АМИР ШОЛЧӢ
ДОНИШМАНДИ ЭРОН
«Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсии Тӯсӣ, бидуни ҳеҷ тардид, хуршеди дурахшони осмони адабиёти форсӣ ва тоҷикӣ ва шиносномаи ҳувияти фарҳангии ҳавзаи тамаддунии мо ҳаст ва хоҳад монд. Дар Тоҷикистон номи Фирдавсӣ ва «Шоҳнома»-и ӯ бо ҷону дили мардум пайванд дорад ва ҳамоса дар сохтори генетикии форсизабонон сабт шудааст. Аммо он чӣ дар бештари пажуҳишҳои умумӣ нодида мондааст, қабатҳои пинҳонӣ ва заминаҳои гуногуни таърихнигории ҳамосавӣ мебошанд, ки пеш ва пас аз Фирдавсӣ вуҷуд доштаанд. Ҳамосаи миллии мо яксадоӣ нест, балки маҳсули бархӯрди ду суннати бузурги фикрӣ, таърихӣ ва ривоятӣ аст: ривояти хаттӣ ва расмии давраи Сосонӣ ва ривояти шифоҳӣ-хаттӣ ва паҳлавонии давраи Ашконӣ.
Мақолаи ҳозир бо ҳадафи ҳамвор сохтани роҳи фаҳмиши як тарҳи бузурги адабӣ ва ҳунарӣ навишта шудааст; тарҳе, ки мекӯшад бо такя ба тӯморҳои наққолӣ, матни нави манзуме аз достонҳои паҳлавонӣ падид оварад. Барои дарки аҳаммияти ин тарҳ, дар қадами нахуст, мо бояд бо мафҳуми «наққолӣ», моҳияти «тӯморҳо», тафовути ду мактаби ривоятии Сосонӣ ва Ашконӣ, ҷойгоҳи барҷастаи кори Муршид Аббос Заририи Исфаҳонӣ ва эроншиноси фақид, доктор Ҷалил Дӯстхоҳ ва, дар ниҳоят, зарурати манзумсозии ин ривоятҳои куҳан ошно шавем.
1. Наққолӣ чист?
Дар фарҳанги Варазрӯд ва Тоҷикистон истилоҳҳое чун «қиссахонӣ», «Ҳофизхонӣ» ва иҷрои «Гӯрӯғлӣ» ҳамвора зинда ва ошно будаанд. Аммо ҳунари «наққолӣ» дар ҳавзаи фарҳангии Эрони ғарбӣ ва Марказӣ абъоди вижа ва фаротар аз як қиссахонии сода дорад. Наққолӣ ҳунари ривоятгарии намоишӣ, якнафара ва ҳамосавӣ аст. Наққол танҳо як гӯянда ё хонандаи содаи матн нест; балки ӯ бозофарини саҳнаҳо, бозигари комили нақшҳои гуногун, нақлкунандаи ҳикматҳо ва нигаҳбони хотираи ҷамъии мардум аст. Наққол бо истифода аз абзорҳои содае чун асои чӯбин ва бо ба кор гирифтани лаҳнҳои гуногун, ҳаракатҳои чашму даст, аз ҷой ҷаҳидани ногаҳонӣ, тақлиди садои тир ва шиҳаи асп ва ҳатто сарозер шудан, аксаран дар канори «пардаҳои наққолӣ» – нигоришҳои девории қаҳвахонаҳо — набардҳои Рустам, Суҳроб, Исфандиёр ва Сиёвушро дар пеши чашми тамошобин ҷисмият мебахшад.
Аммо нуктаи калидӣ ин ҷост: наққолони касбӣ достонҳои худро мустақиман аз рӯйи матни манзуми «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ бозгӯ намекарданд. Онҳо матнҳои хаттии махсус ва дастнависе дар даст доштанд, ки «тӯмор» номида мешуданд. Тӯморҳо матнҳои мансуре буданд, ки ҷузъиёти фаровони достонӣ, шоху баргҳои паҳлавонӣ, шаҷараномаҳо, набардҳои фаръӣ ва то ҳадди имкон ҳамаи ривоятҳоеро сабт мекарданд, ки бештари онҳо дар матни «Шоҳнома» ё аслан вуҷуд надоштанд ва ё танҳо ба таври кӯтоҳ ба онҳо ишора шуда буд. Ин тӯморҳо, дарвоқеъ, дастури иҷрои наққол ва ганҷинаи асрори ривоятҳои шифоҳӣ буданд. Наққолон пеш аз баромадан ба саҳна бори дигар достонро аз рӯйи матни тӯмори худ мехонданд, то ҳангоми нақл чизеро фаромӯш накунанд ё онро ба шакли дигар бозгӯ нанамоянд.
2. Ривояти Сосонӣ дар муқобили ривояти Ашконӣ: ду чашма аз як сарчашма
Барои баррасии тафовут миёни «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва тӯморҳои наққолон набояд аз абзори «арзишгузории адабӣ» истифода кард, балки бояд аз дидгоҳи «таборшиносии таърихӣ» ба мавзуъ нигарист. Ин тафовути назариявӣ нахустин бор аз ҷониби пажуҳишгароне чун Теодор Нёлдеке, Меҳрдод Баҳор, Ҷалол Холиқии Мутлақ, Саҷҷод Ойданлу ва Ораши Акбарии Мафохир баён шудааст. Дар миёни онҳо Акбарии Мафохир «Шоҳнома»-и Фирдавсиро ба равшанӣ «Шоҳнома»-и Сосонӣ ва тӯморҳои наққолонро «Шоҳнома»-и Ашконӣ меномад, то моҳияти таърихӣ ва сарчашмаи ривоятии ҳар яке ошкор гардад.
а) «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ: ривояти расмӣ, хаттӣ ва Сосонӣ.
Ҳаким Абулқосим Фирдавсии Тӯсӣ бо амонатдории бемонанд ва шоҳкори беназири манзуми худ манбаи асосии худро ба назм даровард. Он манбаъ низ бар асоси «Худойномакҳо», яъне, матнҳои расмии таърихнигории охири давраи Сосонӣ (замони Хусрави Анӯшервон ва Яздигурди Сеюм) таҳия шуда буд. Бинобар ин, матни «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ аз идеология ва дидгоҳи расмии он даврон таъсир пазируфтааст. Вижагиҳои ин ривоят чунин буданд:
Ҳазфи бисёре аз паҳлавонони ривояти аслӣ (Ашконӣ): мубадони охири давраи Сосонӣ, ҳамон гуна ки Ашкониёнро тақрибан ба таври комил аз таърихи хаттӣ ҳазф карданд, бисёре аз паҳлавонони бузурги вобаста ба суннатҳои минтақавӣ ва Ашкониро низ ё ба таври комил канор гузоштанд (монанди абарпаҳлавон Тавург) ва ё ба ривояте бисёр кӯтоҳ ва мухтасар басанда карданд (монанди Гаршосп). Ҳамин кӯтоҳӣ ва ҳазфи ривоятҳо баъдан Асадии Тӯсиро бар он дошт, ки достони Гаршоспро бар асоси ривоятҳои мустақил дар қолаби манзумаи «Гаршоспнома» ба назм дароварад.
Дидгоҳи динмеҳвар ва сензураи расмӣ: мубадони Сосонӣ ҳар он чиро, ки бо фаҳми расмии давлати Сосонӣ аз ойини зардуштӣ ва қонунҳои ҳукуматӣ дар тазод буд, ҳазф ё тағйир медоданд. Ин ҳазфҳо шомили сензураи пурранги унсурҳои ҷоду (чи ҷодуи сафед ва чи сиёҳ) ва ҳамчунин ҳазфи комили гузоришҳои марбут ба таҷовузҳо ё рафторҳои хилофи ахлоқ ва қонунҳо дар набардҳо (чи аз ҷониби эрониён ва чи аз ҷониби турониён) мешуд, то чеҳрае покиза ва муназзаҳ аз чорчӯбаи мадании расмӣ ва мазҳабӣ пешниҳод гардад.
Кор то ҷое расидааст, ки Кайковус ва Афросиёб, бо вуҷуди душманӣ ва зиддияти асосӣ, ҳар ду дар бораи Худо дидгоҳи ягона доранд, ки комилан бо фаҳми мубадони зардуштии охири давраи Сосонӣ мутобиқ аст.
б) «Шоҳнома»-и наққолон: ривояти мардумӣ, шифоҳӣ-хаттӣ ва Ашконӣ
Дар муқобили ривояти расмии Сосонӣ, ҷараёни дигаре дар миёни тӯдаҳои мардум зинда монд, ки реша дар ривоятҳои хунёгарони маҳаллӣ ва гӯсонҳо (ривоятгарони давраи Ашконӣ) дошт. Ин ривоят, ки баъдан дар тӯморҳои наққолӣ сабт шуд, дорои унсурҳои барҷастаи фарҳанг ва таърихи Ашконӣ (Портӣ) аст.
Меҳварияти хонадонҳои паҳлавонӣ: дар ин ривоятҳо тамаркузи асосӣ бар хонадонҳои мустақил ва пурқудрати паҳлавонӣ, монанди хонадонҳои куҳани паҳлавонӣ (бахусус дар Систон ва Зобулистон), хонадонҳои Гударз, Милод ва Бежан аст, ки ҳама бозтоби сохтори мулукуттавоифӣ ва феодалии давраи Ашконӣ мебошанд.
Гуногунии достонӣ ва ҷодуӣ: ҳузури унсурҳои айёрӣ, набардҳои тулонӣ бо девон ва ҷодугарон ва ҷузъиёти рӯзмарраи зиндагии мардум дар тӯморҳо бисёр пуррангтар аз ривояти ҳамосавии охири давраи Сосонӣ аст.
Бозтоби асотири шарқи Эрон: Ривояти Ашконӣ ганҷинае саршортар аз асотир ва ҳамосаҳои ҳавзаи фарҳангии Порт ва Хуросон аст, ки дар сензураи таърихнигории марказии Сосонӣ қарор нагирифта буданд.
Агар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ энсиклопедияи расмӣ ва пешинаи миллии Эрон бошад, тӯморҳои наққолӣ хотираи зисташуда, шифоҳӣ ва минтақаии мардум дар тули садсолаҳо мебошанд. Ин ду натанҳо бо якдигар дар тазод нестанд, балки барои бозсозии тасвири комили ҳамосаи эронӣ-тоҷикӣ якдигарро такмил мекунанд. Устод доктор Саҷҷод Айданлу, аз барҷастатарин шоҳномапажуҳони муосир, дар бораи аҳаммияти омӯзиши тӯморҳо чунин сухани пурмаънӣ дорад: «Шоҳнома»-ро, ки хондед, тӯморҳои наққолонро бихонед, он гоҳ «Шоҳнома»-ро ҳам беҳтар хоҳед фаҳмид».
Ӯ барои исботи ин гуфта мисолҳои зиёде меоварад; аз ҷумла ин ки чӣ гуна бисёре аз ибҳомҳои достонӣ дар «Шоҳнома», иллатҳои рафтории бархе паҳлавонон ё хешовандиҳои мубҳами матни расмии Фирдавсӣ танҳо бо муроҷиат ба тӯморҳои наққолӣ равшан ва рамзкушоӣ мешаванд.
3. Пешниҳоди ривояти Ашконӣ ба унвони «суннати шифоҳӣ-хаттӣ»
Яке аз суитафоҳумҳои роиҷ дар шоҳномапажуҳӣ ин аст, ки ривояти Ашконӣ ё тӯморҳои наққолиро танҳо як ҷараёни «шифоҳӣ ва оммаӣ» ва бидуни эътибори матнӣ бидонанд. Аммо ҳақиқати пажуҳишӣ чизи дигар аст: ривояти Ашконӣ як суннати таркибии «шифоҳӣ-хаттӣ» аст. Решаи ин суннат ба манзумаҳои гӯсонӣ ва матнҳои паҳлавии ашконӣ (монанди манзумаи «Ёдгори Зарирон» ва «Дарахти Ассурик») бозмегардад. Ин достонҳо дар тули ду ҳазор сол ҳамвора миёни «китобат» ва «иҷрои шифоҳӣ» дар рафтуомад будаанд.
Наққолон худ аҳли савод ва нусханависӣ буданд ва тӯморҳои худро бо диққат бар рӯйи коғаз сабт мекарданд ва ба шогирдони худ ба мерос мегузоштанд. Барои намуна, яке аз наққолони кунунии Эрон ба номи Мирзоалӣ иҷрои худро бар асоси тӯморе анҷом медиҳад, ки падар ва бобоҳояш барои ӯ ба мерос гузоштаанд. Бинобар ин, тӯморҳои наққолӣ танҳо хотираҳои сина ба сина нестанд, балки матнҳои дастнависи таърихӣ мебошанд, ки бахше аз адабиёти хаттӣ, аммо ғайрирасмии форсизабононро ташкил медиҳанд.
4. Аҳаммияти кори Маршад Аббос Заририи Исфаҳонӣ ва шодравон доктор Ҷалил Дӯстхоҳ.
Дар садаи гузашта қадами бузург дар бозшиносӣ ва наҷоти тӯморҳои наққолиро Маршад Аббос Заририи Исфаҳонӣ (1288-1350-и ҳиҷрии шамсӣ) бардошт. Зарирӣ, ки хатари аз миён рафтани ҳамосаи миллиро, дар натиҷаи таҳоҷуми фарҳангии Ғарб, ба хубӣ эҳсос карда буд, ба кори бузурге даст зад. Ӯ бо вуҷуди эҳсоси ин хатар, амиқан бовар дошт, ки шароит то абад чунин нахоҳад монд ва рӯзе руҳияи мардум тағйир ёфта, дубора хоҳони достонҳои ҳамосавии ниёгони худ хоҳанд шуд. Бо ҳамин бовар ва умеди равшан, ӯ тӯмори ҷомеъ ва муфассали худро дар бораи достони Рустам ва Суҳроб ва дигар достонҳои паҳлавонӣ ба риштаи таҳрир даровард, то ин амонат барои рӯзгори бозгашти мардум маҳфуз бимонад.
Аммо ин кӯшиши бузург бидуни таҳрир ва пажуҳиши муҳаққиқонаи як устоди барҷаста ба бор намерасид. Шодравон доктор Ҷалил Дӯстхоҳ (эроншиноси барҷаста ва пажуҳишгари маъруфи Авесто ва «Шоҳнома») солҳои умри гаронбаҳои худро сарфи таҳрир, тасҳеҳ ва омода сохтани ин тӯмор кард ва онро ниҳоят таҳти унвони «Шоҳнома»-и наққолон дар панҷ ҷилд ба чоп расонд.
Маршад Зарирӣ ва доктор Ҷалил Дӯстхоҳ маҳз ҳамон нақшеро дар асри мо иҷро карданд, ки гирдоварандагони «Шоҳнома»-и Абумансурӣ ва дигар шоҳномаҳои мансур дар рӯзгори Сомониён иҷро карда буданд; яъне гирдоварии матнҳои пароканда ва табдил додани онҳо ба як ривояти хаттӣ ва марҷаъ.
5. Зарурати ба назм кашидани ривояти Ашконӣ
Акнун ин пурсиш пеш меояд, ки чаро бо вуҷуди тӯморҳои мансур ва кори бузурге чун «Шоҳномаи наққолон»-и Маршад Зарирӣ ва Дӯстхоҳ, зарурати манзумсозии ривоятҳои Ашконӣ эҳсос мешавад? Ин ҷост, ки ҳадафи тарҳи адабӣ ва ҳунарии мо равшан мегардад. Нигоҳе ба таърихи адабиёти ҷаҳон нишон медиҳад, ки ҳамаи ҳамосаҳои бузург ва асосии башарият ба назм (шеър) суруда шудаанд. Аз ҳамосаҳои Юнони Бостон, монанди «Илиада» ва «Одиссея»-и Ҳомер, то ҳамосаҳои бузурги Ҳинд, монанди «Рамаяна» ва «Маҳабҳарата» ва ҳамосаи миллии Финландия «Калевала» — ҳамаи онҳо бар вазни шеър ҷовидона шудаанд. Таърихи адабиёт нишон додааст, ки матнҳои мансур ҳамвора дар маърази фарсоиш, дасткорӣ ва фаромӯшӣ қарор доранд. Он чӣ ҳамосаро дар хотираи таърихии як миллат пойдор месозад, «мусиқии шеър» ва «фахомати вазн» аст.
Фирдавсии бузург низ маҳз ба ҳамин далел даст ба кор шуд: ӯ дид, ки матни мансуре, ки дар даст дошт, метавонад бо гузашти замон аз миён биравад ё хонандаро ҷалб накунад. Пас, онро ба вазни «баҳри мутақориб» орост, то парвози андешаи ҳамосавиро кафолат диҳад.
Манзумсозии тӯморҳои наққолӣ ва ривоятҳои Ашконӣ дорои ҳадафҳо ва заруратҳои зерин аст:
Наҷот аз завол ва фаромӯшӣ: Бахши бузурге аз достонҳои паҳлавонии хонадони Рустам ва Гударз, ки дар тӯморҳо омадааст, ба сабаби мансур будан дар ҳоли фаромӯш шудан аст. Манзум кардани онҳо ин ганҷинаро дубора ба хотираи миллӣ бозмегардонад.
Боло бурдани мартабаи адабӣ: Шеър ба достонҳои наққолӣ салобат, зарофат ва арзиши ҳунарӣ мебахшад ва онҳоро аз сатҳи «фарҳанги омма» ба мартабаи «адабиёти фохир ва расмӣ» боло мебарад.
Такмили занҷираи ҳамосасароӣ: Манзумсозии ин ривоятҳо адои эҳтиромест ба гӯсонҳо ва ривоятгарони Ашконӣ, ки садсолаҳо нигаҳбони ҳамоса буданд, аммо осори манзуми мустақили чандоне аз достонҳои онҳо ба дасти мо нарасидааст.
Забони ҳамоса ҳамон забони Фирдавсӣ аст ва ба кор бурдани вожаҳои асили маъмул дар он метавонад ба ҷони забони форсӣ/тоҷикӣ/дарӣ нафаси тоза бахшад. Ин кор метавонад руҳияи меҳандӯстӣ, паҳлавонӣ, баландпарвозӣ, дурустманишӣ, хирадпарастӣ, ростигароӣ ва ғайраро, ҳадди ақал дар миёни форсизабонон, нерумандтар кунад.
Афзудан ба ҳамосаи миллӣ ва ғанӣ сохтани он метавонад пояҳои ифротгароии мазҳабиро суст кунад.
«Шоҳнома»-и Фирдавсӣ қуллаи баланд ва осебнопазири ҳамосасароии мост ва ҳеҷ пажуҳиш ё асари нав дар пайи костан аз ин мақоми воло нест. Аммо шинохти «Шоҳнома»-и наққолон ва «ривояти шифоҳӣ-хаттии Ашконӣ» равзанаи наверо ба паҳнои васеътар ва пурмаънитари таърих ва асотири Эрон мекушояд.
Инҷониб, Амир Шолчӣ, дар ин роҳи душвор ва дароз қадам ниҳодаам ва бахшҳое аз тӯмори Муршид Заририро ба назм кашидаам, ки ба хости Яздони Пок, намунае аз он мавриди таваҷҷуҳи хонандагони арҷманд ва фарҳехтаи тоҷик қарор хоҳад гирифт:
Сухан рондани Атрас
барои ҳамроҳон
Бибурд Атрас он навҷавонон ба дашт,
Ҳама анҷуман гирди он шаҳр гашт.
Яке нома аз шоҳи Эронзамин,
Яке аз Манучеҳри боофарин.
Ба ҳам карду бархонд-шон то ба бун,
Пас он гоҳ сар кард пурдил сухун:
Ба гетӣ агар гашта кас номвар,
Бувад з-он ки карданд пайдо ҳунар.
Вагарна ба чеҳру ба хӯрду ба хуфт
Касе мард аз мард дигар нагуфт!
Бувад арзи мардум зи кирдори ӯй,
На аз бобу мому зи бозори ӯй.
Басо моядорони бопойгоҳ
Зи диди ҳунар, сахт дар жарф ҷоҳ.
Гуҳар бошаду нест ҳаргиз ҳунар,
Ҳунар зеби мардум бувад, не гуҳар.
Ниёкони мо сахт кӯшидаанд,
Ҳаме ҷомаи разм пӯшидаанд.
Кунун монда гаштанду афсурдапой,
Баҳона биҷӯянд пажмурдарой.
Нашояд нишинанд дар пушти дар,
Чу б-Эрон бувад душмани кинавар.
Кунун рӯзи мо навҷавонон шудаст,
Гаҳи гурзу тиру камонмон шудаст.
Бикӯшем, то баҳри ин обу хок
Зи дилҳо зудоем ҳар тарсу бок.
Кунун мо ҷавонони бо номунанг
Бисозем бар душманон рӯз танг.
Зи худ дар ҷаҳон аз паси корзор
Бимонем номи наку ёдгор.
Раги навҷавонон аз ин гап бихест,
Бигуфтанд солорамон ҷуз ту нест.
Бифармуд мо сози ҷанг оварем,
Ҷаҳон бар бадандеш танг оварем.
Ки душман ба шоҳу ба мардум бувад,
Ба рӯзе ки мардонагӣ гум бувад.
Суи хона инак саросар равед,
На бо кас аз ин гап, сухан дар, шавед.
Бигиред аспу зару сози ҷанг,
Абар бод тозед ҳамчун хаданг.
Ҳамедар биёед як-як ҳама,
Бигардем якҷо ба сони рама…





