6.1 C
Душанбе

МУШФИҚӢ

ҚАҲРАМОН ШУД

 Писарбачаи 15-солае бевақтии шаб дар маркази шаҳр бо овози баланд суруд мехонд ва ҳамаро бе дор мекард. Пулис наврасро иҳота карда, ба ҷустуҷӯи чизе шуруъ кард. Наёфт. Аммо ҷавон идома дод:– Шумо ҳеҷ чиз намеёбед, ман маводи мекофтаи шуморо дар хона нигоҳ медорам, меравем, ҳамаашро медиҳам. Кормандони пулис вазъиятро муҳокима карда, писарбачаро ба мошини худ савор карда, ба маҳал лаи дурдаст бурданд. Ҳангоми во рид шудан ба манзиле, ки волидайн ва ду хоҳари хурдсолаш дар он ҷо хоб буданд, онҳо дарҳол фаҳми данд, ки ҷавон фиребашон додааст, пулисро ҳамчун нақлиёт истифода кардааст. Онҳо хандиданд, каме компот нӯшида, аз он ҷо рафтанд. Пагоҳии рӯзи дигар писарак дар мактаб қаҳрамон буд.

ГУРБАРО ҲАМРОҲ НАМЕГИРЕД

 Марде қасди худкушӣ мекунаду дар болои кӯпрук истода, худро ба дарё партофтанӣ мешавад. Ногаҳ касе аз пушт ба китфаш зада мегӯяд: – Мебахшед, гурбаро ҳамроҳ намегиред?

ШИНОСОӢ

Дар кӯча се мард қадам меза данд аз пеши онҳо духтари зебое мегузашт. Яке аз онҳо мегӯяд: – Барои шиносоӣ бо ин хел духтар панҷ ҳазор рублро дареғ намедорам. Дуюмӣ мегӯяд: – Панҷ не, даҳ ҳазорро садқаи сараш мекардам. Сеюмӣ мегӯяд: – Чӣ мегӯед? Барои ин хел зебо санам ин ҳама кам аст. Ин гуна дух тар сазовор аст, ки ҳар рӯз либоси нав пӯшад, пойафзору тилловорӣ, мошини гаронбаҳо дошта бошаду ҳар шом ба тарабхонаи нав ба нав равад. Духтар ба ақиб мегардаду ме пурсад: – Мебахшед, сеюмии шумо кист? Мардҳо якҷо мегӯянд: – Шумо рафтан гиред, мо байни худ гап мезанем…

ШУНАВАНДА

 Марде вориди мағозаи ҳайвонот мегардад. – Ба ман як тӯтӣ диҳед! – Тӯтиҳоямонро фурӯхтем, ягон то надорем! – Эҳ, ман ҳама чиз дораму касе надорам, ки ҳамроҳаш суҳбат кунам, ҳар қадар, ки хоҳед, пул ме диҳам, як тӯтӣ ёбед! Соҳиби мағоза фикр карду роҳи халосӣ ёфт. Бумеро каме рангубор карда фурӯхт. Пас аз як ҳафта, ӯ шодона баргашт ва дар пеши фурӯ шанда пул партофта гуфт: – Ташаккур ба шумо! Фурӯшанда пурсид:– Оё ӯ воқеан гап зада метаво над? – Не, аммо шумо намедонед, ӯ чӣ хел гӯш мекунад.

ЗАБОНДОН

Марде барои кор кардан ба кор хонае меояд. Дар он ҷо аз ӯ мепурсанд:– Чанд забонро медонед? Мард мегӯяд:– Се забонро. – Кадом забонҳоро? – Русӣ, англисӣ ва фаронсавӣ. – Хуб, ку бо забони англисӣ чизе бигӯед.– Guttеn tаg (Гутен таг). – О ин забони немисист-ку? – Хуб, ин тавр ки бошад, чор забон шуд…

ПЕШХИДМАТ

Марде ба номгӯи таомҳои тарабхона нигариста, ба пешхидмат рӯ оварда пурсид:– Ту дар тарабхона чӣ кор мекунӣ? Пешхидмат мегӯяд: – Ман ба муштариён хидмат мекунам, хӯрок меорам. Мард мефармояд: – Пас барои ман аз гӯшаи тезтайёри канори роҳ як мурғи бирён биёр, чун аз они шумо хеле гарон аст.

ШОҲМОТБОЗӢ

Марде дар тарабхона хашмгин шуда, аз пешхидмат мепурсад: – Навозандагони шумо аз рӯи фармоиш менавозанду бозӣ меку нанд? Пешхидмат мегӯяд:– Ҳа, албатта! – Ин тавр бошад, онҳо шоҳмот бозӣ карда наметавонанд, то ки ман оромона хурок хурам?

СӮГВОРӢ

Марде рӯзнома мехонд ва номи худашро дар некролог мебинад бадқаҳр шуда, ба дӯсташ занг зада мепурсад: – Ин чӣ девонагист? Некрологро хондед? Дӯсташ мегӯяд:– Ҳа, хондам, ту аз куҷо занг мезанӣ?

мақолаи гузашта
- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо