9.5 C
Душанбе

ҲАР РӮЗИ Ӯ КОРНОМА АСТ

Дар арафаи ду ҷашни бузург – Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва солгарди иҷлосияи XVI Шурои Олӣ, ки тақдири миллатро тағйир дод, дар Иттифоқи нависандагон маҳфили хотирмон барпо гардид. Дар ин маҳфил ду китоби навинависандаи халқии Тоҷикистон Ато Ҳамдам – «Ҳар рӯзи ӯ корнома аст» ва «35 чеҳраи ошно» рӯнамоӣ шуданд. Маҳфилро Раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим гардонандагӣ кард. Ӯ дар оғози ҷамъомад гуфт, ки ба истиқболи 35-солагии истиқлоли давлатӣ адибони мо асарҳои тоза офарида, ин рӯйдоди таърихиро тасвиру тавсиф карда анд. Ато Ҳамдам низ дар қатори онҳо бо ду китоби хеш ба пеши хонандагон омадааст. Садри маҳфил барои шиносоӣ бо мазмуну муҳтавои ин ду китоб, ки туҳфаи шоиста ба ҷашни миллӣ аст, суханро ба профессор Мурод Муродӣ дод.– Китобҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ато Ҳамдам дар шинохти шахсиятҳо барои хонанда хизмат мекунанд, – гуфт профессор. – Чоп шудани ин ду китоб ду ҳикмат дорад. Аз як тараф, туҳфаи нависанда ба ҷашни фархунда, аз ҷониби дигар, меҳру садоқат ба Сарвари давлат ва дигар чеҳраҳои ошно, ки дар рушди соҳаҳои гуногуни ҷомеа нақши арза нда гузоштаанд. Ба қавли ӯ, дар китоби «Ҳар рӯзи ӯ корнома аст» корномаҳои бузурги тақ дирсозу таърихӣ ва беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инъикос, тасвир ва таҷассум гарди даанд. Муаллиф раванди созандаи кишварро ба шарофати неруи Сардори давлат ба қалам додааст. Аз нигоҳи мундариҷа асарҳои маҷмуа бардо штҳои як адиби публитсист мебошанд, ки дар заминаи мушоҳидаҳои бевосита ҳосил шудаанд. Воқеаҳои асар барои хонанда ши носанд. Дар китоб корномаҳои Сардо ри давлат ҳамчун чеҳраи таърихӣ нақл карда мешаванд. Нависанда сифатҳои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо Спи тамен ва Исмоили Сомонӣ муқоиса карда, ба онҳо ҷилои тоза мебахшад ва чеҳраи Пешвои миллатро равшантар нишон медиҳад. Дар китоби «35 чеҳраи ошно» сухан дар бораи шахсиятҳое меравад, ки бо муаллиф замоне кор кардаанд, онҳоро хуб медонад ва ин чеҳраҳо воқеан, зиндагии ибратомӯзе доранд. Профессор Муродӣ афзуд, ки китоби «Ҳар рӯзи ӯ корнома аст» аз жанрҳои гуногун – мақола, очерк, эссе, публитсистика ва қиссаю драмаҳои публитсистӣ таркиб ёфтааст, ки ҳамаи онҳоро таърихи навтарини Тоҷикистон ба ҳам мепайвандад. Дар тақвияти андешаҳои профес сор М. Муродӣ, санъатшинос Муҳам мадулло Табарӣ гуфт, ки таъриху давлатдории навини мо бо исму кор номаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сахт пайванд аст. Агар бозтоби чеҳраи ин сиёсатмадори бузург дар адабиёт, кинематография, санъати мусиқӣ, тасвирӣ ва ороишӣ то андозае амалӣ шуда бошад, дар театр акнун ташаккул ёфта истодааст.– Мо ҳамарӯза шоҳиди ҷаҳду тало ши Қаҳрамони Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ободии Ватан ва боло рафтани нуфузи он дар арсаи байналмилалӣ ҳастем, – гуфт ӯ. – Рӯи саҳна овардани симои Сарвари давлат масъулияти баландро мехоҳад. Ато Ҳамдам чун вакили мардумӣ, ишти рокчии Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавониста аст рӯйдодҳои онвақтаи Тоҷикистонро воқеъбинона тасвир кунад. Ба қавли Табарӣ, таҷрибаи на хустини офаридани симои Раҳбари давлат дар драматургияи тоҷик ни шон медиҳад, ки драматургони мо, аз ҷумла Ато Ҳамдам, ба асарҳои таърихию тарҷумаиҳолӣ бо масъулият муносибат менамоянд. Ӯ тавонистааст муҳити онвақтаи ҷомеаро устокорона бозгӯ намояд. Саҳнаи аввали намоиши драматург ба ин васила дар таърихи драматургияи миллӣ марҳалаи навро асос гузошт. Театри тоҷик, ки таърихи беш аз 90-сола дорад, бо образи наву ҷолиби як шахсияти сатҳи ҷаҳонӣ – Эмомалӣ Раҳмон бою ғанӣ гардид. Академик Кароматулло Олимзода гуфт, ки Ато Ҳамдамро солҳои зиёд мешиносаду робитаи дӯстӣ доранд ва аз ҳоли ҳамдигар бохабар ҳастанд. Ато Ҳамдам вазири фарҳанги ҷумҳурӣ ва мушовири калони Президенти Тоҷики стон буданд. Корҳои назаррасеро ба сомон расониданд. Солҳое, ки вазир буданд, давраи вазнин буд. Роҳбарии як вазорат аз ҷиҳати молӣ мушкилиҳо дошт, амалӣ кардани барномаю нақ шаҳои театрҳо, ба роҳ мондани намо ишномаҳои театрикунонидашуда кори басо мушкил буд. Ӯ бо сабру таҳаммул ба ин корҳо муваффақ шуд. Қароматулло Олимзода дар идома зикр кард, ки дар китоби «Ҳар рӯзи ӯ корнома аст» ҳамчун шоҳид метаво над тасдиқ кунад, ки на танҳо ҳар рӯз, балки ҳар лаҳзаи кории Президенти мо корнома аст. Чунки як хислати хуби Сарвари давлат одӣ будани он кас ва бовар кардан ба ҳамкорон аст. Дар ин китоб бисёр хислатҳои Президент инъикос гардидаанд. Китоби «35 чеҳраи ошно»-ро муал лиф ба муносибати 35-солагии Истиқ лол ба таври рамзӣ мутобиқ кардаанд: Албатта, чеҳраҳои ошнои муаллиф бисёранд. Дар миёни ин чеҳраҳо на фароне низ ҳастанд, ки барои ҳама маълум нестанд, лекин барои Ато Ҳамдам шиносанд, хизмати шоиста кардаанд. Доктори илмҳои сиёсатшиносӣ Шарифхӯҷа Қозиён гуфт, ки барои ман китоби «Ҳар рӯзи ӯ корнома аст» натанҳо шиносоӣ бо як чеҳраи ошно, балки шиносоӣ бо саҳифаҳои гуногуни таърихи давлатдории тоҷикон аст. Дар саҳифаҳои он воқеаҳои ҷолиб, мулоқоту хотираҳо, сафарҳо ва паҳлуҳои гуногуни фаъолияти Асосгузори сулҳу ваҳдат миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маҳорати хоси қаламкашӣ инъикос ёфтаанд.– Ба назари ман, арзиши аслии ин асар дар он аст, ки муаллиф кӯ шидааст симои Раҳбари давлатро дар заминаи воқеаҳои мушаххаси таърихӣ, фаъолияти сиёсӣ, муносибат бо мардум ва равандҳои давлатсозӣ бозтоб намояд. Нависанда барои офаридани ин ду асар на як ё ду сол, балки 35 сол заҳмат кашидааст. 35 соли мушоҳида, ҷамъоварии мавод барои эҷод заҳмати одӣ нест. Китоби мазкур дорои хусусияти гуногунжанрӣ буда, қиссаҳои ҳуҷҷатӣ-бадеӣ, қайдҳои Президент, драмаҳои публитсистӣ ва мусоҳибаҳоро фаро мегирад, ки танҳо китоби мутолиавӣ нест, балки як навъ санади публитсистии замон ва сарчаш маи омӯзиши равандҳои сиёсию иҷти моии Тоҷикистон дар давраи Истиқлол мебошад. Ин китоб, ба андешаи ман, бо мақсади қадршиносии заҳмати 35-солаи устод барои пешниҳод ба Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдул лоҳи Рӯдакӣ ба мақсад мувофиқ аст, – пешниҳод кард Ш. Қозиён. Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо дар навбати хеш риштаи суханро ба даст гирифта, ба рои тақвияти андешааш як корномаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро мисол овард, ки дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вақте ба вазифаи Раиси Шурои Олӣ интихоб шуданд, гуфтанд: «Ман то охирин муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан барнагардонам, ором намешавам». Ҳамин тавр, зиёда аз 1,5 миллион нафар мардуми мо, ки овораву зери таҳқир дар мамлакати ҳамсоя сарсону саргардон буданд, ба Ватан баргардо нида шуданд. Ӯ афзуд, ки Президент ба ҳар аҳдашон вафо кардаанд. Публитсисти ҷавон Беҳрӯз Қаюмӣ дар тақвияти андешаи устодон бо сарфарозӣ зикр кард, ки айни ҳол дар рӯзномае фаъолият дорад, ки замоне устод Ато Ҳамдам ёздаҳ сол (солҳои 1977-1988) сардабирии онро бар дӯш доштанд ва дар он кору фаъолияти пурсамар намудаанд. Ин пайванди наслҳо барои ӯ ҳам ифтихор аст, ҳам масъулияти бузург. Ба қавли ӯ, барои мондагор кардани номи худ солҳои тулонӣ ва заҳмату талоши пайваста лозим аст. Аммо номи нек танҳо ба касе насиб мешавад, ки дар роҳи рост буда, содиқонаву софдилона кору фаъолият мекунад. Хирадманде гуфтааст: «Барои ба даст овардани номи нек ҳаргиз талош накунед, танҳо масъулияти бар дӯш доштаатонро самимона иҷро намоеду рисолати инсонии худро адо созед, номи нек худаш шуморо меёбад». Ато Ҳамдам, ба андешаи Қаюмӣ, аз зумраи ҳамин гуна шахсиятҳост, ки имрӯз бо қариб шаст маҷмуаи очерку қисса, ҳикояву новелла, роман ва даҳҳо асарҳои саҳ навӣ номаш вирди забонҳост.– Китоби «Ҳар рӯзи ӯ корнома аст»-ро, ки ҳосили солҳои тулонии заҳмат дар роҳи адабиёт аст, ҳамчун дастранҷе пеши хонанда гузоштааст, ки ӯро ба умқи мавзуъ ворид мекунад ва аз таърихи гузаштаи миллат огоҳ месозад. Ӯ ба қиссаи ҳуҷҷатӣ-бадеии «Корномаи Эмомалӣ Раҳмон», ки китоб аз он оғоз мешавад, таваҷҷуҳи хос зоҳир карда, гуфт, ки муаллиф ҳар боби онро бо андешаи бузургони сухан ибтидо бахшида, бо овардани воқеаҳои пурғановати таърихӣ ба он обуранги дигар додааст. Муаллиф кӯшидааст нишон диҳад, ки чӣ монан диҳое доранд сифатҳои Спитамен ва муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва чӣ қаро батест миёни амалҳои амир Исмоили Сомонӣ ва Президенти Тоҷикистон. Дарвоқеъ, руҷуъ ба таърих барои муаллиф воситаи таҷассуми бадеии қаҳрамони китоб гардидааст, – гуфт Б. Қаюмӣ ва дар охир аз қавли му аллиф овард: «Корномаи Оли Сомон дар муддати як аср ба вуҷуд пайваст. Эмомалӣ Раҳмон ҳамон корро дар ду даҳсола анҷом дод». Дар бораи китоби «35 чеҳраи ошно» Қаюмӣ гуфт, ки муаллиф қаҳра монҳои худро бо воқеаву рӯйдодҳои мушаххас ва суҳбатҳои мондагор муаррифӣ карда, барои хонанда ғизои маънавӣ фароҳам овардааст. Ба андешаи номзади илми таърих Хоналӣ Қурбонзода, дар ҳар давру замон соҳибкитоб будан масъули ят аст, бахусус вақте ки устод Ато Ҳамдам дар мавриди як сиёсатмадор, як таърихофар менависад. Нависан да ҳамин корномаҳоро дар китобаш инъикос кардааст, ки давлат сохтану давлат доштан осон нест. Директори нашриёти «Ирфон» Абдувалӣ Абдураҳмонзода бар он андеша аст, ки китоб дар таърихи башарият барои сохтани инсони ко мил нақши муҳим ва стратегӣ хоҳад гузошт. Имрӯз бо дастгирии Пешвои миллат, марде, ки аз табори нуру хи рад ва озодист, бузургтарин китобхона дар дили Душанбе қомат афрохтааст, ки дари он ба рӯи хонандагон ҳамеша боз аст. Нашриёти ҷумҳуриявии «Ир фон» тайи сад сол ба хотири арзишҳои миллӣ, манфиатҳои давлатӣ, манофеи миллӣ барои ин миллат хизмат кар да истодааст. Ин ду китобе, ки дар нашриёт чоп шуд, моро ба таърихи гузаштаи миллат мепайвандад: «На шриёт ҳамеша омодааст китобҳоеро, ки аз арзишҳои миллии мо ҳимоят мекунанд, ба нашр расонад». Ба қавли вакили Маҷлиси намоян дагони Маҷлиси Олӣ Комилҷон Ша мшерзода, китобҳое, ки чоп шудаанд, тарғиби сиёсати Пешвои миллатанд, зеро сифатҳои беҳтарини халқи тоҷик дар симои Президент таҷассум ёф таанд. Дар охир муаллифи китобҳо Нави сандаи халқии Тоҷикистон Ато Ҳамдам барои иштирок дар маҳфили рӯнамоӣ ва изҳори андеша дар бораи муҳтавои таълифоташ «Ҳар рӯзи ӯ корнома аст» ва «35 чеҳраи ошно» ба ҳозирин миннатдорӣ баён кард. Воқеан, рӯнамоии ин ду китоб ни шон дод, ки корномаи Президент на танҳо дар таърих, балки дар адабиёт низ сабт шуда истодааст. Ато Ҳамдам бо 35 соли мушоҳида ин корномаро ба саҳифа овард, то наслҳои оянда бидо нанд, ки давлатро танҳо бо садоқату меҳнат обод кардан мумкин аст.

Алӣ ҶӮРА, «АС»

- Таблиғ -spot_img

Быть в курсе

Подпишитесь на обновления материалов сайта adab.tj на ваш электронный ящик.

- Таблиғ -spot_img

Хабарҳои охир

Акси гӯё

Бахшҳо