34.1 C
Душанбе

ЗАБОНИ ПОРСӢ

ИЛҲОМ НАСАФӢ

РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ГИРОМӢ БОД! 

Лаҳни поки модарӣ бошад забони порсӣ,

Рашки Моҳу Муштарӣ бошад забони порсӣ.

Накҳате аз «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён» дорад ба худ,

Гавҳари кони дарӣ бошад забони порсӣ.

Ёдгор аз родмардони Хуросони бузург —

Рӯдакиву Анварӣ бошад забони порсӣ.

Шаҳкитоби ормонашро навишта Пири Тӯс,

Ғояти донишварӣ бошад забони порсӣ.

Қудсиён дар арш байни худ такаллум мекунанд,

Миллати ҳуру парӣ бошад забони порсӣ.

Шоху барги сабз дорад ин чанори пирсол,

Дӯстдорӣ, дилбарӣ бошад забони порсӣ.

Мағз андар мағзи бунёдаш бувад илму ҳунар,

Заргарӣ, хунёгарӣ бошад забони порсӣ.

Шаш ҷиҳат аз партави ҳуснаш бувад оинадор,

Офтоби ховарӣ бошад забони порсӣ.

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо