Баҳори соли 1971 мо – се нафар донишчӯйи курси дуюми шуъбаи журналистикаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии ба номи В. И. Ленин Гулсара Раҳматова, Мунира Асророва ва ман бо хабарнигори рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» Муҳиддин Олимов шинос шудем, ки дар шуъбаи шабонаи факултаи мо таҳсил мекардааст. «Хоҳаракони азиз, ман сурудхонии сенафараатонро дар консерти донишҷӯён дидаам. Хоҳиш, пагоҳ ба Боғи ботаникӣ биёед, акси шуморо барои рӯзномаамон гирифтаниам», – гуфт ӯ. Мо розӣ шудем.
Он рӯз дар Боғи ботаникии сабзу хуррами Душанбе муддате гулҳоро тамошо кардему шамидем, гулчанбар сохтему дар сар мондем, гулакеро зери тоқиамон гузоштем, суруд хондему суҳбат кардем, роҳ гаштему… давидем. Муҳиддин акс мегирифту бо ӯ ошнотар мешудем.
Сурате, ки мо – се нафар духтаракони хандон байни гулҳо дар ҳолати давидан акс ёфтаем, якуми майи ҳамон сол дар рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» бо номи «Ҷавонӣ» чоп шуд. Як акси ҳунарӣ аз байни даҳҳо кадри гирифташуда… Муҳиддин заҳмат кашидаву моро низ «кор фармуда», дар акс ҳам фасли баҳор, ҳам ҷавонии поку беғаш ва ҳам зебоиву озодии инсонро дар симои духтаракони тоҷик – донишҷӯёни солҳои ҳафтодуми асри бист нишон дода тавонист.
Соли 1975 бо роҳхати бюрои туризми Кумитаи Марказии Комсомоли Тоҷикистон, ки он қадар гарон ҳам набуд, Муҳиддин ба саёҳати Фаронсаву Тунис рафту ман ба саёҳати Итолиё, пасон низ ба Тунис. Баъди ин сафарҳо бо ҳам дар Душанбе вохӯрдем. Дар бораи шаҳрҳову ёдгориҳои таърихии дар ин кишварҳо дидаамон, осорхонаву галереяҳои асарҳои рассомони машҳури дунё ба ҳамдигар бо шавқ ҳикоят мекардем. Баъдтар Муҳиддин таассуроту хотироташро аз ин сафарҳояш навишт. Онҳо дар саҳифаҳои матбуот ва дар китобаш «Тӯшаи чашм» (Душанбе, Ирфон, 1990) чоп шуданд. Ӯ ба кишварҳои хориҷӣ чун сайёҳ, меҳмон ё ширкаткунандаи воқеаи фарҳангие мерафту таассуроташро аз тамошои он ҷойҳо, аз вохӯриҳояш бо шахсиятҳои шинохта, аз маъракаҳои адабу ҳунар чун журналисти публитсист ба забони содаву зебо ва фаҳмо ба қалам медод. Солҳои ҳафтодуми асри гузашта диктофонҳои портативӣ – асбобҳои сабти ҳамроҳ вуҷуд надоштанд. Журналистон гуфтаҳои ҳамсуҳбаташонро ба ёд мегирифтанду дар дафтар қайд мекарданд. Вақте бардоштҳои Муҳиддинро аз сафарҳояш ба Фаронсаву Тунис ва кишварҳои дигар хондам, ба зеҳни тозаву хотираи қавӣ ва, албатта, ба кори басуръату сари вақт анҷомдодааш қоил гаштам. Дар вақти боздиди ҷойҳои таърихӣ, галереяҳои санъати тасвириву музейҳо, баробари аккосиву наворбардорӣ ва гӯш додан ба ҳикояти роҳнамо (гид) зуд онро ба ёд гирифта, сареъ дар дафтар қайд намудан осон нест. Албатта, баъди рӯзи пурбору самараноки саёҳат, ки одамро хаста ҳам мекунад, Муҳиддин бо он энержӣ ва заҳматписандие, ки дошт, шабҳо низ дар меҳмонхона нишаста навиштаҳояшро ҷамъу ҷӯр мекард. Ҳикояти ҷолибаш дар бораи бузургтарин осорхонаи ҷаҳон – Луври Порис, дар бораи асари «Мона Лиза» («Ҷоконда»)-и Леонардо да Винчи ва диду боздидҳои дигараш дар Фаронсаву кишварҳои гуногун, албатта, ҳосили натанҳо хотираи қавию сареъкорӣ, балки натиҷаи шабҳои бехобӣ дар меҳмонхонаҳо, ҷустуҷӯҳову мутолиаҳои зиёдаш низ мебошанд, ки сафарномаҳояшро комил ва хонданӣ намудаанд. Вақте хотироти Муҳиддинро дар бораи кишвари Тунис ва шаҳри қадимаи он – Карфаген (Қартоҷ) хондам, худро гӯиё бори дигар дар он ҷо эҳсос кардам. Дар бораи ҳамаи чизи дар он ҷо дидаам ӯ аниқу дақиқ навишта буд. Бар илова, далелҳоеро дар бораи ин кишвари Африқои Шимолӣ ва умуман қитъаи Африқо оварда буд, ки аз ҳикояти роҳнамоямон, мо – сайёҳони ба ин ҷо омада, нашунида будем. Ин ҳикоятҳо, албатта, ба хонанда дар бораи Тунис ва қораи Африқо иттилои бештаре доданд.
Соли 1977 (ба фикрам, охирҳои моҳи май ва аввали июн буд) дар Маскав Рӯзҳои фарҳангу ҳунари Тоҷикистон баргузор шуданд. Он замон ман дар курси дусолаи шуъбаи журналистикаи Мактаби олии комсомол таҳсил мекардам. Дар меҳмонхонаи «Москва» ҷойгир шудани тоҷикистониҳоро фаҳмида, ба он ҷо рафтам. Муҳиддин ҳамчун хабарнигори Оҷонсии иттилоотии ТоҷикТА (ҳоло «Ховар») – масъули инъикоси ин Рӯзҳо дар матбуоти Тоҷикистон, бо дастгоҳи аккосиаш сари кор буд. Гуфт: «Якҷо ба Майдони Сурх меравем. Ҳунарпешаҳоямон ба он ҷо меоянд. Бояд ба Душанбе якчанд акс фиристам».
Дар китоби театршинос, доктори илми санъатшиносӣ, устод Низом Нурҷонов «Маҳмудҷон Воҳидов» (Душанбе, «Маориф ва фарҳанг», 2009) аксе чоп шудааст. Зери он чунин навиштаҷот ҳаст: «М. Воҳидов ҳамроҳи санъаткорон». Дар ин сурат Маҳмудҷон Воҳидов, ҳофизони опера Владимир Каримов, Бурҳон Муҳаммадқулов, раққосаҳо Гавҳар Мирҷумъаева, Элзара Асанова ва… ман акс ёфтаем. Ин суратро дар саҳифаҳои матбуот ҳам дидаам. Ҳамин тавр дар байни устодони барҷастаи санъати Тоҷикистон як нафар «ҳунарпеша»-и номаълум ҷой гирифт… Дар акси дигаре, ки дар албоми суратҳоям дорам, худи Муҳиддин низ дар ин саф қадам мезанад.
Дар Майдони Сурх Муҳиддин аз нафаре хоҳиш кард, ки сурати ману ӯро бигирад. Ин акс лаҳзаи руҳафзои зиндагиам аст, лаҳзаест аз умри ҷавониам бо дӯсти ҷавониам, ки онро ӯ рӯи коғаз инъикос карду бароям ёдгор монд…
Баъди хатми Мактаби комсомол маро дар Душанбе ба кор таъйин карданд. Муҳиддин, вақте ки чун мутахассис ба сафари Афғонистон омодагӣ медид, гуфт: «Баъди рафтани ман метавонӣ дар хонаам зиндагӣ кунӣ. Оилаам бо фарзандонам дар шаҳр ҳоло якҷо бо падару модарам истиқомат доранд. То ба назди ман омаданашон он ҷо мемонанд». Албатта, ин пешниҳодро бо хурсандӣ қабул кардам. Ӯ пеш аз сафар калиди хонаашро ба ман супурду таъкид кард, ки китобҳояшро «посбонӣ» кунам, ба ҳар кас надиҳам.
Як девори золи хонаи дуҳуҷрагии Муҳиддин бо рафҳои китоб банд буд. Дар давоми қариб як соли зиндагиам дар ин ҷо аз китобхонааш баҳра бурдам. Ба ин махзан боз асарҳои дигар илова шуданд. Бо хоҳиши Муҳиддин яке аз дӯстонаш, ки дар ташкилоти вобаста ба табъу нашр ва фурӯши китоб вазифае дошт, китобҳоеро аз силсилаи «Нашрияҳои обунавӣ» («Подписные издания») бароям медод. Ин китобҳо дар кишвар камчин буданд. Онҳоро аз ҳисоби ҳаққи қалами дар нашрияҳо мондаи Муҳиддин мехаридам. Ӯ барои гирифтани ин пулҳо ба ман «боварнома» дода буд. Баъзан «барои хидматам» нусхае аз ин китобҳо ба ман ҳам мерасид.
Солҳои дар Афғонистон фаъолият намудани Муҳиддин бо ҳам мукотиба доштем. Аз ин номаҳо 8-тоаш дар бойгониам нигаҳдорӣ шудаанд. Дар онҳо Муҳиддин ба ман «Талъати гул», «дӯсти азиз ва бонуи муҳтарам», «Талъатбонуи гул», «бонуи гул» гуфта, муроҷиат кардааст. Ва дар охири мактубҳояш навиштааст: «Дуогӯи ҳамешагиат», «Бо эҳтиром, дӯсти беғарази ту», «Фирӯз бош!», «Ба амони Худо», «Бо эҳтиром ва самимияти хоса, дӯсти ту Муҳиддин». Шояд ӯ дар номаҳояш ба дугонаҳоям ва бонувони дигар – дӯстонаш низ «бонуи гул» гуфта муроҷиат мекарду барояшон ин гуна орзую дуоҳоро дошт. Намедонам. Аммо медонам, ки ҳама муроҷиату орзуҳою дуоҳояш дар номаҳояш барои ҳамаи дӯстонаш, чи марду чи зан, самимӣ буданд.
Мухтасари яке аз номаҳо ин аст:
«Салом, Талъатбонуи гул!
Аз мактубат бо кору бори зиндагӣ ва навигариҳои ҳаётат як қадар шинос шуда, андаке дилам таскин ёфт. Дар ҳақиқат, ман дар ташвиш будам, ки ту чаро ин қадар дер мактуб мекунӣ. Фақат андаке пештар ойтӣ (Муҳайё Ғуломова, корманди рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» ва ҳамсояи Муҳиддин Олимпур. – Т. Н.) мактуб карда фаҳмонданд, ки ту ба отпуск рафтаӣ. Ба ҳамин восита аз ҳолу аҳволи зиндагии шумо, бонуи гул, хабардор гардидам.
Талъат! Агар аз ман пурсӣ, мисли пештара дар ҷои наву аллакай куҳнашуда кору зиндагӣ карда гаштаам. Ягон навигарии ба чашм мерасидагӣ нест. Фақат суратгириҳо дар авҷ. Бо ТАСС (Оҷонсии телеграфии Иттиҳоди Шуравӣ. – Т. Н. )ҳамкорӣ карда истодаам. Ҳар шаб суратчопкунию пленкапроявиткунӣ кори мо. Вазъият хуб аст, ҳеҷ боиси ташвиш намебошад. Дигар ягон камбудӣ нест. Фақат, ки фироқи дидори ёру дӯстон. Аз ту як илтимос. Агар тавонӣ, номераҳои охири «Садои Шарқ» баромада бошад, фирист. Шаш номерашро дорам.
Хайр, бонуи гул, то номаи оянда. Гуфти афғонҳо «Фирӯз бош!» 15.09.79″.
…Дар девори хонаам сурате овезон аст. Дар он ман ва дар оғӯшам духтарчаи дусолаам акс ёфтаем. Суратро Муҳиддин дар хонаам аккосӣ намудааст. Ин акси ману духтарчаам низ акнун ёдгорест аз дӯсти ҳунармандам.
Боре бо ӯ дар коргоҳаш – ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ҳамсуҳбат шудам. Тоза аз сафари Эрон баргашта будааст. Дар он рӯзҳои душвори аввали солҳои навадум нақли бомуҳаббати ӯ дар бораи ин кишвар, шахсони фарҳангиву ҷойҳои таърихиаш, зиёрати мақбараҳои шоирони бузург хеле руҳбаландам кард. Афсурдагие, ки он замон мисли ҳамаи ҳамватанонам доштам, бартараф ва умедам ба зиндагии беҳтар аз нав зинда шуд, дар дилам чароғаки орзуи дидани Эрон фурӯзон гашт.
Баъдтар Муҳиддин сафарномаашро дар бораи ин кишвар дар як китоб ҷамъ овард. То чоп онро ба ман дода, хоҳиш кард, ки хонам. (Китобро баъдан, албатта, муҳаррирон хондаву аз назари таҳрир гузаронда, ба чоп омода карданд. «Ирон бӯйи модар медиҳад» соли 1997 аз чоп баромад). Рӯзи охири кор хондани китобро ба поён расондаму ба соат нигаристам. Ақрабакҳои соат 13-ро нишон медоданд. Баъди зуҳр бо коре ба шаҳр баромадам. Дар марказ бо устод Саттор Турсун вохӯрдам. Ба ҳолпурсии хушҳолонаи ман бо табъи хира ва парешоние ҷавоб доданд. Ҳайрон шудам. Гуфтанд, хабари нохушро шунидаӣ?
– Не, чӣ хабар аст? – бо изтироб пурсидам.
– Муҳиддини Олимпурро куштаанд…
Он рӯз 13 декабри соли 1995 буд…
…Соли 1998 оқои Муҳаммад Алии Ҷаъфарӣ, раиси вақти Ройзании фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Душанбе, маро ба гурӯҳи хурди олимони Академияи илмҳои Тоҷикистон, ки ба Эрон мерафтанд, ҳамроҳ кард. Рӯзе дар Теҳрон ба мо гуфтанд, ки тоҷикистониҳоро оқои Фаридуни Ҷунайдӣ, раиси «Бунёди Нишопур», дидан мехоҳад. Бо оқои Ҷунайдӣ тавассути нақли Муҳиддин ва китобаш «Ирон бӯи модар медиҳад» ғоибона шинос шуда будам. Дар яке аз қисматҳои ин сафарнома бо номи «Кабоби нишопурӣ» дар бораи пажуҳишгар ва донандаи хуби «Шоҳнома», китобхонаи ӯ хеле самимона ҳикоят шуда буд. Дар манзили оқои Ҷунайдӣ моро модараш самимона пазироӣ кард. Гирди дастархони эронӣ байни мову мизбон суҳбати хубе сурат гирифт. Оқои Ҷунайдӣ гуфт: «ҳар гоҳ бишнавам, ки тоҷикон ба Теҳрон омадаанд, дилам мекашад, ки бубинамашон. Оқоён Муҳаммад Осимӣ, Камол Айнӣ, Муҳиддини Олимпур низ меҳмони ман буданд. Афсус, чунин инсонҳое мисли Олимпур ва Осимӣ аз дасти нохалафон кушта шуданд! Ҳар гоҳ, ки аз онҳо ёд мекунам, дилам дард мекунад». Ва ба ман нигоҳ кард: «Хоҳарам, Талъати азиз, вақти меҳмонӣ дар манзилам дӯсти зиндаёдам Муҳиддин дар ҳамин сандалие, ки ту нишастаӣ, нишаста буд». Гуфтам: «Оқои Ҷунайдӣ, Муҳиддини Олимпур аз овони ҷавониям рафиқи беғаразам буд. Дӯстони хуб дорам, аммо ҷойи ӯ дигар буд… дигар буду имрӯз холист…».
Сурати 55 сол қабл дар Боғи ботаникии Душанбе (имрӯз Боғи Ирам) гирифташударо дар албоми суратҳоям часпондаам. Ҳоло ду нафар аз ин се донишҷӯйи дар он аксёфта – дугонаҳоям Мунира ва Гулсара, мутаассифона, ҳаётро падруд гуфтаанд. Гулсара Раҳматова корманди давлатӣ буд. Аз ҷумла якчанд сол дар вазифаи муовини раиси Ҳукумати Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаъолият намуд. Мунира Асророва дар рӯзномаи «Зарафшон»-и шаҳри Панҷакент ва мақомоти дигари давлатии ин шаҳр кор мекард. Дугонаҳоям низ бо Муҳиддин дӯстони самимӣ буданд. Бо Муҳиддине, ки ёрони зиёд дошту ҳеҷ гоҳ якеро аз дигаре боло намегузошт…
ТАЛЪАТ НИГОР





