БУРҲОН САЛМОН
Дар маҳаллаи Сафедор Иқболшоҳу Акрамшоҳ, Парпишоҳу Сардоршоҳ ва Азимшоҳ, ба қавле, одамони шинохта ҳастанд. То як даҳсола касоне, ки бо онҳо каму беш ошноӣ ва улфатӣ доштанд, исмашонро бе пасванди «шоҳ» ба забон меоварданд. Вале, чӣ шуду чӣ монд, ки ин ашхос якбора муътабар шуданду ба номашон пасванди «шоҳ» ширеш гардид. Мегӯянд, ки Иқбол бо як иқдоми аҷиб Иқболшоҳ шуду дигарон аз ҳасодат ба вай пайравӣ карданд. Қисса кӯтоҳ, Иқбол соҳиби мошини шалақи обкаши байни чор деҳа буд, об мекашонду ба қавли худаш, чор тангаи беминнат меёфт. Баъдан бо даъвати як шиносаш чанд сол намаки муҳоҷиратро низ хӯрду бо ҷайби варам баргашт. Пасон дар деҳа дуконе боз карду дар пешонии он лавҳаи хонову рангаи «Мағозаи хӯроквории Иқболшоҳ»-ро насб намуд. Акрам бо собиқаи бист соли барқчӣ «ман аз Иқбол кам не» гӯён, дар як гӯшаи хирмани пахтаи фаромӯшшуда, ба истилоҳи мардум, дастгоҳи «Пахтазанак» шинонда, ба он «Пахтазанаки Акрамшоҳ» ном гузошт. Парпии сартароши чор деҳа бо маблағи қарзи бонк дар маркази ноҳия як бинои чор кас медидагиро сохта, ба иҷора дод ва дар як гӯшаи он лавҳаи калони «Сартарошхонаи Парпӣ»-ро, ки дар он расми қайчиву шона ва чанд каллаи хуб ороишёфта ба назар мерасид, ба намоиш гузошт. Сардор – собиқ корманди суд, – аз хоби гарон чашм боз кардагӣ барин, дари «Машваратхонаи ҳуқуқии Сардоршоҳ»-ро дар як бинои иҷора ба рӯйи корафтодагон боз кард. Азими собиқ ошпаз бо такудави зиёд дар чорроҳаи бозори маркази шаҳрак биноеро кироя гирифта, болои он «Қурутобхонаи Азимшоҳ»-ро овехта монд. Пас аз ин навгонӣ дӯстони собиқ ба саломи якдигар танҳо бо ишора «алек» мегирифтанд. Дар мағзи ҳар кадом мақсади «ман бояд бойтар бошам» шабу рӯз ҷӯш мезад. Кори Акрам омад кард, одамони зиёд бо қанор-қанор пахтаи куҳна дар «Пахтазанак»-и вай навбат мепоидагӣ шуданд, дар як сол ҳавлии Акрамро мошини дакаданг зеб дод, тӯйи писарашро дар ресторане бо дабдаба гузаронд. Баъди ҳамон тӯй Акрам Акрамшоҳ шуд. Парпии сартарош ҳам пас аз як сол қомати худро анча рост нишон дод, ислоҳи мӯю ришро аввал панҷ сомонӣ гуфт, баъди се моҳ панҷ понздаҳ ва баъди як сол понздаҳ биступанҷу сӣ шуд. Ба Парпӣ лавҳаи коргоҳ нафорид, онро аз нав бо ҳарфҳои ба қайчиву шона монанд рангу бори компютерӣ дода, мизоҷон акнун «Парпӣ»-ро «Парпишоҳ» ҳиҷҷа мекарданд. Кори Иқбол соли аввал он қадар омад накард, «молу маноли шумо қимат гуфта», мизоҷон дари мағозаашро кам мекӯфтанд, як савдогари шаҳрӣ ба Иқбол чашмак зада, абру парронд, ки дар болои дари мағоза «тахфиф 40 фоиз»-ро навишта монад, мизоҷон чун занбӯр ба гулу сунбул мечаспанд. Ҳоло Иқбол борро мустақим аз шаҳр меорад, тобу таноби савдоро ёфт, ҳар рӯз янга як халта пулро то ними шаб ҳисобу китоб мекунад. Иқбол барои сӯзондани Акрам якбора мошини «Прадо»-и рангаш қаҳваии баланд харид. Одамон дар кӯча агар мошини ӯро бинанд, «каҷу канор истед, Иқболшоҳ гузарад» гӯён ба вай ба ду тараф гардан каҷ мекунанд. Дари «Қурутобхонаи Азимшоҳ» то нисфишабӣ боз аст. Хушдоманаш аз рӯзҳои аввал дар танӯри заминӣ чор хел фатирро мисли анори суп сурх пазонда, бо равғани зард ва зағир қурутобхӯронро хайрамақдам гуфт. Азим аз даромади хуб боз соҳиби як танӯри дигар шуду дугонаи хушдоманаш ба пухтани фатири пар-пар оғоз кард. Қурутобдӯстдорон навбат ҳам поянд, гила надоранд, аз бӯйи форами равғани зағири доғ, ки болои фатири пар-пари бо пиёзи сап-сафед пӯшондашуда ҷаззас мекунад, оби даҳон фурӯ мебаранд. Дар шаҳрак Азим соҳиби пул шуду шуҳратёр. Номаш аз Азим ба Азимшоҳ табдил ёфт. Одамон рӯзҳои хушу хурсандиро бо хӯрдани қурутобу як пиёла чойи кабудро дар «Қурутобхонаи Азимшоҳ» орзу мекунанд. Кори Сардоршоҳ омад карда бошад ҳам, карру фар нишон намедиҳад, аксари рӯзҳо ӯро дар «Қурутобхонаи Азимшоҳ» дидан мумкин. Пас аз хӯрдани қурутоби бо фатири кӯраки омодакардаи хушдомани Азимшоҳ ҳур-ҳур чой мехӯраду рӯзномаҳоро варақгардон мекунад. Гоҳе ду-се соат пинак ҳам меравад. Корафтодае агар ба суроғаш биояд, Азимшоҳ бо эҳтиёт посух медиҳад: «Халал нарасонед, Сардоршоҳ хобанд». Миёни дӯстони собиқ Сардоршоҳи ҳуқуқдони аз одаму олам бохабар мехоҳад, ки дӯстонро боре сари як табақ қурутоби Азимшоҳ ҷамъ биёраду гургоштиро аз байн барад. Гила ҳам бошад, бигӯяд, ки дунё ғанимат, нафсро қамчин зананд, фаромӯш накунанд, ки якдигарро аз кӯдакӣ мешиносанд, дар буҷулбозӣ борҳо гиребони ҳамдигарро даронда, ба рӯйи якдигар торсакӣ ҳам задаанд. Ин пешниҳод ба Азимшоҳ, ки қариб панҷ сол боз дӯстони даврони ҷавониашро аз таги дил ҳолпурсӣ накардааст, писанд афтод. Аммо Сардоршоҳ дар фикри он аст, ки Иқболшоҳу Акрамшоҳ ва Парпишоҳ ба хӯрдани «қурутоби оштӣ» ризо мешаванд ё не?





