ду кишвар, бешубҳа, қадамҳои шоиста дар густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ ва адабии ду халқи ҳамсоя мебошанд.

АБДУҶАББОР РАҲМОНЗОДА, АКАДЕМИКИ АМИТ

мақолаи гузашта
мақолаи навбатӣ
- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо